(кисми 5) ....Ҷамила бо чашмони барқпош ба инсуханон гӯш дода, беихтиёр нозе кард,ки ба зани синну соли ӯ намезебид.Шукрӣ ба ӯ наздик шуда, ноаён бадумбааш даст расонд, ки аз ин«илтифот» занак ба ваҷд омада,беихтиёр худро ба ӯ наздиктар кард.Ҳамаи инро аз зери чашм Гулрафторназзора мекарду бештар ба воҳимамеафтид. Дер ҳам бошад, оҳиста-оҳиста ба ӯ аён мегардид, ки ба дастичӣ касоне афтодааст. Акнун чӣмешавад? Дар ин мулки ғарибӣ чӣгуна худро аз дасти онҳо халоскунад? Ғайриихтиёр як қадам ба пешбаромада, ба Ҷамила муроҷат намуд:-Хола, моро ба аэропорт баред, ин корба ман маъқул нест…-Кадом кор? Ҳоло ту ягон корнакардаӣ- ку?!-Ана ин мардакро бинед, моро чӣ хелтаҳқиқ мекунад…-Охир ӯ хуҷаини шумост ва ба ин ҳақдорад. Ту аввал ба кор сар кун, баъдмебинӣ, ки маъқул мешавад ё не…Дарбораи аэропорт бошад дигар андешаҳам накун. Шиносномаҳоятон дардасти хӯҷаин. Лозим шавад, ӯ шуморохудаш бурда гусел мекунад. Бешиноснома ҳатто ба кӯча баромаданаметавонед. Аввалин пулис доштаба маҳбасхона мебарад…-Ваҳ,чи рӯзе ба сарамон омад,-беихтиёр фарёд баровард Саида,-дугонаҳоям гуфта буданд-а, ки ин занким чӣ хел шубҳанок, лекин манисода аҳамият надода, ба хайрхоҳиюба инсофаш бовар кардам. Ана ба чӣрӯз расидам…Духтарони дигар низ ба оҳу воҳдаромаданду Гулрафтор хомӯшона баҶамила наздик шуда, ба рӯяш якторсакии обдор фаровард. Духтаронякбора ба сӯи Ҷамила ҳамла карданд.Арабҳо, ки интизори ин моҷаронабуданд, аввал чӣ кор карданашонронадониста монданд, вале баъд Аш-Шамур ва Шукрӣ ба духтарон часпида,Ҷамиларо аз чанголи онҳо халоскарданӣ шуданд. Аммо ин ба онҳодаст намедод, зеро аллакай Ҷамилаинаҳифпайкар дар зери лагадҳоидухтарони фиребхӯрда қарор дошт.Аш-Шамур ба Шукрӣ дод зад:-Тахлуҳу ҳа улои…(Гӯй онҳоро халоскунанд)Шукрӣ ба тарафи дар рафта онро бознамуд ва бо садои баланд чизе гуфтафарёд кард.Аз дар ду араби қавиҳайкалдаромада, ба сари духтарон омадандва онҳоро мисли бозича ба ҳартарафи хона партофтанд. Духтаронмонанди кабӯтароне, ки ба онҳо бозҳамла кардааст, дар як гӯшаи хонатӯда шуданд. Ҷамила мисли гунҷишкипарканда аз зери пои духтарон озодшуда, либосҳои худро ба тартибдаровард ва бо як ҳисси бадбиниибеохир ба онҳо нигариста гуфт:-Хуб кардам шумо лаънатиҳоро. Акнуназ дасти ин арабҳо то пир шуданатоназият мекашед. Сад кас дар як рӯзшуморо …Худозадаҳо…Духтарон ба маънои суханониохирини «хайрхоҳашон» сарфаҳмрафтанд, аммо илоҷи раҳоӣ аз инвартаро надоштанд.-Шаддал ҳозиҳи банот ва ағлиқ бозалбайти…(Ин духтаронро бандед вадари утоқро маҳкам кунед),-ин садоиомиронаи Аш-Шамур посбонониқавиҳайкалро ба ҳаракат водор намудва яке аз онҳо барои овардани бандберун рафт. Аш-Шамур бо ишораидаст Ҷамилаи паркандаро ба сӯи худхонд ва аз кулвори чармине, ки дардаст дошт, ду даста долларбароварда, ба ӯ дароз карду ҷонибиШукрӣ бо арабӣ чизе гуфт. Шукрӣ болафзи шикастаю ба зӯр фаҳмои русӣба Ҷамила гуфт:-Это за всех девушек…(Ин бароиҳамаи духтарон)Ҷамила бо як ҳарисӣ долларҳоро аздасти шайх гирифта, онҳоро як азназар гузаронду ба Шукрӣ гуфт:-Этого мало. Он обещал намногобольше…(Ин кам аст. Ӯ ваъдаибештаре дода буд) Шукрӣ гуфтаҳоиӯро тарҷума кард. Аш-Шамуристеҳзоомез хандиду боз дасташро бакулвор бурда, як дастаи дигар пулбаровард ва онро ба Ҷамила дарозкардаистода ба Гулрафторишоракунон чизе гуфт. Шукрӣгуфтаҳояшро тарҷума кард:-Я могу их взять бесплатно. Но из заэтой красавицы могу дат и больше…(Ман метавонам ҳамаи онҳоро бепулсоҳиб шавам. Аммо барои инзебосанам шуда зиёдтар медиҳам)Ҷамила ин қабзаи пулро ҳам соҳибшуда, ношумур ба кулвори худ андохтва аз он ҷо як даста шиносномаҳоихориҷии Тоҷикистонро бароварда, бадасти шайх супурд…Ҳамаи инродухтарон мушоҳида мекарданд, валеаз дасташон коре намеомад. Аллакайараби посбон банд дар даст аз дардаромада, интизори фармони хӯҷаинбуд…Аш-Шамур бори дигар ба Гулрафторназдик шуда, мӯйҳои қирвори ӯро бадаст гирифт ва ба Шукрӣ нигаристагуфт:-Ҷамилун…ҷамилун. Ан-нисоҷамилун…Шукрӣ баъд аз чанд сухани дигарихӯҷаин рӯ ба духтарон оварда гуфт:-Шейх не хочет вас связат. Ведитесебя прилично. Завтра за вамипридут…(Шайх намехоҳад, ки шуморобандад. Худро нигоҳ доред. Пагоҳбарои шумо меоянд…)Баъд аз ин, пеш-пеш Аш-Шамур,баъди ӯ Ҷамила, ки бо нигоҳинафратовар ба духтарон менигариства дар охир Шукрӣ аз дарбаромаданд. Шукрӣ боз ҳам даст бадумбаи Ҷамила бурд…Посбонон баъд аз баромадани онҳодарро пӯшида, дар ду курсии рӯ ба рӯнишастанд. Аз дар ду зани араб дарболои лаълӣ хӯрок ва зарфҳоинӯшокидор даромада омаданд.Духтарон намедонистанд, ки баъзеионҳо баъд аз чанд сол боз бо Ҷамиларӯ ба рӯ мешаванд. Вале ин дар ҷоидигар ва дар шароити дигар суратхоҳад гирифт…Шумораи №48Шайх Салим ас- Соиб ҳанӯз 26 солабошад ҳам, дар байни қабилаи худ вадар кишвар эътибори калон дорад. Ӯба он дороие, ки аз падараш меросмонда буд, дороӣ зам менамуд.Падараш, ки соҳиби ширкатинафткоркунии «Соиб ойл» буд, тодами марги худ кӯшиш намуд, ки баписари ягонааш Салим маълумоти хубдиҳад. Аз ин рӯ дар ҳамаи сафарҳоихориҷии худ ӯро ҳамроҳ мегирифт.Хатмкардаи донишгоҳи КембриҷСалим ас-Соиб забони англисӣ вафаронсавию испониро хуб медонист.Инчунин, бо роҳбарони бузургтаринширкатҳои нафткоркунии урупоӣтавассути падараш шиносоии хубдошт. Хулоса, вақте ки шайх Замир-ас Соиб ин дунёро тарк намуд, молуамволи ӯ ба дасти писари қобилусоҳибмаълумот ва кордонукоршиносаш Салим монд. Салимробарои он, ки аксари маблағҳои худродар шакли тилло дар бонкҳо нигоҳмедошт, магнатҳои нафтӣ «ШайхиТиллоӣ» мегуфтанд. Ин лақаб оҳиста-оҳиста ҳатто дар аксар мавридҳо ҷоиноми аслии ӯро мегирифтагӣ шуд.Салим мувофиқи таъомули арабҳоидоро аллакай ду зан дошт. Ӯ дархонааш кам андар кам шуда, нисфивақти худро дар сафарҳои корӣмегузаронд. Зани аввалааш аз аҳлиқабилаи соиб буд ва дар Ар-Риёззиндагӣ мекард. Ин зан таълимотимаъмулии арабӣ гирифта буд ва бароиСалим ҳамчун як ҷузъи риояитаъомули қабила қадр дошту халос.Зани дуюми Салим-Сюзан зодаиШотландия буда, бо ӯ писари магнатиараб дар вақти таҳсил дар Кембриҷшинос шуда буд. Сюзан, ки чеҳраисафед, мӯи зардчаранг ва чашмоникаб -кабуди осмонӣ дошт, азилмомӯзӣ дида бештар ба намоишитани зебои худ дар маҷаллаҳоимардона рағбати зиёд дошт, яънемӯдпараст буд. Салим бо Сюзан танҳоба хотири бурдани гарав байниҳамсабақон хонадор шуд. Дороиизиёд ва хушомаду тӯҳфаҳоигаронқиммат охир кори худрокарданд ва Сюзан ба издивоҷ бо инҷавони бои араб розигии худро дод ваӯ бештари вақташро дар соҳили баҳрё дар яхтае, ки онро ба ӯ Салим тӯҳфанамуда буд, мегузаронд. Бо шавҳараштанҳо вақте, ки ӯ ба Аврупо меомад,вомехӯрд. Барои Салим дар набуданиӯ Сюзан ба чӣ кор машғул буду бокиҳо вақт мегузаронд, фарқ надошт.Танҳо ҳар вақт, ки ӯ пул мепурсид, басуратҳисобаш миқдори талабнамудаиӯро мегузаронду бо ҳамин вазифаишавҳарии худро иҷрошуда меҳисобид.Хулоса, то ин замон дили Салимроягон нафар зан ба худ моил накардабуд ва чӣ будани ишқу муҳаббатронамедонист. Ӯ танҳо ҳаминромедонист, ки байни зану мардметавонад фақат муносибати ҷинсӣва қаробати чандлаҳзаина бошадухалос. Боқӣ ҳама афсона аст…Тайёраи шахсии Салим дар фурудгоҳиРос-ал Хайма-наздикии Дубай базамин фаромад. Ӯ дар он ҷокормандони шӯъбаи дар ин ҷо будаиширкаташ интизор буданд. Роҳбаришӯъба ба зинапояи тайёра наздикшуда баъд аз салому паём арз кард:- Барои шумо дар худи шаҳрдепартамент тайёр аст. Аввал ба онҷо рафта бо ҳисоботи мо ошномешавед ё рост ба соҳили баҳри Сурх-коттедҷи дӯстдоштаатон меравед?-Кори ту бад нест ва бо ҳисоботбаъдтар ҳам машғул шуданам мумкин.Ҳоло ман мехоҳам як тан аз ошноҳоипадарамро дар Дубай зиёрат кунам.Баъдтар ба ин масъала бармегардем.Ӯ дигар сухане нагуфта ба лимузинисиёҳ нишаст ва ёрдамчиаш, ки азпаси Салим аз тайёра фаромада буд,ба ронанда нишониро гуфту лимузинбесадо ба ҳаракат даромад.Кормандони шӯъба ҳам як - як бамошинҳои худ нишаста аз фурӯдгоҳберун шуданд……Шайх Талал, ки тақрибан 50-55 солабуд, бо падари Салим чандин сол бозошногӣ ва равобити корӣ дошт. Худрошогирди Замир-ас Соиб меҳисобид.Зеро дар ҷавонӣ дар ширкати ӯ коркарда, аз ҳамон ҷо қисмати аввалидороияшро ба даст оварда буд. Баъдаз марги шайхи бузург ҳам рафтуоробо писари ӯ қатъ намекард. Зерошайх Замир васият карда буд, кимаслиҳати худро ба писари ӯ дареғнадорад. Ӯ дар ҳарами худ соҳибичанд зан бошад ҳам, баъзан аз занҳоикӯчагию даъватӣ рӯй наметофт. Барафиқонаш мегуфт, ки чунин рафтораввал ҷавонии ӯро ба ёдаш меорад вабаъдан зиндагиро рангоранг мекунад.Рӯзе, ки Салим ба назди ӯ омаданӣбуд, мехост «зиндагиро рангоранг»кунад ва бо ин мақсад, ба ёрдамчиихуд фармуд, ки ба ҷойҳои муайянрафта, ду-сето «моли нав» биёрад.-Беҳтараш аз туркҳо ва ё афғонҳобошанд. Аврупоияш ба диламзадааст…,-таъкид намуд Талал.…Шайх Талал писари устоди худрогарм дар оғӯш кашид ва ба қадаҳи ӯбо дасти худаш қаҳваи сиёҳ рехт. Инбарои шайхҳои араб эҳтироми хоса башумор меравад. Дар утоқи зарҳалин,болои курсиҳои нарм сӯҳбати душайхи доро хеле тӯл кашид. Баъд азнӯшидани чанд қадаҳ қаҳваи сиёҳ вакашидани қалёни тоза (як навънашъае, ки аз тариқи офтобаи махсусба воситаи рӯда кашида мешавад)шайхҳо ба рӯи ҳавлӣ баромаданд.Ҳамин вақт хизматгор дарвозаибӯстонсаройро боз намуд ва аз онмерседеси сиёҳе ба рӯи ҳавлии калондохил шуд. Аз курсии пеши онёрдамчии Талал баромада, дариқафои онро боз намуд. Аз дохилимошин ду нафаре, ки зери чодарисиёҳ буданд, берун шуданд.-Ман имрӯз барои писари устодам якбазм ташкил карданӣ. Медонам, ки туба ҷинси зан он қадар таваҷҷӯҳнадорӣ. Аммо ба ман иҷозат медиҳӣ,ки имрӯз ба ту хизмат кунам,- гуфта баёрдамчиаш рӯ овард:-Канӣ, чодарро аз чеҳраи онҳо бардор,бубинем чӣ моле овардӣ?…Ёвар пардаи рӯи занеро, ки пештар азмошин фаромада буд, бардошт. Даррӯ ба рӯи онҳо як духтараки гандумгун,вале ситорагарме меистод, ки дарпешониаш қатраҳои арақ намудорбуданд. Ин духтар Саида буд ва арақирӯяш аз шарм ва ё гармии ҳаво буд,худаш ҳам намедонист. Салим як баин чеҳраи ҳайратзада нигаристубепарвоёна интизор истод, ки рӯидухтари дуюмро боз кунанд. Ин лаҳзаёрдамчии шайх Талал парда аз рӯипайкари саропо сиёҳпӯш боз намудва…ба тани шайх Салим гӯё ҳазоронватт барқро якбора пайвастанд. Дарпешорӯи ду шайхи дорои араб духтаремеистод, ки аз гиря чашмонашварамида буданд, аммо ин ба офтобемонанд буд, ки аз паси абри боронӣяк гӯшаи худро намуда истодааст.Салим ба ин чеҳраи ғамзада, вале баназараш ниҳоят зебо чанд дақиқамисли море, ки ӯро афсунгар бо наихуд бо баровардани пардаи аз ҳамаболои савт афсун карда истодабошад, беҳаракат монд. Баъд каме бахуд омада, ба сӯи Талал нигоҳ кард.Шайх Талал аз он таъсире, ки ин«духтари кӯча» ба Салим расонд,қаноатманд шуда гуфт:-Салим, гоҳ-гоҳ аз ин неъматҳоихудодод ҳам истифода бурдан даркор,зиндагиро рангоранг мекунанд…Аммо Салим, ки ҳанӯз ёрои сухангуфтан надошт, нимғурма чизе гуфтумонд.-Ростӣ, ҳамин аврупоиҳояш ба диламзадааст. Барои ҳамин гуфтам, ки индафъа осиёӣ биёранд.Ин вақт ёрдамчии Талал ба ӯ наздикшуда ба гӯшаш чизе гуфт. Талал «воҳ»гуфта бори дигар сар то поидухтаронро аз назар гузаронд.-Инҳоро ду рӯз пеш аз Осиёовардаанд. Ҳанӯз ба боду ҳавои моодат накардаанд ва ҳанӯз ҷойгаҳиарабро надидаанд,- ҳӣ-ҳӣ хандид шайхТалал.-Турк ҳастанд?-пурсид аз ёрдамчӣСалим, ки маҷоли гап задан пайдокарда буд.-Не, мегӯянд, ки тоҷик…Ин якқавмест, ки дар Осиёи Марказӣзиндагӣ мекунад. Бинед, чӣ қадарзебо мешудаанд…,-ба таври худ шарҳдоданӣ шуд ёрдамчӣ.-Медонам…,-гуфт Салим, ки дарКембриҷ маълумоти кофӣ гирифтабуд.Шайх Талал ба Салим пешниҳоднамуд, ки яке аз ду нафарро интихобкунад. Салим сар ба замин афкандабо нӯги ангуштон дастори худро тобдода гуфт:-Медонед, ки ман ба ин тоифа шавқнадорам. Ана нигоҳ кунед ба индухтаре, ки зеби беҳтарин ҳарамҳобояд бошад. Бо чунин ҳусну малоҳатба танфурӯшӣ машғул аст…,-Салим инсуханонро ба забон овардаравон азГулрафтор чашм канда наметавониства ба гуфти худаш ҳам чандон боварӣнадошт,- Шояд ӯ ба пул сахт ниёздошта бошад. Агар ба шавҳармебаромад, бо ин симое, ки ӯ дорад,шавҳараш аз дар баромаданнамемонд…-Ҳарчӣ ҳам бошад, ман ӯро бо маблағикалон оварда ба ту пешниҳод кардаистодаам. Рад накуну як шабро бо ӯсипарӣ кун…Шайх Салим дигар илоҷи раднамуданро наёфту ноилоҷ баёрдамчиаш, ки интизори фармони ӯбуд, ба Гулрафтор ишора намудасупориш дод:-Ӯро ба мошин шинонда бабӯстонсарои соҳили баҳр бар. Хӯрокдода шикамашро сер кун…Духтарон, ки аз гуфтугузори байниарабҳо чизе нафаҳмида буданд, баъдаз он, ки ёрдамчии Салим аз китфиГулрафтор гирифта ба сӯи мошинбурданӣ шуд, донистанд, ки онҳоро азҳам ҷудо мекунанд. Худро ба оғӯшиҳамдигар партофта, инони гиряро сардоданд. Онҳо намедонистанд, китанҳо пас аз солҳо дар ватани худ боҳамдигар во хоҳанд хӯрд……Утоқе, ки дар он Гулрафторро ҷойдоданд, бо шаҳомати худ саҳнаҳоифилмҳои ҳиндиро мемонд. Мизукурсиҳои аз чӯби ким- кадом дарахтипурқиммат сохташуда, гулдонҳоикалону хурди нақшин ва қандилибузурге, ки дар болои сар овезон буд,бо ҳазорон ранг ҷило медоданд. Дарбайни ин утоқи калон рахти хобибузурге монда буданд, ки атрофаш бопардаи ҳарир пӯшида буд. Болиштҳоипур аз нақшу нигор ва кӯрпаиосмонранг манзараи хонаро боз ҳампурҳашаматтар мегардонд. Дарпаҳлӯи рахти хоб мизи пастаке бо дукурсии зарҳалин гузошта шуда буд.Болои миз дар кӯзаҳои шишагин чанднамуд оби мева ва ким чи хелнӯшокиҳои дигар буд. Гулрафтор бочашмони аз гиря варамида иншаҳоматро тамошо дошт, ки даридутабақаи гулкориро боз намуда,хизматгорзани сиёҳҷурда, валеситорагарм дар болои лаълӣ чанд хелхӯрокро оварда, болои миз гузошту базабони арабӣ чизе гуфта аз дарбаромад. Бӯйи лазизи хӯрок иштиҳоробедор мекард, вале аз гулӯиГулрафтор дар ин ду рӯзи охир чизенамегузашт. Вай пайваста дарандешаи тақдири шум буд, ки ӯро баин гӯшаи дунё овард. Духтарак батирезае, ки бо пардаҳои ҳарир вамахмал оро дода шуда буд, наздикомад. Аз паси шиша оби беканоре баназараш расид. «Баҳр…» аз дилгузаронд Гулрухсор. Вай чолокона дутабақаи тирезаро боз намуд. Пардароба ҳаво бардошта, шамоли серунибегоҳирӯзӣ аз самти баҳр ба рухсораюбадани духтар вазид. Дар ҳақиқат инбаҳр буд, баҳри Сурх. Ин биноибоҳашамат яке аз бӯстонсароҳоиШайх Салим буд. Шайх аксар вақтбаъди сафарҳои аврупоиаш ба ин ҷоомада дам мегирифт ва нақшаҳоиояндаи кори худро мекашид. Дарлаҳзаҳои аз зани арабу аврупоияшхаста шудан низ, шайх ҳаминманзилро ихтиёр мекард ва тамомителефонҳоро хомӯш карда, чанд рӯзин ҷо ором мегирифт.Ин бор низ баъд аз вохӯрӣ бо дӯстипадараш ҳамин нақшаро дар сардошт, аммо Шайх Талал хоҳиш намуд,ки истироҳати худро ба таври дигаргузаронад ва бо ин мақсад барои ӯ бомаблағе, ки то ҳол ягон фоҳишаро боон харидорӣ нанамуда буд, духтарерокиро кард. Салим не гуфтанатавонист, хоса вақте ки ҳуснуҷамоли он духтари турк ё афғонро бочашми худ дид, ҳиссиёти аҷибе дарвуҷудаш туғён намуда, ин пешниҳодроқабул кард…
КИСАХОИ ЗИНДАГИ.
:МАН ТОЧИК БАЧА ((04))
Духтари точикро ба дубай бурда фурухтанд вале.....
(кисми 5) ....Ҷамила бо чашмони барқпош ба ин
суханон гӯш дода, беихтиёр нозе кард,
ки ба зани синну соли ӯ намезебид.
Шукрӣ ба ӯ наздик шуда, ноаён ба
думбааш даст расонд, ки аз ин
«илтифот» занак ба ваҷд омада,
беихтиёр худро ба ӯ наздиктар кард.
Ҳамаи инро аз зери чашм Гулрафтор
наззора мекарду бештар ба воҳима
меафтид. Дер ҳам бошад, оҳиста-
оҳиста ба ӯ аён мегардид, ки ба дасти
чӣ касоне афтодааст. Акнун чӣ
мешавад? Дар ин мулки ғарибӣ чӣ
гуна худро аз дасти онҳо халос
кунад? Ғайриихтиёр як қадам ба пеш
баромада, ба Ҷамила муроҷат намуд:
-Хола, моро ба аэропорт баред, ин кор
ба ман маъқул нест…
-Кадом кор? Ҳоло ту ягон кор
накардаӣ- ку?!
-Ана ин мардакро бинед, моро чӣ хел
таҳқиқ мекунад…
-Охир ӯ хуҷаини шумост ва ба ин ҳақ
дорад. Ту аввал ба кор сар кун, баъд
мебинӣ, ки маъқул мешавад ё не…Дар
бораи аэропорт бошад дигар андеша
ҳам накун. Шиносномаҳоятон дар
дасти хӯҷаин. Лозим шавад, ӯ шуморо
худаш бурда гусел мекунад. Бе
шиноснома ҳатто ба кӯча баромада
наметавонед. Аввалин пулис дошта
ба маҳбасхона мебарад…
-Ваҳ,чи рӯзе ба сарамон омад,-
беихтиёр фарёд баровард Саида,-
дугонаҳоям гуфта буданд-а, ки ин зан
ким чӣ хел шубҳанок, лекин мани
сода аҳамият надода, ба хайрхоҳию
ба инсофаш бовар кардам. Ана ба чӣ
рӯз расидам…
Духтарони дигар низ ба оҳу воҳ
даромаданду Гулрафтор хомӯшона ба
Ҷамила наздик шуда, ба рӯяш як
торсакии обдор фаровард. Духтарон
якбора ба сӯи Ҷамила ҳамла карданд.
Арабҳо, ки интизори ин моҷаро
набуданд, аввал чӣ кор карданашонро
надониста монданд, вале баъд Аш-
Шамур ва Шукрӣ ба духтарон часпида,
Ҷамиларо аз чанголи онҳо халос
карданӣ шуданд. Аммо ин ба онҳо
даст намедод, зеро аллакай Ҷамилаи
наҳифпайкар дар зери лагадҳои
духтарони фиребхӯрда қарор дошт.
Аш-Шамур ба Шукрӣ дод зад:
-Тахлуҳу ҳа улои…(Гӯй онҳоро халос
кунанд)
Шукрӣ ба тарафи дар рафта онро боз
намуд ва бо садои баланд чизе гуфта
фарёд кард.
Аз дар ду араби қавиҳайкал
даромада, ба сари духтарон омаданд
ва онҳоро мисли бозича ба ҳар
тарафи хона партофтанд. Духтарон
монанди кабӯтароне, ки ба онҳо боз
ҳамла кардааст, дар як гӯшаи хона
тӯда шуданд. Ҷамила мисли гунҷишки
парканда аз зери пои духтарон озод
шуда, либосҳои худро ба тартиб
даровард ва бо як ҳисси бадбинии
беохир ба онҳо нигариста гуфт:
-Хуб кардам шумо лаънатиҳоро. Акнун
аз дасти ин арабҳо то пир шуданатон
азият мекашед. Сад кас дар як рӯз
шуморо …Худозадаҳо…
Духтарон ба маънои суханони
охирини «хайрхоҳашон» сарфаҳм
рафтанд, аммо илоҷи раҳоӣ аз ин
вартаро надоштанд.
-Шаддал ҳозиҳи банот ва ағлиқ бозал
байти…(Ин духтаронро бандед ва
дари утоқро маҳкам кунед),-ин садои
омиронаи Аш-Шамур посбонони
қавиҳайкалро ба ҳаракат водор намуд
ва яке аз онҳо барои овардани банд
берун рафт. Аш-Шамур бо ишораи
даст Ҷамилаи паркандаро ба сӯи худ
хонд ва аз кулвори чармине, ки дар
даст дошт, ду даста доллар
бароварда, ба ӯ дароз карду ҷониби
Шукрӣ бо арабӣ чизе гуфт. Шукрӣ бо
лафзи шикастаю ба зӯр фаҳмои русӣ
ба Ҷамила гуфт:
-Это за всех девушек…(Ин барои
ҳамаи духтарон)
Ҷамила бо як ҳарисӣ долларҳоро аз
дасти шайх гирифта, онҳоро як аз
назар гузаронду ба Шукрӣ гуфт:
-Этого мало. Он обещал намного
больше…(Ин кам аст. Ӯ ваъдаи
бештаре дода буд) Шукрӣ гуфтаҳои
ӯро тарҷума кард. Аш-Шамур
истеҳзоомез хандиду боз дасташро ба
кулвор бурда, як дастаи дигар пул
баровард ва онро ба Ҷамила дароз
кардаистода ба Гулрафтор
ишоракунон чизе гуфт. Шукрӣ
гуфтаҳояшро тарҷума кард:
-Я могу их взять бесплатно. Но из за
этой красавицы могу дат и больше…
(Ман метавонам ҳамаи онҳоро бепул
соҳиб шавам. Аммо барои ин
зебосанам шуда зиёдтар медиҳам)
Ҷамила ин қабзаи пулро ҳам соҳиб
шуда, ношумур ба кулвори худ андохт
ва аз он ҷо як даста шиносномаҳои
хориҷии Тоҷикистонро бароварда, ба
дасти шайх супурд…Ҳамаи инро
духтарон мушоҳида мекарданд, вале
аз дасташон коре намеомад. Аллакай
араби посбон банд дар даст аз дар
даромада, интизори фармони хӯҷаин
буд…
Аш-Шамур бори дигар ба Гулрафтор
наздик шуда, мӯйҳои қирвори ӯро ба
даст гирифт ва ба Шукрӣ нигариста
гуфт:
-Ҷамилун…ҷамилун. Ан-нисо
ҷамилун…
Шукрӣ баъд аз чанд сухани дигари
хӯҷаин рӯ ба духтарон оварда гуфт:
-Шейх не хочет вас связат. Ведите
себя прилично. Завтра за вами
придут…(Шайх намехоҳад, ки шуморо
бандад. Худро нигоҳ доред. Пагоҳ
барои шумо меоянд…)
Баъд аз ин, пеш-пеш Аш-Шамур,
баъди ӯ Ҷамила, ки бо нигоҳи
нафратовар ба духтарон менигарист
ва дар охир Шукрӣ аз дар
баромаданд. Шукрӣ боз ҳам даст ба
думбаи Ҷамила бурд…
Посбонон баъд аз баромадани онҳо
дарро пӯшида, дар ду курсии рӯ ба рӯ
нишастанд. Аз дар ду зани араб дар
болои лаълӣ хӯрок ва зарфҳои
нӯшокидор даромада омаданд.
Духтарон намедонистанд, ки баъзеи
онҳо баъд аз чанд сол боз бо Ҷамила
рӯ ба рӯ мешаванд. Вале ин дар ҷои
дигар ва дар шароити дигар сурат
хоҳад гирифт…
Шумораи №48
Шайх Салим ас- Соиб ҳанӯз 26 сола
бошад ҳам, дар байни қабилаи худ ва
дар кишвар эътибори калон дорад. Ӯ
ба он дороие, ки аз падараш мерос
монда буд, дороӣ зам менамуд.
Падараш, ки соҳиби ширкати
нафткоркунии «Соиб ойл» буд, то
дами марги худ кӯшиш намуд, ки ба
писари ягонааш Салим маълумоти хуб
диҳад. Аз ин рӯ дар ҳамаи сафарҳои
хориҷии худ ӯро ҳамроҳ мегирифт.
Хатмкардаи донишгоҳи Кембриҷ
Салим ас-Соиб забони англисӣ ва
фаронсавию испониро хуб медонист.
Инчунин, бо роҳбарони бузургтарин
ширкатҳои нафткоркунии урупоӣ
тавассути падараш шиносоии хуб
дошт. Хулоса, вақте ки шайх Замир-
ас Соиб ин дунёро тарк намуд, молу
амволи ӯ ба дасти писари қобилу
соҳибмаълумот ва кордону
коршиносаш Салим монд. Салимро
барои он, ки аксари маблағҳои худро
дар шакли тилло дар бонкҳо нигоҳ
медошт, магнатҳои нафтӣ «Шайхи
Тиллоӣ» мегуфтанд. Ин лақаб оҳиста-
оҳиста ҳатто дар аксар мавридҳо ҷои
номи аслии ӯро мегирифтагӣ шуд.
Салим мувофиқи таъомули арабҳои
доро аллакай ду зан дошт. Ӯ дар
хонааш кам андар кам шуда, нисфи
вақти худро дар сафарҳои корӣ
мегузаронд. Зани аввалааш аз аҳли
қабилаи соиб буд ва дар Ар-Риёз
зиндагӣ мекард. Ин зан таълимоти
маъмулии арабӣ гирифта буд ва барои
Салим ҳамчун як ҷузъи риояи
таъомули қабила қадр дошту халос.
Зани дуюми Салим-Сюзан зодаи
Шотландия буда, бо ӯ писари магнати
араб дар вақти таҳсил дар Кембриҷ
шинос шуда буд. Сюзан, ки чеҳраи
сафед, мӯи зардчаранг ва чашмони
каб -кабуди осмонӣ дошт, аз
илмомӯзӣ дида бештар ба намоиши
тани зебои худ дар маҷаллаҳои
мардона рағбати зиёд дошт, яъне
мӯдпараст буд. Салим бо Сюзан танҳо
ба хотири бурдани гарав байни
ҳамсабақон хонадор шуд. Дороии
зиёд ва хушомаду тӯҳфаҳои
гаронқиммат охир кори худро
карданд ва Сюзан ба издивоҷ бо ин
ҷавони бои араб розигии худро дод ва
ӯ бештари вақташро дар соҳили баҳр
ё дар яхтае, ки онро ба ӯ Салим тӯҳфа
намуда буд, мегузаронд. Бо шавҳараш
танҳо вақте, ки ӯ ба Аврупо меомад,
вомехӯрд. Барои Салим дар набудани
ӯ Сюзан ба чӣ кор машғул буду бо
киҳо вақт мегузаронд, фарқ надошт.
Танҳо ҳар вақт, ки ӯ пул мепурсид, ба
суратҳисобаш миқдори талабнамудаи
ӯро мегузаронду бо ҳамин вазифаи
шавҳарии худро иҷрошуда меҳисобид.
Хулоса, то ин замон дили Салимро
ягон нафар зан ба худ моил накарда
буд ва чӣ будани ишқу муҳаббатро
намедонист. Ӯ танҳо ҳаминро
медонист, ки байни зану мард
метавонад фақат муносибати ҷинсӣ
ва қаробати чандлаҳзаина бошаду
халос. Боқӣ ҳама афсона аст…
Тайёраи шахсии Салим дар фурудгоҳи
Рос-ал Хайма-наздикии Дубай ба
замин фаромад. Ӯ дар он ҷо
кормандони шӯъбаи дар ин ҷо будаи
ширкаташ интизор буданд. Роҳбари
шӯъба ба зинапояи тайёра наздик
шуда баъд аз салому паём арз кард:
- Барои шумо дар худи шаҳр
департамент тайёр аст. Аввал ба он
ҷо рафта бо ҳисоботи мо ошно
мешавед ё рост ба соҳили баҳри Сурх-
коттедҷи дӯстдоштаатон меравед?
-Кори ту бад нест ва бо ҳисобот
баъдтар ҳам машғул шуданам мумкин.
Ҳоло ман мехоҳам як тан аз ошноҳои
падарамро дар Дубай зиёрат кунам.
Баъдтар ба ин масъала бармегардем.
Ӯ дигар сухане нагуфта ба лимузини
сиёҳ нишаст ва ёрдамчиаш, ки аз
паси Салим аз тайёра фаромада буд,
ба ронанда нишониро гуфту лимузин
бесадо ба ҳаракат даромад.
Кормандони шӯъба ҳам як - як ба
мошинҳои худ нишаста аз фурӯдгоҳ
берун шуданд…
…Шайх Талал, ки тақрибан 50-55 сола
буд, бо падари Салим чандин сол боз
ошногӣ ва равобити корӣ дошт. Худро
шогирди Замир-ас Соиб меҳисобид.
Зеро дар ҷавонӣ дар ширкати ӯ кор
карда, аз ҳамон ҷо қисмати аввали
дороияшро ба даст оварда буд. Баъд
аз марги шайхи бузург ҳам рафтуоро
бо писари ӯ қатъ намекард. Зеро
шайх Замир васият карда буд, ки
маслиҳати худро ба писари ӯ дареғ
надорад. Ӯ дар ҳарами худ соҳиби
чанд зан бошад ҳам, баъзан аз занҳои
кӯчагию даъватӣ рӯй наметофт. Ба
рафиқонаш мегуфт, ки чунин рафтор
аввал ҷавонии ӯро ба ёдаш меорад ва
баъдан зиндагиро рангоранг мекунад.
Рӯзе, ки Салим ба назди ӯ омаданӣ
буд, мехост «зиндагиро рангоранг»
кунад ва бо ин мақсад, ба ёрдамчии
худ фармуд, ки ба ҷойҳои муайян
рафта, ду-сето «моли нав» биёрад.
-Беҳтараш аз туркҳо ва ё афғонҳо
бошанд. Аврупоияш ба дилам
задааст…,-таъкид намуд Талал.
…Шайх Талал писари устоди худро
гарм дар оғӯш кашид ва ба қадаҳи ӯ
бо дасти худаш қаҳваи сиёҳ рехт. Ин
барои шайхҳои араб эҳтироми хоса ба
шумор меравад. Дар утоқи зарҳалин,
болои курсиҳои нарм сӯҳбати ду
шайхи доро хеле тӯл кашид. Баъд аз
нӯшидани чанд қадаҳ қаҳваи сиёҳ ва
кашидани қалёни тоза (як навъ
нашъае, ки аз тариқи офтобаи махсус
ба воситаи рӯда кашида мешавад)
шайхҳо ба рӯи ҳавлӣ баромаданд.
Ҳамин вақт хизматгор дарвозаи
бӯстонсаройро боз намуд ва аз он
мерседеси сиёҳе ба рӯи ҳавлии калон
дохил шуд. Аз курсии пеши он
ёрдамчии Талал баромада, дари
қафои онро боз намуд. Аз дохили
мошин ду нафаре, ки зери чодари
сиёҳ буданд, берун шуданд.
-Ман имрӯз барои писари устодам як
базм ташкил карданӣ. Медонам, ки ту
ба ҷинси зан он қадар таваҷҷӯҳ
надорӣ. Аммо ба ман иҷозат медиҳӣ,
ки имрӯз ба ту хизмат кунам,- гуфта ба
ёрдамчиаш рӯ овард:
-Канӣ, чодарро аз чеҳраи онҳо бардор,
бубинем чӣ моле овардӣ?…
Ёвар пардаи рӯи занеро, ки пештар аз
мошин фаромада буд, бардошт. Дар
рӯ ба рӯи онҳо як духтараки гандумгун,
вале ситорагарме меистод, ки дар
пешониаш қатраҳои арақ намудор
буданд. Ин духтар Саида буд ва арақи
рӯяш аз шарм ва ё гармии ҳаво буд,
худаш ҳам намедонист. Салим як ба
ин чеҳраи ҳайратзада нигаристу
бепарвоёна интизор истод, ки рӯи
духтари дуюмро боз кунанд. Ин лаҳза
ёрдамчии шайх Талал парда аз рӯи
пайкари саропо сиёҳпӯш боз намуд
ва…ба тани шайх Салим гӯё ҳазорон
ватт барқро якбора пайвастанд. Дар
пешорӯи ду шайхи дорои араб духтаре
меистод, ки аз гиря чашмонаш
варамида буданд, аммо ин ба офтобе
монанд буд, ки аз паси абри боронӣ
як гӯшаи худро намуда истодааст.
Салим ба ин чеҳраи ғамзада, вале ба
назараш ниҳоят зебо чанд дақиқа
мисли море, ки ӯро афсунгар бо наи
худ бо баровардани пардаи аз ҳама
болои савт афсун карда истода
бошад, беҳаракат монд. Баъд каме ба
худ омада, ба сӯи Талал нигоҳ кард.
Шайх Талал аз он таъсире, ки ин
«духтари кӯча» ба Салим расонд,
қаноатманд шуда гуфт:
-Салим, гоҳ-гоҳ аз ин неъматҳои
худодод ҳам истифода бурдан даркор,
зиндагиро рангоранг мекунанд…
Аммо Салим, ки ҳанӯз ёрои сухан
гуфтан надошт, нимғурма чизе гуфту
монд.
-Ростӣ, ҳамин аврупоиҳояш ба дилам
задааст. Барои ҳамин гуфтам, ки ин
дафъа осиёӣ биёранд.
Ин вақт ёрдамчии Талал ба ӯ наздик
шуда ба гӯшаш чизе гуфт. Талал «воҳ»
гуфта бори дигар сар то пои
духтаронро аз назар гузаронд.
-Инҳоро ду рӯз пеш аз Осиё
овардаанд. Ҳанӯз ба боду ҳавои мо
одат накардаанд ва ҳанӯз ҷойгаҳи
арабро надидаанд,- ҳӣ-ҳӣ хандид шайх
Талал.
-Турк ҳастанд?-пурсид аз ёрдамчӣ
Салим, ки маҷоли гап задан пайдо
карда буд.
-Не, мегӯянд, ки тоҷик…Ин як
қавмест, ки дар Осиёи Марказӣ
зиндагӣ мекунад. Бинед, чӣ қадар
зебо мешудаанд…,-ба таври худ шарҳ
доданӣ шуд ёрдамчӣ.
-Медонам…,-гуфт Салим, ки дар
Кембриҷ маълумоти кофӣ гирифта
буд.
Шайх Талал ба Салим пешниҳод
намуд, ки яке аз ду нафарро интихоб
кунад. Салим сар ба замин афканда
бо нӯги ангуштон дастори худро тоб
дода гуфт:
-Медонед, ки ман ба ин тоифа шавқ
надорам. Ана нигоҳ кунед ба ин
духтаре, ки зеби беҳтарин ҳарамҳо
бояд бошад. Бо чунин ҳусну малоҳат
ба танфурӯшӣ машғул аст…,-Салим ин
суханонро ба забон овардаравон аз
Гулрафтор чашм канда наметавонист
ва ба гуфти худаш ҳам чандон боварӣ
надошт,- Шояд ӯ ба пул сахт ниёз
дошта бошад. Агар ба шавҳар
мебаромад, бо ин симое, ки ӯ дорад,
шавҳараш аз дар баромадан
намемонд…
-Ҳарчӣ ҳам бошад, ман ӯро бо маблағи
калон оварда ба ту пешниҳод карда
истодаам. Рад накуну як шабро бо ӯ
сипарӣ кун…
Шайх Салим дигар илоҷи рад
намуданро наёфту ноилоҷ ба
ёрдамчиаш, ки интизори фармони ӯ
буд, ба Гулрафтор ишора намуда
супориш дод:
-Ӯро ба мошин шинонда ба
бӯстонсарои соҳили баҳр бар. Хӯрок
дода шикамашро сер кун…
Духтарон, ки аз гуфтугузори байни
арабҳо чизе нафаҳмида буданд, баъд
аз он, ки ёрдамчии Салим аз китфи
Гулрафтор гирифта ба сӯи мошин
бурданӣ шуд, донистанд, ки онҳоро аз
ҳам ҷудо мекунанд. Худро ба оғӯши
ҳамдигар партофта, инони гиряро сар
доданд. Онҳо намедонистанд, ки
танҳо пас аз солҳо дар ватани худ бо
ҳамдигар во хоҳанд хӯрд…
…Утоқе, ки дар он Гулрафторро ҷой
доданд, бо шаҳомати худ саҳнаҳои
филмҳои ҳиндиро мемонд. Мизу
курсиҳои аз чӯби ким- кадом дарахти
пурқиммат сохташуда, гулдонҳои
калону хурди нақшин ва қандили
бузурге, ки дар болои сар овезон буд,
бо ҳазорон ранг ҷило медоданд. Дар
байни ин утоқи калон рахти хоби
бузурге монда буданд, ки атрофаш бо
пардаи ҳарир пӯшида буд. Болиштҳои
пур аз нақшу нигор ва кӯрпаи
осмонранг манзараи хонаро боз ҳам
пурҳашаматтар мегардонд. Дар
паҳлӯи рахти хоб мизи пастаке бо ду
курсии зарҳалин гузошта шуда буд.
Болои миз дар кӯзаҳои шишагин чанд
намуд оби мева ва ким чи хел
нӯшокиҳои дигар буд. Гулрафтор бо
чашмони аз гиря варамида ин
шаҳоматро тамошо дошт, ки дари
дутабақаи гулкориро боз намуда,
хизматгорзани сиёҳҷурда, вале
ситорагарм дар болои лаълӣ чанд хел
хӯрокро оварда, болои миз гузошту ба
забони арабӣ чизе гуфта аз дар
баромад. Бӯйи лазизи хӯрок иштиҳоро
бедор мекард, вале аз гулӯи
Гулрафтор дар ин ду рӯзи охир чизе
намегузашт. Вай пайваста дар
андешаи тақдири шум буд, ки ӯро ба
ин гӯшаи дунё овард. Духтарак ба
тирезае, ки бо пардаҳои ҳарир ва
махмал оро дода шуда буд, наздик
омад. Аз паси шиша оби беканоре ба
назараш расид. «Баҳр…» аз дил
гузаронд Гулрухсор. Вай чолокона ду
табақаи тирезаро боз намуд. Пардаро
ба ҳаво бардошта, шамоли серуни
бегоҳирӯзӣ аз самти баҳр ба рухсораю
бадани духтар вазид. Дар ҳақиқат ин
баҳр буд, баҳри Сурх. Ин бинои
боҳашамат яке аз бӯстонсароҳои
Шайх Салим буд. Шайх аксар вақт
баъди сафарҳои аврупоиаш ба ин ҷо
омада дам мегирифт ва нақшаҳои
ояндаи кори худро мекашид. Дар
лаҳзаҳои аз зани арабу аврупоияш
хаста шудан низ, шайх ҳамин
манзилро ихтиёр мекард ва тамоми
телефонҳоро хомӯш карда, чанд рӯз
ин ҷо ором мегирифт.
Ин бор низ баъд аз вохӯрӣ бо дӯсти
падараш ҳамин нақшаро дар сар
дошт, аммо Шайх Талал хоҳиш намуд,
ки истироҳати худро ба таври дигар
гузаронад ва бо ин мақсад барои ӯ бо
маблағе, ки то ҳол ягон фоҳишаро бо
он харидорӣ нанамуда буд, духтареро
киро кард. Салим не гуфта
натавонист, хоса вақте ки ҳусну
ҷамоли он духтари турк ё афғонро бо
чашми худ дид, ҳиссиёти аҷибе дар
вуҷудаш туғён намуда, ин пешниҳодро
қабул кард…