Аз 16 то 19 сентябри соли 2025 дар Маркази таълимии Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд воқеъ дар шаҳри Гулистон семинар таҳти унвони «Маблағгузории шарикӣ(бонкдории исломӣ) дар Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони бонкҳои марказӣ ва танзимгарони молиявӣ аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Ӯзбекистон ширкат варзиданд.
19 сентябр ҳайати иштирокчиён бо сафари шиносоӣ аз филиали ҶСК «Тавҳидбонк» дар шаҳри Хуҷанд боздид намуданд. Меҳмонон бо фаъолияти филиал, хизматрасонии муштариён ва маҳсулоти асосии бонкдории исломӣ шинос шуданд. Ҳамчунин, дар толори конфронс Ҷураева Меҳрангез Ниматуллоевна бо презентатсияи амалии худ мавзӯи «Маҳсулоти асосии бонкдории исломӣ»-ро муаррифӣ намуд.
Дар анҷом, барои меҳмонон кофе-брейк ташкил карда шуд ва аз номи роҳбарияти «Тавҳидбонк» тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.

Аз 16 то 19 сентябри соли 2025 дар Маркази таълимии Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд воқеъ дар шаҳри Гулистон семинар таҳти унвони «Маблағгузории шарикӣ(бонкдории исломӣ) дар Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон» баргузор гардид. - 5364963078815
Аз 16 то 19 сентябри соли 2025 дар Маркази таълимии Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд воқеъ дар шаҳри Гулистон семинар таҳти унвони «Маблағгузории шарикӣ(бонкдории исломӣ) дар Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон» баргузор гардид. - 5364963079071

Комментарии

Комментариев нет.