17 авг 2019

Меҳрнигори Рустам, овозхони ҷавони тоҷик барои баргузории консерт дар арафаи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон озими Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шудааст

Умедҷон Аҳмадзода, рӯзноманигори тоҷик бо нашри навор аз истиқболи Меҳрнигор дар фурудгоҳи Ҷон Кенедии шаҳри Ню-Йорк хабар дод, ки ин сафари овозхон ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон рабт дорад. Ба иттилои манбаъ консерт 8-уми сентябр дар Эмир Паласи Бруклин баргузор мешавад.
Худи Меҳрнигор бо баёни миннатдорӣ барои истиқболи гарм, аз ҳаводорон даъват кардааст, ки дар консерташ дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон иштирок кунанд.

Комментарии

Комментариев нет.