#Мавлавии_Ҷунунӣ

Сина бар тири ғами дуст сипар мебинам,
Як қадаҳ, нуш дусад хуни ҷигар мебинам.
Борҳо cap бидиҳам дар раҳи ишқаш чу қалам,
Боз зери хами шамшери Ту cap мебинам.
Куштаи ханҷари ишқи Ту намирад ба аҷал,
Дили худ зинда ба Исои дигар мебинам.
Бисмили теғи Ту роҳат зи тапидан ёбад,
Завқи сузи дилам аз шарфаи пар мебинам.
Ғута дар кулзуми ваҳдат задаам чандоне,
Ҷазбаи мавҷфишон дурри гуҳар мебинам.
Зоҳидон сабҳи худ ҳадя ба зардор баранд,
Кимиёест ба дил маъдани зар мебинам.
Пай намебурд касе зуд зи доғи дили мо,
Оҳи пурдард аз ин дидаи тар мебинам.
Чашм во кардану пушист дами фурсати умр,
Эй Ҷунун, гунбади ин чарх ду дар мебинам.

Комментарии

Комментариев нет.