24 дек 2018

Ба номи Аллоҳи бахшандаи бениҳоят меҳрубон.

Ҳамду санои беадад Аллоҳ таъолоро ва дуруду раҳмат хотамуланбиё Муҳаммад (саллаллоҳу ъалайҳи вассалам)-ро ва салому паёми самимона шумо азизонро.
Аз ҳамаи шумо азизон эҳтиромона хоҳиш менамоем дустони худро ба гуруҳи мо даъват намоед дар кори хайр саҳми худро гузоред. Лутфан ақаллан панҷ нафар дусти худро ба саҳифаи мо даъват намо то онҳо ҳам тавонанд чизе биомузанд ё биомузонанд то аз илми ҳамдигар баҳравар шавем ва чунонки дар ҳадиси шарифе омада:
" Мӯъмин барои мӯъмин ҳамчун оина аст". (мазмуни ҳадис)
Мо барои ҳамдигар ҳамчун оина бошем ва ҳамдигарро холисанлиллоҳ ислоҳ намоем.
Барои дастгири ва кумакатон сипосгузорем.
Интизори неки ва дастгирии шумо азизон ҳастем
وَأَنفِقُوا فِي سَبِيلِ اللَّهِ وَلَا تُلْقُوا بِأَيْدِيكُمْ إِلَى التَّهْلُكَةِ ۛ وَأَحْسِنُوا ۛ إِنَّ اللَّهَ يُحِبُّ الْمُحْسِنِينَ
[ Ал Бақара - 195 ]
Дар роҳи Худо харҷ кунед ва худатонро ба дасти хеш ба ҳалокат маяндозед ва некӣ кунед, ки Худо некӯкоронро дӯст дорад.
Азизони аҳли ислом ба ин ояи муборака таваҷҷӯҳ намоед ва биандешед
وَالَّذِينَ كَفَرُوا بَعْضُهُمْ أَوْلِيَاءُ بَعْضٍ ۚ إِلَّا تَفْعَلُوهُ تَكُن فِتْنَةٌ فِي الْأَرْضِ وَفَسَادٌ كَبِيرٌ
[ Ал Анфол - 73 ]
Кофирон низ ёру дӯсти якдигаранд. Агар риояи он накунед, фитнаву фасоде бузург дар он сарзамин падид хоҳад омад.
Пас биёед мо бо ҳам дуст бошем иттифоқ бошем ҳамдигар ро дар роҳи хайр кумак намоем.
Дар ҳақатон ин ояи муборак ро таманно дорем
وَيَنصُرَكَ اللَّهُ نَصْرًا عَزِيزًا
[ Ал Фатҳ - 3 ]
Ва Худо ёрият кунад, ёрӣ кардане пирӯзмандона. https://ok.ru/group/52923121074261

Комментарии