Комментарии

  • 8 фев 2014 21:35
    Дӯш вақти саҳар аз ғусса наҷотам доданд,
    В-андар он зулмати шаб оби ҳаётам доданд.
    Бехуд аз шаъшаъаи партави зотам карданд,
    Бода аз ҷоми таҷаллӣ ба сифотам доданд.
    муборак саҳаре буду чӣ фархунда шабе,
    Он шаби қадр, ки ин тоза баротам доданд.
    Баъд аз ин рӯи ману оинаи васфи ҷамол,
    Ки дар он ҷо хабар аз ҷилваи зотам доданд.
    Ман агар комраво гаштаму хушдил, чӣ аҷаб?
    Мустаҳиқ будаму онҳо ба закотам доданд.
    Ҳотиф он рӯз ба ман муждаи ин давлат дод,
    Ки бад-он ҷавру ҷафо сабру суботам доданд.
    Ин ҳама шаҳду шакар, к-аз суханам мерезад,
    Аҷри сабрест, к-аз он шохи наботам доданд.
    Ҳиммати Ҳофизу анфоси саҳархезон буд,
    Ки зи банди ғами айём наҷотам доданд.
  • 8 фев 2014 22:44
    Дарахти дўсти биншон, ки коми дил ба бор орад,
    Нихоли душмани баркан, ки ранчи бешумор орад.
    Чу мехмони хароботи, ба иззат бош бо риндон,
    Ки дарди сар каши, чоно гарат масти хумор орад.
    Шаби сўхбат ганимат дон, ки баъд аз рўзгори мо,
    Басе гардиш кунад гардун, басе лайлу нахор орад.
    Иморидори Лайлиро, ки макди мох дар хукм аст,
    Худоро дар дил андозаш, ки бар Мачнун гузар орад.
    Бахори умр хох, эй дил, вагарна ин чаман хар сол,
    Чу насрин сад гул орад бору чун булбул хазор орад.
    Худоро, чун дили решам кароре баст бо зулфат,
    Бифармо лаъли нўшинро, ки зудаш бо карор орад.
    Дар ин бог аз Худо хохад дар ин пиронасар Хофиз,
    Нишинад дар лаби чўеву сарве дар канор орад.
  • 9 фев 2014 07:58
    Сари таслими ману хишти дари майкадахо,
    Муддаи гар накунад фахми сухан, гў: сару хишт.
    Ноумедам макун аз собикаи лутфи азал,
    Ту паси парда чи дони, ки ки хуб асту ки зишт?
    На ман аз пардаи такво бадар афтодаму бас,
    Падарам низ бихишти абад аз даст бихишт.
    Боги фирдавс латиф аст, валекин зинхор,
    Ту ганимат шумур ин сояи беду лаби кишт.
    Хофизо, рўзи азал гар ба каф ори ч,оме,
    Яксар аз кўйи харобот барандат ба бих,ишт.
  • 9 фев 2014 09:03
    Гуфтам, ки: "Хато кардиву тадбир на ин буд",
    Гуфто: "Чӣ тавон кард, ки тақдир чунин буд".

    Гуфтам, ки: "Басе хатти хато бар ту кашиданд",

    Гуфто: "Ҳама он буд, ки бар лавҳи ҷабин буд".

    Гуфтам, ки: "Қарини бадат афганд бад-ин рўз?"

    Гуфто, ки: "Маро бахти бади хеш қарин буд".

    Гуфтам: "Зи ман, эй моҳ, чаро меҳр буридӣ?"

    Гуфто, ки: "Фалак бо мани бадмеҳр ба кин буд".

    Гуфтам, ки: "Басе ҷоми тааб хурдӣ аз ин пеш?"

    Гуфто, ки: "Шифо дар қадаҳи бозпасин буд".

    Гуфтам, ки: "Ту, эй умр, чаро зуд бирафтӣ?"

    Гуфто, ки: "Фалонӣ ,чӣ кунам?Умр ҳамин буд".

    Гуфтам, ки: "На вақти сафарат буд чунин зуд".

    Гуфто, ки: "Магар маслиҳати вақт дар ин буд".
  • 10 фев 2014 11:01
    Даме бегам ба сар бурдан чахон яксар намеарзад,
    Ба май бифрўш далки мо, к-аз ин бехтар намеарзад.
    Ба кўйи майфурушонаш ба чоме барнамегиранд,
    Зихи сач,ч,одаи так,во, ки як согар намеарзад.
    Рак,ибам сарзанишх,о кард, к-аз ин боб рух бартоб,
    Чи афтод ин сари моро, ки хоки дар намеарзад.
    Шукўх,и точ,и султонй, ки бими ч,он дар ў дарй аст.
    Кулох,е дилкаш аст, аммо ба тарки сар намеарзад.
    Чй осон менамуд аввал гами дарё ба бўйи суд,
    Галат кардам, ки ин тўфон ба сад гавх,ар намеарзад.
    Туро он бех,, ки рўйи худ зи муштокон бипўшонй,
    Ки шодии чах,онгири гами лашкар намеарзад.
    Чу Х,офиз дар к,аноат кушу аз дунёи дун бигзар,
    Ки як ч,ав миннати дунон дусад ман ч,ав намеарзад
  • 20 фев 2014 07:21
    Сари таслими ману хишти дари майкадахо,
    Муддаи гар накунад фахми сухан, гў: сару хишт.
    Ноумедам макун аз собикаи лутфи азал,
    Ту паси парда чи дони, ки ки хуб асту ки зишт?
    На ман аз пардаи такво бадар афтодаму бас,
    Падарам низ бихишти абад аз даст бихишт.
    Боги фирдавс латиф аст, валекин зинхор,
    Ту ганимат шумур ин сояи беду лаби кишт.
    Хофизо, рўзи азал гар ба каф ори ч,оме,
    Яксар аз кўйи харобот барандат ба бих,ишт
  • 20 фев 2014 07:23
    Кай шеъри тар ангезад, хотир, ки х,азин бошад,
    Як нукта дар ин маънй гуфтему х,амин бошад.
    Аз лаъли ту гар ёбам ангуштарии зинх,ор,
    Сад мулки Сулаймонам дар зери нигин бошад.
    Гамнок набояд буд аз таъни х,асуд, эй дил,
    Шояд, ки чу вобини хайри ту дар ин бошад.
    Х,ар, к-ў накунад фах,ме з-ин килки хаёлангез,
    Нак,шаш ба х,аром, ар худ суратгари Чин бошад.
    Ч,оми майю хуни дил х,ар як ба касе доданд,
    Дар доираи к,исмат авзоъ чунин бошад.
    Дар кори гулобу гул х,укми азали ин буд,
    К-ин шохиди бозори в-он парданишин бошад.
    Он нест, ки Хофизро риндй бишуд аз хотир,
    К-ин собик,аи пешин то рўзи пасин бошад.
  • 20 фев 2014 07:29
    Воизон ин ч,илва дар болои минбар мекунанд,
    Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд.
    Мушкиле дорам зи донишманди мач,лис боз пурс:
    Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд?
    Гўйё бовар намедоранд рўзи доварй,
    К-ин ҳама қалбу дағал дар кори довар мекунанд.
    Ё раб, ин навдавлатонро бар хари худшон нишон,
    К-ин ҳама ноз аз ғуломи турку астар мекунанд.
    Эй гадои хонақаҳ, бархаҳ, ки дар дайри муғон,
    Медиҳанд обеву дилҳоро тавонгар мекунанд.
    Ҳусни бепоёни чандон, ки ошиқ мекушад,
    Зумраи дигар ба ишқ аз ғайб сар бар мекунанд.
    Бар дари майхонаи ишқ, эй малак, тасбеҳ гўй,
    К-андар он чо тиннати одам мухаммар мекунанд.
    Субҳдам аз арш меомад хурўше, ақл гуфт:
    "Қудсиён гўйй, ки шеъри Ҳофиз аз бар мекунанд
  • 20 фев 2014 07:49
    Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият,
    На ҳамин либоси зебост нишони одамият!
    Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ,
    Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
    Хӯру хобу хашму шаҳват шағаб асту ҷаҳлу зулмат,
    Ҳаявон хабар надорад зи ҷаҳони одамият!
    Ба ҳақиқат одамӣ бошу гарна мурғ бошад,
    Ки ҳамин сухан бигӯяд ба забони одамият.
    Магар одамӣ набудӣ, ки асири дев мондӣ?
    Ки фаришта раҳ надорад ба макони одамият.
    Агар ин дарандахӯӣ зи табиатат бимирад,
    Ҳама умр зинда бошӣ ба равони одамият...
    Таярони мурғ дидӣ; ту зи пойбанди шаҳват
    Бадар ой, то бубинӣ таярони одамият!
    На баёни фазл кардам, ки насиҳати ту гуфтам,
    Ҳам аз одамӣ шунидем баёни одамият
  • 20 фев 2014 07:53
    Дар намозам хами абрӯи ту бо ёд омад,
    Ҳолате рафт, ки меҳроб ба фарёд омад.
    Аз ман акнун тамаъи сабру дилу ҳуш мадор,
    К - он таҳаммул, ки ту дидӣ, ҳама барбод омад.
    Бода софи шуду мурғони чаман маст шуданд,
    Мавсими ошиқиву кор ба бунёд омад.
    Бӯи беҳбуд зи авзоъи ҷаҳон мешунавам,
    Шодӣ овард гулу боди сабо шод омад.
    Эй арӯси ҳунар, аз бахт шикоят манамо,
    Ҳаҷлаи ҳусн биёрой, ки домод омад.
    Дилфиребони наботӣ ҳама зевар бастанд,
    Дилбари мост, ки бо ҳусни худодод омад.
    Зери боранд дарахтон,ки тааллуқ доранд,
    Эй хушо сарв, ки аз бори ғам озод омад.
    Мутриб аз гуфтаи Ҳофиз ғазале нағз бихон,
    То бигӯям, ки зи аҳди тарабам ёд омад.
  • 7 июл 2014 17:05
    боши брат