24 ноя 2023

🍂 Гаронбаҳотарин неъмат дар дунё чист?

Иброҳим алайҳиссалом орзу кард, ки падараш мусалмон шавад,
Нӯҳ алайҳиссалом орзу кард, ки писараш мусалмон шавад,
Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам орзу кард, ки амакаш мусалмон гардад,
Аммо Худованди мутаол имонро насиби онон накард, вале моро бидуни дархости касе мусалмон қарор дод.
Яъне Худованд ба мо неъмате бахшидааст, ки ба падари Иброҳим, писари Нӯҳ ва амаки Муҳаммад (с) набахшида аст.
Пас қадри ин неъматро, ки гаронбаҳост, бидонем.
📖 "Бегумон Худованд фазли худро шомили ҳоли мардум мекунад, вале бештари мардум шукргузорӣ намекунанд" (Ғофир - 61)

Комментарии