САФАР КАРДАМ

Ба он шахре,ки сангу обу хокаш,кудаку пираш
Чавону марду номардаш
Ва хатто бомжхои масту бадбуяш
Ва хам алкулии бадгую бадруяш
Намехоханд дидан ранги моро дар замини хеш
Вале ман з-ин хама сарфи назар кардам
Бале худро ба нодони задам мачбур
Гахе кар будаму гах кур
Чаро,ки ин замон ойинаам мухточ бар хокистари инхост
Зи бас музди маоши тифлакон дар кишвари инхост
Зи баски нону оши тифлакон дар кишвари инхост
Бубахшо эй Ватан-Модар
Агарчи дуст медорам туро бо чон
Вале фарзанди худро дустар дорам
Агарчи ту маро зоди
Пару боли расо доди
Рахи фардом бикшоди
Вале имруз рохамро дигар кардам
Бубахшо сарпанохамро дигар кардам
Шабонрузи намози ишк мехонам
Намози ишки ту,ёди ту,номи ту
Намозамро набошад хеч таъхире
Намозамро набошад хеч тагире
Валекин чонамозамро дигар кардам
Валекин сачдагохамро дигар кардам
Ватан ту киблаам хасти
Ватан ту кибла мемони
Ки харгиз кибларо дигар нахоам кард

Комментарии

Комментариев нет.