Дару девори ҷаҳон худ дару девори зан аст,

Кори дунё ҳама дар пайравии кори зан аст.
Нест ҷуз бори хас он бор, ки мардон бикашанд,
Ғами дунёи наву куҳна ҳама бори зан аст.
Эй ки дидори ҷаҳон дидаву бархурдорӣ,
Дон, ки дидори ҷаҳон лаззати дидори зан аст.
Рӯз аз хандаи ӯ равшанӣ гирад то шом,
Моҳи шаб шуълае аз дидаи бедори зан аст.
Осмонро набувад он ҳама рафъат, ки варост,
Гулу гулзори замин як гули рухсори зан аст.
Бипазад з-оташи ишқаш на ҳама ошиқи хом,
На ҳама марди харидор сазовори зан аст.
Гар равад зери замин ё ба фалак хайма занад,
Ҳар куҷо марди бузургест, гирифтори зан аст.

Комментарии

  • 24 мар 2016 06:36
    Бахшиш апащка аму хичобам мо биёрем пушонемтон инам мардо бояд кунан
  • 24 мар 2016 06:39
    Акашка мебахшед гап дар хичоб пушидану либос пушидан нест. Гап дар дину Имон хаст. Гап дар дили пок доштан хаст акашка.
  • 24 мар 2016 06:43
    Пас гап дар дилу нияти пок бошад барои худован инро неё хичобро фарз гардон барои зан бале бояд дил нияти пок хамаи мусалмон дошта бошад амо мусалмон бояд
  • 24 мар 2016 06:44
    Ба тамоми фарз ва сунати паёмбар чанг занад ва мусалмони комил шавад
  • 24 мар 2016 06:49
    Хичоби хар як зан аввалаш шарму хаё ва дину имони комилаш мебошад. Хичоба пушаду чунин чизхоро надошта бошад нопушиданаш бехтар хаст.
  • 25 мар 2016 06:36
    Рост аҳсан ба ту
  • 30 мар 2016 14:00
    Чаннат зери пои занон нест и шиори точикохай авалин хатое ки инсон кард аз тарафи зан буд ва мардрохам бо ин хато шарик сохт
  • 30 мар 2016 14:27
    Исбот.
  • 30 мар 2016 18:04
    Мебахшед додари акаи чизеро, ки гуфта истодаи исбот кардан метони ё не? Чун ки бе далел гап назан. Магар суханхои Паёмбарро нашунидаи, ки гуфтааст: агар касе хидмати модар кунад ба Бихишт хохад рафт. Ин якум дуввум агар мард акл медошт ба он хатоги рох намедод. Ин айби зан набуд, балки хости Худованд буд. Агар мардхо баакл бошанд ба гапи занхо гуш намекарданд пас мард ба зан бовари дораду бо майнаи сари худ неву бо майнаи сари зан кор кардаст, пас мард ба нодонии худ тан додасту ба худ бовари надоштааст, ки дар пайравии зан ба хатоги рох додааст.
  • 30 мар 2016 19:34
    апачон оё гунох карданхам бо хости худо мешавад
  • 30 мар 2016 19:45
    Магар мард гунох накард? Мард хам гунох кард. Пас у бо амри ки ин гунохро кард? . Агар мард акл медошту мартабаи баланд медошт дар Бихишт мемонд, ва зан ронда мешуд, аммо афсус, ки мард хам хамрои зан аз Бихишт ронда шуд ку. Бинобарин танхо зан гунахкор нест. Дуввум Шумо гуфтен ки магар гунох кардан хам хости Худо аст. Охир бе хукми Худо барг нарезад зи дарахт.
  • 30 мар 2016 19:50
    Сиру асрори Худои бузургро хеч кас намедонист, намедонад ва нахохад донист. Хар чи дилат хост на он мешавад. Он чи Худо хост хамон мешавад.
  • Комментарий удалён.
  • 17 дек 2020 05:47
    Ахсан ба шумо ,Nilguna
  • 7 мар 09:06