Бо Ватан, ҳамватанам, тоҷики озод манам!

Ҳамчу булбул ба тамошои лиқои чаманам!
Чун Ватан пираҳане ҳаст ба андомаи тан, Шарми урён бувадам гар набувад пираҳанам. Розиям чун намакаш кӯр кунад ҳарду басар,
Ки ман аз нони Ватан хурдаву з-он дил биканам.
Ҳама иззат зи касу кадри сухан дар Ватан аст.
Арзише нест чу ин дар ватани кас ,суханам.
Рушди ҳар рӯзи Ватан, бар каси ағёр чи сӯд?
Саъй андар раҳи обод бикӯш,ҳамватанам!
Дур будан аз Ватани хеш,ки гуфт беватани ?
Дар Ватан будану бе меҳри Ватан беватанам. Хар куҷое,ки равам боз биёям ба Ватан,
Бо Ватан соҳиби бахтам,ки соҳибватанам.
Гар маро гарм дар огуш накунад, хоки Ватан, Тани беҷони маро хеҷ напӯшад кафанам. Ғезанӣ, гулшани шеърат нахушкад зинҳор,
То даме пуршуда қалбест зи меҳри Ватанам

Комментарии

  • 24 сен 2023 10:02
    Як ҷаҳон чун мо бирафту зулму озор аст, ҳанӯз,
    Маҳзун аз озор бозо ,куштаи дор аст, ҳануз.
    Таърихи хунолуди мо , мояи ибрат нашуд,
    Чашми ҳакомузи моро, тираву тор аст,ҳанӯз
    Мастиҳо буданд в-он пас,пастиҳо то ин замон,
    Соқиву масти шаробу зишту хаммор аст ҳанӯз.
    Сад улум омад ба дунё,панд моро гуфту рафт,
    Дарки бепарвои моро , боз нокор аст , ҳанӯз.
    Рохи Ҳак холист бозо , майл бар бероҳаҳо,
    Пой дар каҷроҳаҳои даҳр бемор аст, ҳанӯз
    Баҳри пойдории аҳком, чон бахшиданду рафт,
    Ҳайф бодо к-ин шариат,назди мо хор аст ҳанӯз
    Чашми носери зи сарват сер гардад зери хок,
    Зинда чун олам бигирад, боз нодор аст, ҳанӯз.
    Кори дунёро касе то қабзи ҷон итмом накард,
    Фурсати тоъат надорем ,кор бисёр аст, ҳанӯз.
    Нафси дунёро бикуш, бар хеш боз о, Ғезанӣ!
    Ҳар даму фурсат ғанимат, набз дар кор аст, ҳанӯз.
  • 22 окт 2023 05:13
    Эй, ки ношукри туро , сад дарду иллат оварад ,
    Шукри неъмат ҳаа гадоро сӯи сарват оварад.
    Шукр моро халқи ин миллат адолатпарвар аст.
    Ин адолат, рӯшноӣ, сӯйи давлат оварад.
    Хуш, ки ваҳдат пойдору ройи мо сулҳу субот ,
    Ин рафоқат халки моро ,бар саодат оварад.
    Меҳри модар, меҳри миллат , дустиву ҳамдилӣ Баҳри меҳан ҳам нишоту ҳам садоқат оварад.
    Бе асорат зиндагонӣ , дӯстдоронро чи хуш ,
    Бо асорат зиндагонӣ , худ адоват оварад .
    Чун ба меҳан Ғезанӣ , сулҳу амон пояндагист,
    Сулҳи меҳан баҳри меҳан, худ башорат оварад