Баъди ман оӣ фурў бар обу гил?Гуфт,: Ман даҳ бор меоям фурӯд,Мебарам даҳ гавҳар аз дунё ба худ.Гуфт Пайғамбар: Кадомин гавҳар аст,К- аз заволаш ҳоли дунё абтар аст?Ҷабраил гуфто,ки дар аввал қадам,Гавҳари сабр аз дили мардум барам.Бори дуюм гавҳари шарму ҳаё,Мебарам ҳамроҳи худ, эй Мустафо.Шармро мардум баранд аз ёдҳо,Кас нашармад аз касеву аз Худо.Бори сеюм чун расам аз осмон,Мебарам ман гавҳари меҳр аз ҷаҳон.Меҳрубонӣ меравад аз ёдҳо,Кай расад аз кас ба кас имдодҳо?!Бори чорум чун биёям, аз миёнМебарам ман гавҳари адли шаҳон.Тухми анқо мешавад инсофи халқ,Оҷизонро мерасад ҷонҳо ба ҳалқ.Бори панҷум чун биёям бар ҷаҳон,Мебарам ман гавҳари файз аз миён.Меравад аз вақт ҳам файзу футӯҳ,Кас наёбад дар ҷаҳон фарру шукӯҳ.Бори шашум, эй Расули мӯҳтарам,Гавҳари хайру саховат мебарам.Кас надорад дӯст халқи камбағал,Дар ҳақаш гӯянд алфози дағал.Ман зи руи ин ҷаҳони бешу камБори ҳафтум ростиро мебарам.Чун ҳамин гавҳар намонад дар миён,Ҷуз каҷӣ чизе набинӣ дар ҷаҳон.Бори ҳаштум ман ба амри ЗулҷалолМебарам аз ин ҷаҳон дурри ҳалол.Гар чунин гавҳар намонад, субҳу шомКас набишносад ҳалолаш аз ҳаром.Дафъаи дигар аз ин даҳри дағалМебарам ман гавҳари поки амал.Ҳамчу занбурони машрум аз асалОлиме бар илм нанмояд амал.Дафъаи охир ки меоям падид,Мебарам ман файзи Қуръони маҷид.Чун ҳамин даҳ гавҳар аз олам равад,Дар ҷаҳон пайдо Қиёмат мешавад.
Doston Shodiev
Кард Пайғамбар суол аз Ҷабраил:
Баъди ман оӣ фурў бар обу гил?
Гуфт,: Ман даҳ бор меоям фурӯд,
Мебарам даҳ гавҳар аз дунё ба худ.
Гуфт Пайғамбар: Кадомин гавҳар аст,
К- аз заволаш ҳоли дунё абтар аст?
Ҷабраил гуфто,ки дар аввал қадам,
Гавҳари сабр аз дили мардум барам.
Бори дуюм гавҳари шарму ҳаё,
Мебарам ҳамроҳи худ, эй Мустафо.
Шармро мардум баранд аз ёдҳо,
Кас нашармад аз касеву аз Худо.
Бори сеюм чун расам аз осмон,
Мебарам ман гавҳари меҳр аз ҷаҳон.
Меҳрубонӣ меравад аз ёдҳо,
Кай расад аз кас ба кас имдодҳо?!
Бори чорум чун биёям, аз миён
Мебарам ман гавҳари адли шаҳон.
Тухми анқо мешавад инсофи халқ,
Оҷизонро мерасад ҷонҳо ба ҳалқ.
Бори панҷум чун биёям бар ҷаҳон,
Мебарам ман гавҳари файз аз миён.
Меравад аз вақт ҳам файзу футӯҳ,
Кас наёбад дар ҷаҳон фарру шукӯҳ.
Бори шашум, эй Расули мӯҳтарам,
Гавҳари хайру саховат мебарам.
Кас надорад дӯст халқи камбағал,
Дар ҳақаш гӯянд алфози дағал.
Ман зи руи ин ҷаҳони бешу кам
Бори ҳафтум ростиро мебарам.
Чун ҳамин гавҳар намонад дар миён,
Ҷуз каҷӣ чизе набинӣ дар ҷаҳон.
Бори ҳаштум ман ба амри Зулҷалол
Мебарам аз ин ҷаҳон дурри ҳалол.
Гар чунин гавҳар намонад, субҳу шом
Кас набишносад ҳалолаш аз ҳаром.
Дафъаи дигар аз ин даҳри дағал
Мебарам ман гавҳари поки амал.
Ҳамчу занбурони машрум аз асал
Олиме бар илм нанмояд амал.
Дафъаи охир ки меоям падид,
Мебарам ман файзи Қуръони маҷид.
Чун ҳамин даҳ гавҳар аз олам равад,
Дар ҷаҳон пайдо Қиёмат мешавад.