Биё,

Биё!
Биё,ки дидани туро чу навбахор хостам.
Биё,ки дидани туро ба чашми чор хостам.
Биё,чу орзуи ман!
Бие,ба куи ман.
Ба чону дил туро хазор бор хостам!
Чу ёр хостам.
Садои мавчи хандаат ба ёд мерасад,
Хавои мавчи хандаат ба бод мерасад,
Шукуфтааст ишки ман,
Сабад -сабад,
Чаман -чаман.
Фариштаи хаёли ту чи шод мерасад.
Биё,ки зери боли ту панах барам,
Биё,чу соя бар сарам.
Ба буи ту нафас кашиданам чи хуш.
Ба буи ту хавас чашиданам чи хуш.
Хавас чи пар -паре занад,
Нафас ба хар даре занад,
Ки буи ту нишаста дар миёни чони ман!
Ту они ман!
Нишони ман!
Хуш омади чу умри човидони ман.

Комментарии

Комментариев нет.