чавонони мусалмон Ба номихудованди ҷон офарин, Ҳакими сухан дарзабон офарин. Аз ҷумлаи масъулиятҳоибузурге, ки Ислом ба уҳдаи волидайнумураббиён ва тамоми сарпарастонгузоштааст, таълим додани аҳкоми наврасӣ вабалоғат мебошад. Замони шуруъи ин навъомӯзиш вақте аст, ки кудак аҳкоми шаръиимарбут ба ангезаи шаҳвониро бишносад ваэҳсоси рушди ҷинсӣ кунад. Духтару писар дарин таълим баробаранд, зеро ҳар ду шаръанмукаллафанд ва аз амалҳои худ дар наздиХудову Расул (с) ва сарпарастону ҷомиъамасъуланд. Бинобар ин бар волидайнумараббиён зарур аст, ки ҳангомефарзандашон ба синни наврасӣ аз 12 то 15солагӣ расиданд, ба эшон ошкоро суҳбаткунанд. Ба эшон бигӯянд, ки агар дучориинзоли манӣ бо ҷаҳиш ва шаҳват шуданд,дигар болиғ шудаанд ва шаръан мукаллафанд.Ҳар масъулият ва таклифе, ки бар мардонибузург воҷиб бошад, бар эшон низ минбаъдвоҷиб мебошад. Ҳамчунин модарон васарпарастон духтарони аз нуҳ сола болоро батаври ошкор бигӯянд, ки агар хоби шаҳвонӣдиданд ва дар либосашон оби рақиқизардранг намоён гашт ва ё хуни ҳайз аз эшонпадид омад, дигар онҳо шаръан мукаллафгаштаанд. Ҳар масъулият ва таклифе, ки барзанони бузург воҷиб бошад, бар эшон низминбаъд воҷиб мебошад. Дини мубини Исломмасъулияти ошкоро суҳбат намуданро дар инмаврид ба души падару модар ниҳода аст, токи фарзандон дар мавриди масоили ҷинсӣ вамайли шаҳвонии худ фаҳму биниши амиқ вадақиқе дошта бошанд. Ва ҳар масъулият ватаклифоти шаръие, ки бар уҳдаи эшон воҷибгашта бошад, ба шакли дуруст анҷомбидиҳанд. Чи бисёр духтаронеанд, ки азсабаби надонистани аҳкоми ҷанобат ва ҳайзсолҳои дароз нопок гаштаанд? Чи бисёрписаронеанд, ки аз сабаби надонистаниаҳкоми ҷанобат ва эҳтилом солҳои дарознопок гаштаанд? Чи бисёр писаронудухтаронеанд, ки аз сабаби надонистаниаҳкоми ҷанобат ва эҳтилом солҳои дароз ботани нопок ба гумони ин ки ибодати Худороанҷом додаанд, намоз гузоштаанд? Бинобар инаввал падарону модарон, сипас мураббиёнусарпарастон масъуланд, ки дар ин бора бофарзандон пеш аз оне ки ба синни эҳтилом вабалоғат бирасанд, ошкоро ва ба тарзиҳакимона сухан бигӯянд. То эшон аз инмасоил огоҳ шаванд ва биниши дурусте дармавриди ангезаҳои ҷинсӣ ва ғароизи шаҳвонӣдошта бошанд. Агар чунин накунемфарзандони мо дар ноогоҳии комил ба аҳкомиилоҳӣ умри худро сипарӣ менамоянд. Аҳкоме,ки бар асоси он бояд ҳаққи Худо, ҳаққи дин ваҳаққи нафси худро адо намоянд.Мутаассифона фарзанд дар ҳоле, ки ҷоҳилуғофил аст, гумон мекунад, ки масири ихтиёркардааш саҳиҳ аст ва ӯ худ дар роҳи ростравона аст. Падарону модарон ва мураббиёниазизу гиромӣ акнун дар ихтиёри шумомуҳимтарин аҳкоми шаръие, ки ба синнинаврасӣ ва балоғат расидани фарзандонтааллуқ дорад, мегузорем. То писарони моқабл аз ворид шудан дар гуруҳи мардон вадухтарони мо қабл аз ворид шудан дар гуруҳизанон аз ин аҳком огоҳии комил пайдонамоянд: 1.Духтар ва ё писаре, ки хобишаҳвонӣ дид ва баъд аз бедор шуданлибосҳояш хушк буд, бар ӯ ғусл воҷибнамегардад. Зеро Аҳмад ва Насоӣ ривояткардаанд, ки Хавла духтари Ҳаким (р) азПаёмбари гиромӣ (с) пурсид, ки зане дар хобон чиро мебинад, ки мард мебинад, оё бар ӯчизе лозим мегардад? Эшон фармуданд: “Барӯ ғусл воҷиб намешавад, то ин ки обро (дарлибосҳояш) бубинад, ҳамчунон ки бар мардғусл ваҷиб намешавад, модоме ки (дарлибосҳояш) обро надида бошад”. 2. Духтар ваё писаре, ки баъд аз бедор шудан аз хоб дарлибосҳояш тарӣ дид, вале аз хоби дидаашчизе ба ёдаш наомад, бар ӯ ғусл воҷибмегардад. Бинобар ҳадисе, ки имомонипанҷгона аз Оиша (р) ривоят кардаанд: Дармавриди марде, ки аз хоб мехезад ва хобашдар ёдаш нест, вале дар либосаш обромебинад аз Расули гиромӣ (с) пурсида шуд.Эшон фармуданд: “Ғусл мекунад”. Инчунин азон Ҳазрат (с) пусида шуд, ки марде хобишаҳвонӣ мебинад, вале дар либосаш ҳеҷасаре аз об намеёбад. Ҳазрат фармуданд:“Бар ӯ ғусл воҷиб нест”. Сипас Умми Сулаймаз Расули Худо пурсид: “Оё зане обро (дарлибосаш) бинад бар ӯ ғусл воҷиб мегардад”?Фармуд: “Оре, занҳо порае аз мардонҳастанд”. 3. Хориҷ шудани оби манӣ аз мардва ё зан бо шаҳват ва ҷаҳиш хоҳ ба сабабихудқонеъкунӣ ё дидани манзараи шаҳватангезва ё бусу канор... бошад, ғуслро воҷибмегардонад. Дар ривояти Тирмизӣ аз Алӣибни Абу Толиб (р) омадааст, ки фармуданд:“Ман доим дар олати худ мазӣ медидам, пасаз Расули Худо (с) дар ин бора пурсидам, баман гуфт: “Агар мазӣ дидӣ вузӯ бикун ва агарманӣ дидӣ ғусл бикун”. Мазӣ обест, ки дарасари бусу канорва ё хастагӣ бидуни шаҳват ва ҷаҳиш берунмеояд. Ва дар ривояти Аҳмад омадааст: “Агароб бо ҷаҳиш ва шаҳват берун ояд, ғусли азҷанобат намо ва агар бидуни ҷаҳиш вашаҳват бошад, ғусл воҷиб намегардад”. Аз инривоят бармеояд, ки агар дар ҳолати беморӣ ёсармо ё зарбу лат ва ё бардоштани боривазнин оби манӣ хориҷ шавад, ғусл воҷибнамегардад, балки вузӯ кифоят мекунад.4.Пинҳон шудани нуги олати таносулӣ дарфарҷ ғуслро бар зану мард воҷиб мегардонад,фарқе надорад, ки манӣ хориҷ шуда бошад ваё на. Зеро дар Муснади Абдуллоҳ ибни Ваҳбомадааст, ки он Ҳазрат (с) фармудаанд:“Вақте ду олат ба ҳам ҷамъ шаванд ва нугияке дар дигаре пинҳоншавад, ғусл (бар зану мард) воҷиб мегардад,баробар аст, ки манӣ барояд ва ё на”. 5. Қатъшудани хуни ҳайз ва нифос ғуслро воҷибмегардонад. Ҳайз хунест, ки аз бачадони заниболиғи солим ва ҷавон хориҷ мешавад.Камтарини он се рӯз ва аксари он даҳ рӯз аст.Нифос хунест, ки пас аз таваллуд аз бачадонизан хориҷ мешавад. Аксари он 40 рӯз аст ваақалли он ба одати ҳар зан марбут аст.Далели он ин фармудаи Худовандист “(ЭйПаёмбар) туро дар мавриди ҳайз мепурсанд,бигӯ ки ҳайз як навъ беморист. Дар ҳолатиҳайз аз занон канора гиред ва ба ононҳамхобагӣ накунед, токи пок шаванд. Вақте ки пок шуда ғуслнамуданд ба онҳо аз он ҷое, ки Худофармудааст наздикӣ намоед. Худовандтавбакунандагон ва покизагонро дӯстмедорад”. 6. Бадиҳист, ки таълим доданисабабҳо ва муҷиботи ғусл бар фарзандонвоҷиб аст.Бояд, ки эшон фарзу суннатҳо вачигунагии ғуслро бидонанд. Зеро вақте киҷунуб гаштанд, бидонанд, ки чи гуна аз он покбишаванд. Ғусл се фарз дорад: Шустанидаҳон, шустани бинӣ ва тамоми бадан.Бинобар фармудаи Худованд:“Ва агар ҷунуббошед, худро пок созед”. Аммо суннатҳои ғуслоғоз намудан бо ният ва “бисмиллоҳ”, сипасмисвок задан, хилол намудани ришу ангуштонва молидани аъзои бадан мебошад. Шустанроаз дастҳо оғоз мекунад, баъд аз он олатитаносулӣ ва наҷосати баданро бо об покменамояд. Сипас вузӯ мегирад ва се бор бартамоми баданаш обро мерезад. Агар бар касеғусл воҷиб шуд, вале ба сабаби дурии роҳ ётарси аз душман ё шиддат гирифтани беморӣё хавфи ҳалокат аз сардӣ истифодаи обномумкин гашт, ҷоиз аст, ки таяммум кунад.Таяммум ба ин тарз адо мегардад. Шахсиҷунуб бо нияти пок шудан ду панҷаи дасташроба чизи поке, ки аз ҷинси замин бошад, мислисанг, рег, хок, гаҷ, оҳак... мезанад ва баъд азтаккондан ба рӯи худ мемолад. Дубора инамалро такрор намуда, панҷаҳояшро ба дудасташ то ба оринҷ мемолад. Ҳамин таврин шахс аз ҷанобат пок ва бар ӯ адои намозва тиловати Қуръон ҷоиз мегардад. Ният низяке аз шартҳои таяммум ба шумор меравад.Таяммум ҷойнишини вузӯ ва ғусл мебошад ваон барои ҳар ду амал яксон аст. Худои таъолодар бораи таяммум чунин фармуда аст: “Агарбемор бошед ё дар сафар бароед ё қазоиҳоҷат намоед ва ё бо занҳоятон ҳамхобагӣнамоед, пас об наёбед, бо хоки пок таяммумнамоед. Онро ба рӯю дастонатон бимолед...”.Паёмбари гиромӣ дар ин маврид мефармояд:“Таяммумду зарба задан (бар хок) мебошад. Як зарбааз барои рӯй ва як зарбаи дигар аз барои дудаст то оринҷ”. Бояд фарзандони мо он чиро,ки дар ҳоли ҷанобат ҳаром астбидонанд, то дучори феъли ҳаром нашаванд.Шариъати Ислом бар шахси ҷунуб ва заноне,ки узри занона доранд чандин амалро ҳаромгардонидааст:А. Намозу рӯза бар зане, ки ҳайз ва нифосдидааст ҳаром аст. Баъд аз пок шудан азҳайзу нифос рӯзаро қазо медорад, вале қазодоштани намоз бар ӯ лозим нест. Зероҳазрати Оиша (р) мегӯяд: “Мо дучори чунинҳолат мешудем. Ба мо амр мешуд, ки рӯзаропас аз пок шудан қазо бидорем, вале бароиқазо доштани намоз амр нашудаем”. Б. Дохилшудан ба масҷид барзане, ки ҳайз ва нифос дидааст ҳаром аст.Инчунин истодан дар масҷид бар марди ҷунубмакруҳ аст. Расули Худо (с) дар ривоятиАбудовуд фармудаанд: “Ман ба масҷид воридшудани ҷунуб ва зани ҳайздидаро ҳалолнамешуморам”. В. Тавофи Каъба бар ҷунуб вазане, ки ҳайз ва ё нифос дидааст ҳаром аст.Зеро Каъба низ дар дохили масҷид ҷойгиршудааст. Г. Барои мардон ҳамхобагӣ бо зане,ки ҳайз ва ё нифос дидааст бино ба фармудаиХудованд ҳаром аст.“Дар ҳолати ҳайз аззанон дурӣ ҷуед ва ба эшон ҳамхобагӣнакунед”.Дар ривояти Абудовуд омадааст, ки Абдуллоҳибни Саъд (р) аз Расули Худо (с) пурсиданд,ки дар ҳолати ҳайзи занон аз онҳо чи гуналаззат бардорем? Расули гиромӣ (с)фармуданд: “Аз болои эзор (бо бусу канор)лаззат бардоред”.v Қуръон хондан бар шахси ҷунуб ва зане, киҳайз ва ё нифос дидааст бино ба фармудаиПаёмбари Худо (с) ҳаром аст. Тирмизӣ ваибни Моҷа аз ибни Умар (р) ривоят кардаанд,ки Расули гиромӣ (с) фармудаанд: “Ҷунуб вазани ҳайздида набояд чизе аз Қуръонбихонанд”. Агар ба нияти қироат не, балки банияти зикру ситоиши Худованд бошад ҷоизаст. Мисли баён кардани “Бисмиллоҳирраҳмонир раҳим”, “Алҳамду лиллоҳи раббилоламин”,“Ҳуваллоҳул аҳад”... Ва ё ин ки банияти таълим додан, Қуръонро калима калиматалаффуз намояд, ҷоиз аст. Аммо назди ИмомАҳмад ва Имом Молик хондан ва ба дастгирифтани Қуръон барои муаллима ва толибае,ки ҳайз дида бошанд, ҷоиз аст. Инчунин ИмомМолик барои ҷунуб андаке аз Қуръон хонданроба хотири руқяи пеш аз хоб ё хавф ё табарруква ё ҳуҷҷату далел овардан барои ҳукмишаръӣ, иҷозат додааст. Д. Ба даст гирифтаниҚуръон бар шахси бетаҳорат, ҷунуб ва зане, киҳайз ва ё нифос дидааст бино ба фармудаиХудованди бузург ҳаром аст, магар ин ки дарғилоф ва ё ҷуздон бошад.“Касе Қуръонро ба ҷуз покон даст назанад”.Дар ривояти Ҳоким аз Ҳаким ибни Ҳизомомадааст, ки мегӯяд: Вақте Расули Худо (с)маро ба Яман фиристод, гуфт: “Танҳо дарҳолати покӣ Қуръонро ба даст гир”. О. Барфарди ҷунуб низ намоз хондан ҳаром аст, зеродар он қироати Қуръон аст, ки таҳрими оншарҳ дода шуд. Аммо рӯзаи ӯ саҳиҳ аст,модоме, ки ягон намозе қазо нагардад. Пас эйпадару модарон ва эй мураббиёни азизугиромӣ барои таълим додани ин аҳком бафарзандонатон дар синни наврасӣ ҳарисбошед! Вақте, ки ба балоғат расиданд вамукаллаф шуданд, адои ибодатҳо бар эшонфарз мегардад. Дар он вақт бидонанд, кианҷом додани чӣ амале ҳалол ва чӣ амалеҳаром аст? Ҳукми шариъатро дар марҳилаибалоғат ва он чи дар мавриди ғаризаи ҷинсӣтааллуқ дорад, бидонанд, балки огоҳии бештардар масоили динӣ ба даст оваранд ва азфазилати илму таълим баҳраманд гарданд.Паёмбари гиромӣ (с) дар ин маврид хубфармудааст: “Худованд ба касе, хайру некиронасиб карда бошад, ӯро дар умури дин олимва фақиҳ мегардонад”. Шайхайн ривояткардаанд. Муаллиф: Торномаи Тураҷон
Хушбахттарин зан ва мард дар олам
:♚NasimjoN ToirzodA♔
Таълими аҳкоми наврасӣ ба
чавонони мусалмон Ба номи
худованди ҷон офарин, Ҳакими сухан дар
забон офарин. Аз ҷумлаи масъулиятҳои
бузурге, ки Ислом ба уҳдаи волидайну
мураббиён ва тамоми сарпарастон
гузоштааст, таълим додани аҳкоми наврасӣ ва
балоғат мебошад. Замони шуруъи ин навъ
омӯзиш вақте аст, ки кудак аҳкоми шаръии
марбут ба ангезаи шаҳвониро бишносад ва
эҳсоси рушди ҷинсӣ кунад. Духтару писар дар
ин таълим баробаранд, зеро ҳар ду шаръан
мукаллафанд ва аз амалҳои худ дар назди
Худову Расул (с) ва сарпарастону ҷомиъа
масъуланд. Бинобар ин бар волидайну
мараббиён зарур аст, ки ҳангоме
фарзандашон ба синни наврасӣ аз 12 то 15
солагӣ расиданд, ба эшон ошкоро суҳбат
кунанд. Ба эшон бигӯянд, ки агар дучори
инзоли манӣ бо ҷаҳиш ва шаҳват шуданд,
дигар болиғ шудаанд ва шаръан мукаллафанд.
Ҳар масъулият ва таклифе, ки бар мардони
бузург воҷиб бошад, бар эшон низ минбаъд
воҷиб мебошад. Ҳамчунин модарон ва
сарпарастон духтарони аз нуҳ сола болоро ба
таври ошкор бигӯянд, ки агар хоби шаҳвонӣ
диданд ва дар либосашон оби рақиқи
зардранг намоён гашт ва ё хуни ҳайз аз эшон
падид омад, дигар онҳо шаръан мукаллаф
гаштаанд. Ҳар масъулият ва таклифе, ки бар
занони бузург воҷиб бошад, бар эшон низ
минбаъд воҷиб мебошад. Дини мубини Ислом
масъулияти ошкоро суҳбат намуданро дар ин
маврид ба души падару модар ниҳода аст, то
ки фарзандон дар мавриди масоили ҷинсӣ ва
майли шаҳвонии худ фаҳму биниши амиқ ва
дақиқе дошта бошанд. Ва ҳар масъулият ва
таклифоти шаръие, ки бар уҳдаи эшон воҷиб
гашта бошад, ба шакли дуруст анҷом
бидиҳанд. Чи бисёр духтаронеанд, ки аз
сабаби надонистани аҳкоми ҷанобат ва ҳайз
солҳои дароз нопок гаштаанд? Чи бисёр
писаронеанд, ки аз сабаби надонистани
аҳкоми ҷанобат ва эҳтилом солҳои дароз
нопок гаштаанд? Чи бисёр писарону
духтаронеанд, ки аз сабаби надонистани
аҳкоми ҷанобат ва эҳтилом солҳои дароз бо
тани нопок ба гумони ин ки ибодати Худоро
анҷом додаанд, намоз гузоштаанд? Бинобар ин
аввал падарону модарон, сипас мураббиёну
сарпарастон масъуланд, ки дар ин бора бо
фарзандон пеш аз оне ки ба синни эҳтилом ва
балоғат бирасанд, ошкоро ва ба тарзи
ҳакимона сухан бигӯянд. То эшон аз ин
масоил огоҳ шаванд ва биниши дурусте дар
мавриди ангезаҳои ҷинсӣ ва ғароизи шаҳвонӣ
дошта бошанд. Агар чунин накунем
фарзандони мо дар ноогоҳии комил ба аҳкоми
илоҳӣ умри худро сипарӣ менамоянд. Аҳкоме,
ки бар асоси он бояд ҳаққи Худо, ҳаққи дин ва
ҳаққи нафси худро адо намоянд.
Мутаассифона фарзанд дар ҳоле, ки ҷоҳилу
ғофил аст, гумон мекунад, ки масири ихтиёр
кардааш саҳиҳ аст ва ӯ худ дар роҳи рост
равона аст. Падарону модарон ва мураббиёни
азизу гиромӣ акнун дар ихтиёри шумо
муҳимтарин аҳкоми шаръие, ки ба синни
наврасӣ ва балоғат расидани фарзандон
тааллуқ дорад, мегузорем. То писарони мо
қабл аз ворид шудан дар гуруҳи мардон ва
духтарони мо қабл аз ворид шудан дар гуруҳи
занон аз ин аҳком огоҳии комил пайдо
намоянд: 1.Духтар ва ё писаре, ки хоби
шаҳвонӣ дид ва баъд аз бедор шудан
либосҳояш хушк буд, бар ӯ ғусл воҷиб
намегардад. Зеро Аҳмад ва Насоӣ ривоят
кардаанд, ки Хавла духтари Ҳаким (р) аз
Паёмбари гиромӣ (с) пурсид, ки зане дар хоб
он чиро мебинад, ки мард мебинад, оё бар ӯ
чизе лозим мегардад? Эшон фармуданд: “Бар
ӯ ғусл воҷиб намешавад, то ин ки обро (дар
либосҳояш) бубинад, ҳамчунон ки бар мард
ғусл ваҷиб намешавад, модоме ки (дар
либосҳояш) обро надида бошад”. 2. Духтар ва
ё писаре, ки баъд аз бедор шудан аз хоб дар
либосҳояш тарӣ дид, вале аз хоби дидааш
чизе ба ёдаш наомад, бар ӯ ғусл воҷиб
мегардад. Бинобар ҳадисе, ки имомони
панҷгона аз Оиша (р) ривоят кардаанд: Дар
мавриди марде, ки аз хоб мехезад ва хобаш
дар ёдаш нест, вале дар либосаш обро
мебинад аз Расули гиромӣ (с) пурсида шуд.
Эшон фармуданд: “Ғусл мекунад”. Инчунин аз
он Ҳазрат (с) пусида шуд, ки марде хоби
шаҳвонӣ мебинад, вале дар либосаш ҳеҷ
асаре аз об намеёбад. Ҳазрат фармуданд:
“Бар ӯ ғусл воҷиб нест”. Сипас Умми Сулайм
аз Расули Худо пурсид: “Оё зане обро (дар
либосаш) бинад бар ӯ ғусл воҷиб мегардад”?
Фармуд: “Оре, занҳо порае аз мардон
ҳастанд”. 3. Хориҷ шудани оби манӣ аз мард
ва ё зан бо шаҳват ва ҷаҳиш хоҳ ба сабаби
худқонеъкунӣ ё дидани манзараи шаҳватангез
ва ё бусу канор... бошад, ғуслро воҷиб
мегардонад. Дар ривояти Тирмизӣ аз Алӣ
ибни Абу Толиб (р) омадааст, ки фармуданд:
“Ман доим дар олати худ мазӣ медидам, пас
аз Расули Худо (с) дар ин бора пурсидам, ба
ман гуфт: “Агар мазӣ дидӣ вузӯ бикун ва агар
манӣ дидӣ ғусл бикун”. Мазӣ обест, ки дар
асари бусу канор
ва ё хастагӣ бидуни шаҳват ва ҷаҳиш берун
меояд. Ва дар ривояти Аҳмад омадааст: “Агар
об бо ҷаҳиш ва шаҳват берун ояд, ғусли аз
ҷанобат намо ва агар бидуни ҷаҳиш ва
шаҳват бошад, ғусл воҷиб намегардад”. Аз ин
ривоят бармеояд, ки агар дар ҳолати беморӣ ё
сармо ё зарбу лат ва ё бардоштани бори
вазнин оби манӣ хориҷ шавад, ғусл воҷиб
намегардад, балки вузӯ кифоят мекунад.
4.Пинҳон шудани нуги олати таносулӣ дар
фарҷ ғуслро бар зану мард воҷиб мегардонад,
фарқе надорад, ки манӣ хориҷ шуда бошад ва
ё на. Зеро дар Муснади Абдуллоҳ ибни Ваҳб
омадааст, ки он Ҳазрат (с) фармудаанд:
“Вақте ду олат ба ҳам ҷамъ шаванд ва нуги
яке дар дигаре пинҳон
шавад, ғусл (бар зану мард) воҷиб мегардад,
баробар аст, ки манӣ барояд ва ё на”. 5. Қатъ
шудани хуни ҳайз ва нифос ғуслро воҷиб
мегардонад. Ҳайз хунест, ки аз бачадони зани
болиғи солим ва ҷавон хориҷ мешавад.
Камтарини он се рӯз ва аксари он даҳ рӯз аст.
Нифос хунест, ки пас аз таваллуд аз бачадони
зан хориҷ мешавад. Аксари он 40 рӯз аст ва
ақалли он ба одати ҳар зан марбут аст.
Далели он ин фармудаи Худовандист “(Эй
Паёмбар) туро дар мавриди ҳайз мепурсанд,
бигӯ ки ҳайз як навъ беморист. Дар ҳолати
ҳайз аз занон канора гиред ва ба онон
ҳамхобагӣ накунед, то
ки пок шаванд. Вақте ки пок шуда ғусл
намуданд ба онҳо аз он ҷое, ки Худо
фармудааст наздикӣ намоед. Худованд
тавбакунандагон ва покизагонро дӯст
медорад”. 6. Бадиҳист, ки таълим додани
сабабҳо ва муҷиботи ғусл бар фарзандон
воҷиб аст.Бояд, ки эшон фарзу суннатҳо ва
чигунагии ғуслро бидонанд. Зеро вақте ки
ҷунуб гаштанд, бидонанд, ки чи гуна аз он пок
бишаванд. Ғусл се фарз дорад: Шустани
даҳон, шустани бинӣ ва тамоми бадан.
Бинобар фармудаи Худованд:“Ва агар ҷунуб
бошед, худро пок созед”. Аммо суннатҳои ғусл
оғоз намудан бо ният ва “бисмиллоҳ”, сипас
мисвок задан, хилол намудани ришу ангуштон
ва молидани аъзои бадан мебошад. Шустанро
аз дастҳо оғоз мекунад, баъд аз он олати
таносулӣ ва наҷосати баданро бо об пок
менамояд. Сипас вузӯ мегирад ва се бор бар
тамоми баданаш обро мерезад. Агар бар касе
ғусл воҷиб шуд, вале ба сабаби дурии роҳ ё
тарси аз душман ё шиддат гирифтани беморӣ
ё хавфи ҳалокат аз сардӣ истифодаи об
номумкин гашт, ҷоиз аст, ки таяммум кунад.
Таяммум ба ин тарз адо мегардад. Шахси
ҷунуб бо нияти пок шудан ду панҷаи дасташро
ба чизи поке, ки аз ҷинси замин бошад, мисли
санг, рег, хок, гаҷ, оҳак... мезанад ва баъд аз
таккондан ба рӯи худ мемолад. Дубора ин
амалро такрор намуда, панҷаҳояшро ба ду
дасташ то ба оринҷ мемолад. Ҳамин тавр
ин шахс аз ҷанобат пок ва бар ӯ адои намоз
ва тиловати Қуръон ҷоиз мегардад. Ният низ
яке аз шартҳои таяммум ба шумор меравад.
Таяммум ҷойнишини вузӯ ва ғусл мебошад ва
он барои ҳар ду амал яксон аст. Худои таъоло
дар бораи таяммум чунин фармуда аст: “Агар
бемор бошед ё дар сафар бароед ё қазои
ҳоҷат намоед ва ё бо занҳоятон ҳамхобагӣ
намоед, пас об наёбед, бо хоки пок таяммум
намоед. Онро ба рӯю дастонатон бимолед...”.
Паёмбари гиромӣ дар ин маврид мефармояд:
“Таяммум
ду зарба задан (бар хок) мебошад. Як зарба
аз барои рӯй ва як зарбаи дигар аз барои ду
даст то оринҷ”. Бояд фарзандони мо он чиро,
ки дар ҳоли ҷанобат ҳаром аст
бидонанд, то дучори феъли ҳаром нашаванд.
Шариъати Ислом бар шахси ҷунуб ва заноне,
ки узри занона доранд чандин амалро ҳаром
гардонидааст:
А. Намозу рӯза бар зане, ки ҳайз ва нифос
дидааст ҳаром аст. Баъд аз пок шудан аз
ҳайзу нифос рӯзаро қазо медорад, вале қазо
доштани намоз бар ӯ лозим нест. Зеро
ҳазрати Оиша (р) мегӯяд: “Мо дучори чунин
ҳолат мешудем. Ба мо амр мешуд, ки рӯзаро
пас аз пок шудан қазо бидорем, вале барои
қазо доштани намоз амр нашудаем”. Б. Дохил
шудан ба масҷид бар
зане, ки ҳайз ва нифос дидааст ҳаром аст.
Инчунин истодан дар масҷид бар марди ҷунуб
макруҳ аст. Расули Худо (с) дар ривояти
Абудовуд фармудаанд: “Ман ба масҷид ворид
шудани ҷунуб ва зани ҳайздидаро ҳалол
намешуморам”. В. Тавофи Каъба бар ҷунуб ва
зане, ки ҳайз ва ё нифос дидааст ҳаром аст.
Зеро Каъба низ дар дохили масҷид ҷойгир
шудааст. Г. Барои мардон ҳамхобагӣ бо зане,
ки ҳайз ва ё нифос дидааст бино ба фармудаи
Худованд ҳаром аст.“Дар ҳолати ҳайз аз
занон дурӣ ҷуед ва ба эшон ҳамхобагӣ
накунед”.
Дар ривояти Абудовуд омадааст, ки Абдуллоҳ
ибни Саъд (р) аз Расули Худо (с) пурсиданд,
ки дар ҳолати ҳайзи занон аз онҳо чи гуна
лаззат бардорем? Расули гиромӣ (с)
фармуданд: “Аз болои эзор (бо бусу канор)
лаззат бардоред”.
v Қуръон хондан бар шахси ҷунуб ва зане, ки
ҳайз ва ё нифос дидааст бино ба фармудаи
Паёмбари Худо (с) ҳаром аст. Тирмизӣ ва
ибни Моҷа аз ибни Умар (р) ривоят кардаанд,
ки Расули гиромӣ (с) фармудаанд: “Ҷунуб ва
зани ҳайздида набояд чизе аз Қуръон
бихонанд”. Агар ба нияти қироат не, балки ба
нияти зикру ситоиши Худованд бошад ҷоиз
аст. Мисли баён кардани “Бисмиллоҳир
раҳмонир раҳим”, “Алҳамду лиллоҳи раббил
оламин”,“Ҳуваллоҳул аҳад”... Ва ё ин ки ба
нияти таълим додан, Қуръонро калима калима
талаффуз намояд, ҷоиз аст. Аммо назди Имом
Аҳмад ва Имом Молик хондан ва ба даст
гирифтани Қуръон барои муаллима ва толибае,
ки ҳайз дида бошанд, ҷоиз аст. Инчунин Имом
Молик барои ҷунуб андаке аз Қуръон хонданро
ба хотири руқяи пеш аз хоб ё хавф ё табаррук
ва ё ҳуҷҷату далел овардан барои ҳукми
шаръӣ, иҷозат додааст. Д. Ба даст гирифтани
Қуръон бар шахси бетаҳорат, ҷунуб ва зане, ки
ҳайз ва ё нифос дидааст бино ба фармудаи
Худованди бузург ҳаром аст, магар ин ки дар
ғилоф ва ё ҷуздон бошад.
“Касе Қуръонро ба ҷуз покон даст назанад”.
Дар ривояти Ҳоким аз Ҳаким ибни Ҳизом
омадааст, ки мегӯяд: Вақте Расули Худо (с)
маро ба Яман фиристод, гуфт: “Танҳо дар
ҳолати покӣ Қуръонро ба даст гир”. О. Бар
фарди ҷунуб низ намоз хондан ҳаром аст, зеро
дар он қироати Қуръон аст, ки таҳрими он
шарҳ дода шуд. Аммо рӯзаи ӯ саҳиҳ аст,
модоме, ки ягон намозе қазо нагардад. Пас эй
падару модарон ва эй мураббиёни азизу
гиромӣ барои таълим додани ин аҳком ба
фарзандонатон дар синни наврасӣ ҳарис
бошед! Вақте, ки ба балоғат расиданд ва
мукаллаф шуданд, адои ибодатҳо бар эшон
фарз мегардад. Дар он вақт бидонанд, ки
анҷом додани чӣ амале ҳалол ва чӣ амале
ҳаром аст? Ҳукми шариъатро дар марҳилаи
балоғат ва он чи дар мавриди ғаризаи ҷинсӣ
тааллуқ дорад, бидонанд, балки огоҳии бештар
дар масоили динӣ ба даст оваранд ва аз
фазилати илму таълим баҳраманд гарданд.
Паёмбари гиромӣ (с) дар ин маврид хуб
фармудааст: “Худованд ба касе, хайру некиро
насиб карда бошад, ӯро дар умури дин олим
ва фақиҳ мегардонад”. Шайхайн ривоят
кардаанд. Муаллиф: Торномаи Тураҷон