Фидои он диле, ки аз дард созу сухтан дорад,

Талоши дарди дилҳои дигар бинвохтан дорад.
Чу боло мерави аз пастиҳо ғофил машав ҳаргиз,
Ба пастишо уқоб аз қулла чашм андохтан дорад.
Набояд лофи яктоги задан дар ҳеҷ охир,
Ки аз фарёди ноҷо, кабк сар дар бохтан дорад.
Макун умеди сабзидан, туро гар дастгире нест,
Ниҳол аз боғбон дар боғ сар афрохтан дорад.
Машав норози аз рузе, ки ояд нобарори,
Ки анҷоми шаби торик, субҳ афрухтан дорад.

Комментарии

Комментариев нет.