Эй падар,шод равонат, ки ғаминам карди,

Мисли абри сиях,е тирач,абинам карди.
Дилшикаста зи замону зи заминам карди.
Будам афлокнишин , хокниширам карди.
Мах,раме ку, ки дигар рози диламро донад?
Х,амдиле ку, ки дигар сози диламро донад?
Ғаврасе ку, ки дигар ози диламро донад?
Х,амдаме ку, ки дигар нози диламро донад?
Бе ту андар назарам нур дар ин дунё нест,
Зани хунич,игарам, нур дар ин дунё нест.
Чун ба дунё нигарам, шур дар ин дунё нест,
Эй Худо, бе падарам, нур дар ин дунё нест!
Аз чи дар хонаи ман шох,сутунам бишкаст?
Эй Худо, рахти ч,авониву ч,унунам бишкаст,
Олами хуррамиву нозу фусунам бишкаст,
Гуиё зилзила беруну дарунам бишкаст.
Ч,онфишон баски буди дар рах,и зан чун мардон,
Андар ин руз,ки хонанд варо Рузи Занон,
Х,адя бар модару духтар насупурди осон
Х,ар ки биспурд гуле, лек ту биспурди ч,он!
Баъд аз ин иди занон ояду ман доғи падар,
Сад бах,оре ба хазон ояду ман доғи падар.
Олам аз ман ба фиғон ояду ман доғи падар,
Бар сарам хоби гарон ояду ман доғи падар.

Комментарии