Globus 3404
18 ноя 2022

Дӯстон ҳарчи бештар бознашр кунед, то дидгоҳи ин масъала барои ҳама равшантар гардад!!!

Се саволе, ки вобаста ба масоили марз бояд холисона аз ҷониби журналистон таҳлил ва бо забонҳои мухталиф тарҷума гардад.
1. Чаро ҳамлаи қирғиз ба марзи Тоҷикистон ҳангоми баргузории ҷаласаи Созмони ҳамкории шанхай дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон сурат гирифт?
2. Вақте президенти кишвари қирғиз Садир Ҷаппаров дар хориҷ буд нақшаи ҳамла ва дастури ҳамларо ба марзи Тоҷикистон кӣ дод?
3. Чаро баъд аз гуфтушуниди роҳбарони кишварҳо ва амри оташбас нерӯҳои қирғиз ҷониби сокинони осоиштаи Тоҷикистон ҳамла карданд ва чандин нафарро ба ҳалокат расониданд. Дар ин амали зишт кӣ даст дошт?
Агар ин саволҳо ҳадафмандона ва холисона аз ҷониби ВАО-и дохилу хориҷ матраҳ гарданд ҳақиқат рӯи об мебарояд. Албатта инҷо омилҳои сиёсӣ ва манфиатхоҳӣ дар сатҳи минтақавӣ вуҷуд дорад. maxkamzodasherozi@gmail.com

Комментарии

Комментариев нет.