Он меҳр ба ман ато, ки шайдои ту буд,Муштоқу фирефта ба Мавлои ту буд.Доман зи суботи даҳр барчинам аз он,Дар гӯшаи узлате, ки ғамҳои ту буд.*** *** ***Ҷӯёни ту шуд чу кас талабгор кунӣ,Гирёни ту шуд чу кас ба дидор кунӣ.Месозӣ яке ба сунъу қудрат дигар,Ин ҳар ду зи кони туст бозор кунӣ.*** *** ***Ҷуз аҳли ямин ба ҷуди Мавло накунад,Ҷуз дил ба Худо яқину барҷо накунад.Доранд фасаҷҷаду шимолон ба ямин,Аз кибру ҳасад зи буғз парво накунад.
Бузургон ва Ҳакимони Форсӣ
#Суфи_Мубораки_Вахонӣ
Он меҳр ба ман ато, ки шайдои ту буд,
Муштоқу фирефта ба Мавлои ту буд.
Доман зи суботи даҳр барчинам аз он,
Дар гӯшаи узлате, ки ғамҳои ту буд.
*** *** ***
Ҷӯёни ту шуд чу кас талабгор кунӣ,
Гирёни ту шуд чу кас ба дидор кунӣ.
Месозӣ яке ба сунъу қудрат дигар,
Ин ҳар ду зи кони туст бозор кунӣ.
*** *** ***
Ҷуз аҳли ямин ба ҷуди Мавло накунад,
Ҷуз дил ба Худо яқину барҷо накунад.
Доранд фасаҷҷаду шимолон ба ямин,
Аз кибру ҳасад зи буғз парво накунад.