УШШОҚИ ПОНҒОЗ

Маро бошад ҳавас сайри диёри гул ба домонам,
Гулистондеҳае, дар байни кӯҳҳои ба осмонам.
Зиёратгоҳамон, "Бобои Об"-и сар ба афлокаш,
Саодатманду хуштолеъ шавӣ, гардӣ чу меҳмонам.
Бадар аз худ намоӣ дарди тан нӯшӣ зи оби он,
Занад фаввора аз он қуллаи чандин ҳазоронам.
Аҷаб бошад ҳавои форамаш, бо накҳати гулҳо,
Чӣ хӯш, атрогин ояд бар димоғ, ҳулбӯйу райҳонам.
Зи рӯди пуршару шӯраш, ки ҷорист аз миёни кӯҳ,
Ба оҳангу наво меояду аз он хиромонам.
Ба мардони бузургаш шӯҳраташ афзӯн бувад имрӯз,
Ба Маъдан шоиру бо додситону бо забондонам.
Ғазалхонии мурғони саҳархезаш аҷаб бошад,
Ба илҳомам зи сози ҳар яке, з-он рӯ ғазал хонам.
Чу Гулбоғи Ирам мебошад ин ҷаннатмакони ман,
Зи шаҳди себу зардолуву ноки он ба дармонам.
Писандат, ар биёяд, ҳофизо, "Ушшоқи Понғоз"-ам,
Бихон, дар зери савти тори худ, бар лаҳни ту ҷонам.
Биҳишти рӯи дунё хоҳӣ, боз о, бар диёри ман,
Ҳамин Мақсудалиро хушдилӣ, з-ин боғу бӯстонам.
Ба таклифат, аё эй Олими ҷон, гуфтам ин Ушшоқ,
Бубинӣ умри афзӯн, эй бафарҳангу ба имонам.
ЯРОСЛАВ -- МОСКВА, 18.04.2024

Комментарии