Барои инро фаҳмидан, биё дар бораи замони пеш, вақте ки Худо Одаму Ҳавворо офарида буд, фикр кунем. Баъзе одамон мегӯянд, ки ин афсона аст. Лекин Устоди Бузург ин хел фикр намекард. Ӯ медонист, ки ин дар ҳақиқат рӯй дода буд.Худо Одаму Ҳавворо офарида, онҳоро дар боғи зебое, ки Адан ном дошт, ҷойгир кард. Ин боғ биҳишти ҳақиқӣ буд. Худо мехост, ки Одаму Ҳавво фарзандони бисёр дошта бошанд, то ки оилаи калони онҳо дар Биҳишт беохир зиндагӣ кунад. Лекин онҳо бояд як дарси муҳимро ёд мегирифтанд. Дар ин бора мо аллакай гуфта будем. Биё инро ба хотир орем.Худо ба Одаму Ҳавво иҷозат дода буд, ки аз ҳамаи дарахтони боғ кадом меваеро, ки дилашон кашад, хӯрдан гиранд. Лекин дар боғ як дарахте буд, ки аз меваи он хӯрдан тамоман мумкин набуд. Худо ба Одаму Ҳавво фаҳмонд, ки агар онҳо ба гапи Ӯ гӯш накунанд, оқибат чӣ рӯй медиҳад. Худо гуфт, ки онҳо, албатта, мемуранд (Ҳастӣ 2:17; 3:3). Пас, Одаму Ҳавво бояд кадом дарси муҳимро ёд мегирифтанд? ~Итоаткориро. Ҳа, ҳаёт аз гӯш кардани Парвардигор вобаста аст! Одаму Ҳавво итоаткории худро на фақат дар забон, балки бо корҳояшон низ бояд нишон медоданд. Худоро гӯш карда, онҳо исбот мекарданд, ки Ӯро дӯст медоранд ва мехоҳанд, ки Ӯ Подшоҳашон бошад. Он гоҳ онҳо метавонистанд дар Биҳишт беохир зиндагӣ кунанд. Лекин агар Одаму Ҳавво аз меваи он дарахт мехӯрданд, ин чиро нишон медод? ~11 Ин нишон медод, ки онҳо барои он чизе, ки Худо додааст, аз таҳти дил миннатдор нестанд. Агар ту дар он ҷо мебудӣ, оё Яҳуваро гӯш мекардӣ? ~ Одаму Ҳавво дар аввал Худоро гӯш мекарданд. Лекин баъд, шахсияте, ки аз онҳо бузургтар буд, Ҳавворо фиреб дод. Ӯ Ҳавворо ба он тела дод, ки гапи Худоро гӯш накунад. Он шахсият кӣ буд? ~12 Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки бо Ҳавво мор гап зад. Лекин морҳо гап зада наметавонанд-ку?! Набошад вай чӣ хел ба гап даромад? ~ Дар асл, ба ҷои мор фариштае гап зада буд. Лекин вай тавре кард, ки гӯё мор гап зада истодааст. Ин фаришта хоҳиши хеле бад дошт. Вай мехост, ки Одаму Ҳавво ӯро гӯш кунанд ва гуфтаҳояшро иҷро намоянд. Ин фаришта орзу дошт, ки ҷои Худоро гирад.13 Барои ҳамин, он фариштаи бад дар сари Ҳавво фикри нодурустро ҷой кард. Вай ба воситаи мор ба Ҳавво гуфт: «Худо ба ту дурӯғ гуфтааст. Агар ту аз меваи ин дарахт хӯрӣ, намемурӣ. Ту мисли Худо доно мешавӣ». Оё ту ба ин гап бовар мекардӣ? ~14 Ҳавво он чизеро, ки Худо ба вай надода буд, ба даст овардан мехост. Ӯ аз меваи дарахте, ки Яҳува нахӯред гуфта буд, хӯрд. Баъд Ҳавво онро ба Одам дод. Одам ба гуфтаҳои мор бовар накард. Лекин вай Ҳавворо аз Худо дида бисёртар дӯст медошт ва доимо бо ӯ будан мехост. Барои ҳамин, Одам ҳам меваи он дарахтро хӯрд (Ҳастӣ 3:1–6).15 Баъд чӣ шуд? ~ Одаму Ҳавво гунаҳкор шуданд ва оқибат пир шуда мурданд. Азбаски онҳо гунаҳкор шуданд, ҳамаи фарзандонашон ҳам гунаҳкор шуданд. Барои ҳамин, ҳамаи одамон пир мешаванд ва мемуранд. Худо рост гуфта буд! Дар ҳақиқат, ҳаёт аз итоаткорӣ ба Худо вобаста аст. Китоби Муқаддас ба мо мегӯяд, ки фариштае, ки бо Ҳавво гап зада буд, Шайтон Иблис ном дорад. Дигар фариштагоне, ки бад шуданд, девҳо номида мешаванд.16 Акнун фаҳмидӣ, ки барои чӣ фариштаи нағз, ки Худо офарида буд, бад шуд? ~ Вай дар бораи чизҳои бад фикр мекардагӣ шуд. Шайтон аз ҳама зӯр будан мехост. Вай медонист, ки Худо ба Одаму Ҳавво гуфта буд, ки фарзанддор шаванд ва хост, ки ҳамаи онҳо ба Худо неву ба худи вай хизмат кунанд. Иблис намехоҳад, ки одамон гапи Яҳуваро гиранд. Барои ҳамин, вай кӯшиш мекунад, ки мо дар бораи чизҳои бад фикр кунем (Яъқуб 1:13–15).17 Иблис мегӯяд, ки ҳеҷ кас Яҳуваро аз таҳти дил дӯст намедорад. Вай мегӯяд, ки на ту ва на ман Худоро дӯст намедорем ва гуфтаҳои Ӯро иҷро кардан намехоҳем. Шайтон мегӯяд, ки мо Яҳуваро танҳо ҳамон вақт гӯш мекунем, агар ин ба мо осон бошад. Оё ин рост аст? Наход мо чунин шахсон бошем?18 Устоди Бузург гуфт, ки Иблис дурӯғгӯй аст! Исо бо итоаткории худ нишон дод, ки дар ҳақиқат Яҳуваро дӯст медорад. Ва ӯ на фақат вақте, ки барояш осон буд, Худоро гӯш мекард. Ӯ ҳама вақт гуфтаҳои Яҳуваро иҷро мекард, ҳатто вақте ки дигарон ба вай сахт халал мерасонданд. Исо то вақти мурданаш Яҳуваро гӯш мекард. Ана барои ҳамин, Худо Исоро аз нав зинда кард ва ба ӯ ҳаёти беохир дод.19 Пас, душмани аз ҳама ашаддии мо кист? ~ Ҳа, Иблис. Оё ту вайро дида метавонӣ? ~ Албатта не! Лекин мо медонем, ки вай вуҷуд дорад ва аз мо зӯртар мебошад. Аммо кӣ аз Шайтон ҳам пурзӯртар аст? ~ Яҳува. Ва азбаски Яҳува аз ҳама пурзӯр аст, Ӯ моро муҳофизат карда метавонад.
Кумак ба эхтиёчмандон дар Конибодом
:G S🐝🌸
ЧАРО МО ПИР МЕШАВЕМ ВА МЕМИРЕМ?
Барои инро фаҳмидан, биё дар бораи замони пеш, вақте ки Худо Одаму Ҳавворо офарида буд, фикр кунем. Баъзе одамон мегӯянд, ки ин афсона аст. Лекин Устоди Бузург ин хел фикр намекард. Ӯ медонист, ки ин дар ҳақиқат рӯй дода буд.
Худо Одаму Ҳавворо офарида, онҳоро дар боғи зебое, ки Адан ном дошт, ҷойгир кард. Ин боғ биҳишти ҳақиқӣ буд. Худо мехост, ки Одаму Ҳавво фарзандони бисёр дошта бошанд, то ки оилаи калони онҳо дар Биҳишт беохир зиндагӣ кунад. Лекин онҳо бояд як дарси муҳимро ёд мегирифтанд. Дар ин бора мо аллакай гуфта будем. Биё инро ба хотир орем.
Худо ба Одаму Ҳавво иҷозат дода буд, ки аз ҳамаи дарахтони боғ кадом меваеро, ки дилашон кашад, хӯрдан гиранд. Лекин дар боғ як дарахте буд, ки аз меваи он хӯрдан тамоман мумкин набуд. Худо ба Одаму Ҳавво фаҳмонд, ки агар онҳо ба гапи Ӯ гӯш накунанд, оқибат чӣ рӯй медиҳад. Худо гуфт, ки онҳо, албатта, мемуранд (Ҳастӣ 2:17; 3:3). Пас, Одаму Ҳавво бояд кадом дарси муҳимро ёд мегирифтанд? ~
Итоаткориро. Ҳа, ҳаёт аз гӯш кардани Парвардигор вобаста аст! Одаму Ҳавво итоаткории худро на фақат дар забон, балки бо корҳояшон низ бояд нишон медоданд. Худоро гӯш карда, онҳо исбот мекарданд, ки Ӯро дӯст медоранд ва мехоҳанд, ки Ӯ Подшоҳашон бошад. Он гоҳ онҳо метавонистанд дар Биҳишт беохир зиндагӣ кунанд. Лекин агар Одаму Ҳавво аз меваи он дарахт мехӯрданд, ин чиро нишон медод? ~
11 Ин нишон медод, ки онҳо барои он чизе, ки Худо додааст, аз таҳти дил миннатдор нестанд. Агар ту дар он ҷо мебудӣ, оё Яҳуваро гӯш мекардӣ? ~ Одаму Ҳавво дар аввал Худоро гӯш мекарданд. Лекин баъд, шахсияте, ки аз онҳо бузургтар буд, Ҳавворо фиреб дод. Ӯ Ҳавворо ба он тела дод, ки гапи Худоро гӯш накунад. Он шахсият кӣ буд? ~
12 Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки бо Ҳавво мор гап зад. Лекин морҳо гап зада наметавонанд-ку?! Набошад вай чӣ хел ба гап даромад? ~ Дар асл, ба ҷои мор фариштае гап зада буд. Лекин вай тавре кард, ки гӯё мор гап зада истодааст. Ин фаришта хоҳиши хеле бад дошт. Вай мехост, ки Одаму Ҳавво ӯро гӯш кунанд ва гуфтаҳояшро иҷро намоянд. Ин фаришта орзу дошт, ки ҷои Худоро гирад.
13 Барои ҳамин, он фариштаи бад дар сари Ҳавво фикри нодурустро ҷой кард. Вай ба воситаи мор ба Ҳавво гуфт: «Худо ба ту дурӯғ гуфтааст. Агар ту аз меваи ин дарахт хӯрӣ, намемурӣ. Ту мисли Худо доно мешавӣ». Оё ту ба ин гап бовар мекардӣ? ~
14 Ҳавво он чизеро, ки Худо ба вай надода буд, ба даст овардан мехост. Ӯ аз меваи дарахте, ки Яҳува нахӯред гуфта буд, хӯрд. Баъд Ҳавво онро ба Одам дод. Одам ба гуфтаҳои мор бовар накард. Лекин вай Ҳавворо аз Худо дида бисёртар дӯст медошт ва доимо бо ӯ будан мехост. Барои ҳамин, Одам ҳам меваи он дарахтро хӯрд (Ҳастӣ 3:1–6).
15 Баъд чӣ шуд? ~ Одаму Ҳавво гунаҳкор шуданд ва оқибат пир шуда мурданд. Азбаски онҳо гунаҳкор шуданд, ҳамаи фарзандонашон ҳам гунаҳкор шуданд. Барои ҳамин, ҳамаи одамон пир мешаванд ва мемуранд. Худо рост гуфта буд! Дар ҳақиқат, ҳаёт аз итоаткорӣ ба Худо вобаста аст. Китоби Муқаддас ба мо мегӯяд, ки фариштае, ки бо Ҳавво гап зада буд, Шайтон Иблис ном дорад. Дигар фариштагоне, ки бад шуданд, девҳо номида мешаванд.
16 Акнун фаҳмидӣ, ки барои чӣ фариштаи нағз, ки Худо офарида буд, бад шуд? ~ Вай дар бораи чизҳои бад фикр мекардагӣ шуд. Шайтон аз ҳама зӯр будан мехост. Вай медонист, ки Худо ба Одаму Ҳавво гуфта буд, ки фарзанддор шаванд ва хост, ки ҳамаи онҳо ба Худо неву ба худи вай хизмат кунанд. Иблис намехоҳад, ки одамон гапи Яҳуваро гиранд. Барои ҳамин, вай кӯшиш мекунад, ки мо дар бораи чизҳои бад фикр кунем (Яъқуб 1:13–15).
17 Иблис мегӯяд, ки ҳеҷ кас Яҳуваро аз таҳти дил дӯст намедорад. Вай мегӯяд, ки на ту ва на ман Худоро дӯст намедорем ва гуфтаҳои Ӯро иҷро кардан намехоҳем. Шайтон мегӯяд, ки мо Яҳуваро танҳо ҳамон вақт гӯш мекунем, агар ин ба мо осон бошад. Оё ин рост аст? Наход мо чунин шахсон бошем?
18 Устоди Бузург гуфт, ки Иблис дурӯғгӯй аст! Исо бо итоаткории худ нишон дод, ки дар ҳақиқат Яҳуваро дӯст медорад. Ва ӯ на фақат вақте, ки барояш осон буд, Худоро гӯш мекард. Ӯ ҳама вақт гуфтаҳои Яҳуваро иҷро мекард, ҳатто вақте ки дигарон ба вай сахт халал мерасонданд. Исо то вақти мурданаш Яҳуваро гӯш мекард. Ана барои ҳамин, Худо Исоро аз нав зинда кард ва ба ӯ ҳаёти беохир дод.
19 Пас, душмани аз ҳама ашаддии мо кист? ~ Ҳа, Иблис. Оё ту вайро дида метавонӣ? ~ Албатта не! Лекин мо медонем, ки вай вуҷуд дорад ва аз мо зӯртар мебошад. Аммо кӣ аз Шайтон ҳам пурзӯртар аст? ~ Яҳува. Ва азбаски Яҳува аз ҳама пурзӯр аст, Ӯ моро муҳофизат карда метавонад.