- Ба рӯзи модар Ҳар нафас бинам ман акси беғубори модарам Сирату ахлоқи неки бебаҳойи модарам Солҳо бигзашту нестӣ дар бару паҳлӯи ман Баҳри ман ту зиндаиву ҷовидони модарам Бе ту ин чархи фалак маъно надорад модаро Зиндаям андар ҷаҳони бекарони модарам Дар ҷавонӣ рафтию ҳаргиз намеойи ба хоб Эй дареғи зулфу чавгони ҷавони модарам Панду андарзи ту доим раҳнамойи қалби ман Эй ту устоди бузургу меҳрубони модарам Ишқу меҳрат дар вуҷудам шуълавар бошад мудом Ёди ту ҳамчун баҳори бехазонӣ модарам Мерасад рӯзе ки Ошиқ меравад аз ин саро Ибтидою интиҳойи зиндагонӣ модарам Ошиқи Воруӣ
- Дило ту меҳрубонӣ кун, ки рӯзи модарон омад, Ба модар қадрдонӣ кун, ки рузи модарон омад. Ба душаш зиндаги боре, зи ғам як умр беморе, Чу Сино дармонӣ кун, ки рӯзи модарон омад. Маранҷон модари зоре агар бар по халад хоре, Ба Ӯ ширин забонӣ кун,ки рӯзи модарон омад. Баҳор омад диёри мо фараҳбахш навбаҳори мо, Канораш гулфишонӣ кун, ки рӯзи модарон омад. Бикун пок ашки чашмонаш мадеҳ озор ормонаш, Табассуми лабонӣ кун,ки рӯзи модарон омад. Биҳишти ҷовидон хоҳӣ дуъои хайри модар гир, Дуъояш ҷисми ҷонӣ кун ки рӯзи модарон омад. Забон гар булбули гуё, ба рӯзи модари дунё, Ҳама руз имтиҳонӣ кун,ки рӯзи модарон омад. Дило базми Раббонӣ кун ки иди модарон имрӯз, Ҳамин мужда расонӣ ку
- Иди бахор, иди Модар ва бонувон, иди 8-март муборак бод. Сараввал модари худ ва тамоми бонувону Модарон, апаву хохарону мухлисони кишварро ба муносибати 8-март -РУЗИ МОДАР табрику муборакбод мегуям! Бароятон хушбахти, бурдбори ва дар хамаи икдому ташаббусхоятон муваффакиятхо таманно дорам! Шумо ки бо бахор хамсимову хаммаъноед тачаддуду тозаофарини пирузиву бехрузи саломати бехалал ва бахту шодии бемасал орзумандам.. Бигузор доим чинси латиф аз мардони кадрдон рози бошанд.. Дуо дорам то хар як фарзанд ба кадри хар як катраи шири модар ба кадри хар як мича задан дар шабхои тулонии бехоби ба кадри хар як аллахои саршор аз мехру мухаббати модарони гамгусор бирасанд.. Худованд харгиз модаронро б
- Эй Худоё,қудратат ҳар гаҳ аёнам мекунӣ. Меҳри худро то абад дар ҷисму ҷонам мекунӣ. Рӯзаи моҳи шарифат додаӣ шодам аз он. Файзи ин моҳи мунират бар ҷаҳонам мекунӣ. Рӯзадориҳо бароям ифтихор асту шараф. Бандаи дилбастаам бар ҳақ равонам мекунӣ. Ҳар баду неки ҷаҳонро дидаам ман борҳо. Дар миёни неку бадҳо имтиҳонам мекунӣ. Эй аҷаб,моҳи мунират баҳри мо бошад азиз. Ҳар шаби ифтор доим меҳмонам мекунӣ. Рӯзадорӣ фарз гуфто Мусҳафат бар бандагон. Доштам рӯза ҳамоно шодмонам мекунӣ. Шукри Оллоҳ рӯзадориро намудам пешае. Қуввате дода ба ҷисмам дар амонам мекунӣ.
- Омад Рамазону ба макдамаш расидам, Дар рохгузараш табак-табак гул чидам. Ман бо забон шукр бигуям ки ба чашм, Як бори дигар мохи Худоро дидам.
- Парвардигоро !!! Агар дар ин ҷаҳон касе ҳаст, ки тоби дидани хушбахти маро надорад, чунон хушбахташ кун, ки хушбахти маро аз ёд барорад!
- Бахори нав бароятон шодихои бешумор орад, Хама хушбохтихо монанди борон бар саратон борад. Хамеша мисли гулхои чаман сохибназар бошед, Худо он тухми шоди доимо дар калбатон корад. Рӯзи аввалин баҳор муборак бошад Орзу дорам ки ҳамеша дар ҳаётатон фасли баҳор бошад ва орзуҳоятон мисли гул яке пайи дигаре шукуфанд
- Падар буди дарахти соябонам. Ду дасти пурдуои хонадонам. Намуди таркам мондам ба дил армон. Чи созам бе ту акнун нотавонам. Бирафти рафта бо ту нури хонам. Бар калбам монд мехрат ошёна. Шуда хамрози ман ёди накуят. Бар аксат бинигарам бо хар бахона. Навозишхот чу меорам ба ёдам. Зи хасрат ларза мегирад ниходам. Бирафти монд хона саду торик. Фалакро кард хомуш оху нолам. Ба хоки пои ту зорам Падарчон. Надида руи ту хорам Падарчон. Ту будию чахон буд олами нур. Ман акнун бе ту беморам Падарчон. Ман дуогуи туям хар субху шом. Дидори мо дар чаннат аст Падарчон.
- Ранги гулро булбул кашид барги гулро бод бурд. Захматашро Модар кашид дурхарашро домод бурд.
- Рузе ки аз олам равам хохам ки чун одам равам. Як каф дуо созед бар ман то аз чахон бегам равам.