Шаҳодати ҳазрати Умар (р) Ибни Касир мегӯяд: «Вақте Умар (р) соли бисту сеюми ҳиҷри аз сафари ҳаҷ бо ҳамроҳи модарони муъминон (занони Паёмбар (с) баргашт, дар минта- қаи Абтаҳ фуруд омад.

Ҳазрати Умар (р) дар онҷо дастҳояшро ба сӯи осмон бардошту гуфт: «Парварди- горо, умрам рафт, қувватам заъиф шуд, иморатам бузург шуд, метарсам кӯтоҳие кунам, Худоё манро ба наздат бигир ва манро дар Мадинаи паёмбарат ба шаҳодат бирасон». (Маноқиби Умар ибни Хаттоб, саҳ. 168 то 169.) Баъди ин талаби Умар (р), Худованд дуои ӯро мустаҷоб гардонд. Имом Бухорӣ дар қиссаи шаҳодати Умар (р) аз Амр ривоят кард, ки Амр (р) гуфт: «Мо дар саф, дар намози бомдод ҷамъ шуда будем ва байни ману байни Умар Абдуллоҳ ибни Аббос буд. Ва Умар байни сафҳо гузашта мегуфт: ( ﺨﺍﻪﺘﺳﺨ) яъне сафҳоро рост гиред!» Ва вақте дид, ки сафҳо рост аст, пеш мегузашт ва Аллоху акбар гуфта, ба хондани намоз шурӯъ мекард ва гоҳосураи Юсуф, Наҳл ё ба монанди инҳо сураҳои дарозро қироат мекард. Вақте ки он рӯз Аллоҳу акбар гуфт, сукут кард, ҳатто шунидам, ки гуфт: " ﺐﻜﺮﺍ ﻠﻠﺃ ﻭﺃ ﻠﺘﺪ " «Маро саг хӯрд, ё ба қатл расонид». Намози бомдод дар торикӣбуд ва дар он замон чароғ набуд. Абулӯълӯъи маҷусӣ - лаънатуллоҳи алайҳ- бо як ханҷар (як корде, ки 2- тарафаш тезу мобайнаш ҷои даст буд,) ҳазрати Умарро бо баробари Аллоҳу акбар гуфтанаш зад. Ва баъд аз он, ки ин маҷусӣ ҳазрати Умарро (р) бо зарбаҳояш аз пой афтонд, баргашту дар миёни сафи намозхонон даромад, ва ҳар касе ки аз пешаш меомад, ӯро бо корди дудамааш мезаду мегузашт, ҳатто ки 13 нафарро кордзад, 7 нафари онҳо вафот карданд ва онҳое, ки ҷароҳатдор шуданд, ҳама дар намоз буданд. Яке аз мусалмонон ба болои он маҷусӣ (лаънатуллоҳи алайҳ) ҷомаи худро партофт. Маҷусӣгумон кард, ки ӯромусалмонондастгир карданд ва дарҳол ба худаш корд зада, худашро ҳалок кард, то ин ки азоби дунёро пеш аз азоби охират чашад. Лаънати Худо бар ӯву дӯстдоронаш бод. Баъд аз он ки ҳазрати Умар (р) печида ба замин афтод, Ӯро дар ҳолате ба хонааш мебурданд, ки аз ҷароҳатҳояш хун мерехт ва гоҳо беҳуш мешуду гоҳо ба ҳуш меомад. Вақте ки намозро ба ёдаш меоварданд, мегуфт, бале касе ки намозро тарк мекунад барои ӯнасибе дар ислом нест, мегуфту боз беҳуш мешуд. (Ал-бидоя ва-н- ниҳоя, 7/137 то 138) Худо раҳмат кунад Умарро (р) чӣ шахсияте буд дар ислом! Вақте ки Умар(р)- роба хонааш оварданд, фарзандаш Абдуллоҳ (р) сари ӯро аз замин бардошта, дар бағалаш гузошт. Ҳазрати Умар (р) ба ӯ гуфт: «Сарамро ба замин бигузор, сипас ҳазрати Умар (р) рӯи муборакашро ба хок молиду гуфт: «Эй вой бар ҷони Умар, эй вой бар ҷони Умар, эй вой бар ҷони Умар, агар Худояш ӯро набахшад». Умар (р) дар синни 63- солагӣ дар синни Паёмбару Абубакр вафот кард ва ҳамроҳии онҳо ба хок супурда шуд. Вақте ки ҳазрати Умар (р) аз дунё гузашт, саҳобии ҷалил Саъид ибни Зайд (р) гиря кард. Аз ӯ пурсиданд: «Барои чӣ гиря мекунӣ?» Гуфт: «Барои ислом гиря мекунам, ки бо шаҳид шудани Умар сӯрохе дар ислом пайдо шуд, ки то рӯзи қиёмат ҷояш пур намешавад». (Табақоти ибни Саъд) *** Худованд аз Умар (р) розӣ бошад. Парвардигоро, мо шаҳодат медиҳем, ки ҳазрати Умарро ва инчунин ҳамаи халифаҳои рошидин ва тамоми саҳобагонродӯст медорем, Парвардигоро аз ҳамаи онҳо розӣ бош. Салавоту дуруд бар набии мо ва олу асҳобаш.

Комментарии