Рузе мард аз кор ба хона баргашт ва аз ҳамсараш пурсид:

Намози Асрро хондӣ?
Зан гуфт:
На, хеле хастаам, аз кор омадам ва каме истироҳат кардам.
Шавҳараш гуфт:
Хуб, акнун рав Намози Аср ва Шомро бихон, қабл аз ин, ки Хуфтан шавад.
Фардои он руз мард ба қасди як сафари бозаргонӣ, ба дигар шаҳр парвоз кард.
Ҳамсараш чанд соат баъд аз парвоз ба у занг зад, то аҳволашро ҷуё шавад, аммо шавҳараш ба тамоси у посух надод.
Чандин бор пайи ҳам занг мезад, аммо касе гуширо намебардошт.
Зан оҳиста-оҳиста нигарон шуд ва ҳар боре, ки ба тамосаш посух намеёфт, нигарониаш бештар мешуд.
Дар зеҳнаш ҳар гуна андешаҳо пайдо шуд, ки накунад ба у ягон ҳодисае рух дода бошад.
Чун ҳаргоҳе, ки шавҳараш ба сафар мерафт, ҳамзамон бо фуруд омадани ҳавопаймо занг мезад ва аз худ хабар медод.
Хеле тарсида буд.
Гуширо гирифт ва тамос гирифт, бо умеди ин, ки ин бор садои шавҳарашро шунавад.
Хушбахтона шавҳараш гуширо бардошт.
Бо садои ларзон пурсид:
Оё расидӣ?
Шавҳараш гуфт:
Бале, алҳамдулиллоҳ соқу саломат расидам.
Ҳамсараш боз пурсид:
Чи вақте расидӣ?
Мард гуфт:
Чаҳор соат қабл расида будам.
Зан асабонӣ шуд ва гуфт:
Чаҳор соат қабл расидӣ ва як борҳам ба ман занг назадӣ, магар ман бароят муҳим нестам?
Мард гуфт:
Чаро, на азизам, ту бароям муҳим ҳастӣ.
Зан боз пурсид:
Магар садои зангамро намешунидӣ?
Мард гуфт:
Мешунидам.
Зан бо ғазаби бештар пурсид:
Пас чаро посух надодӣ?
Мард гуфт:
Дируз ту ҳам ба занги Парвардигор посух надодӣ.
Ба ёд дорӣ, ки тамоси Парвардигор (Азон)-ро бепосух гузоштӣ?
Чашмони зан пур аз ашк шуд ва пас аз каме сукут гуфт:
Бале, ёдам ҳаст, маъзарат мепурсам.
Мард гуфт:
На азизам, аз ман маъзарат нахоҳ, рав аз Парвардигор талаби омурзиш кун.
Ман дигар чизе аз ин дунё намехоҳам.
Фақат инро мехоҳам, ки дар яке аз кохҳои Ҷаннат, бо ҳам зиндагии хуш ва ҳақиқиро оғоз кунем.
Онҷо бе ту чи кунам?
Пас аз он руз, зан ҳеҷ намозеро тарк ва қазо намекард.

Комментарии

  • вчера 11:04
    Инхел занхо ба хисоб мондаги !