#Манучеҳрии_Дамғонӣ

Эй дил, чу ҳаст ҳосили кори ҷаҳон адам,
Бар дил манеҳ зи баҳри ҷаҳон ҳеҷ бори ғам.
Афканда ҳамчу суфра мабош аз барои нон,
Ҳамчун танўр гарм машав аз пайи шикам.
Ту масти хоби ғафлативу аз барои ту
Эзид фиканда хони карам дар сапедадам.

Комментарии

Комментариев нет.