қиссае_ки_дилҳоро_ба_дард_меорад...

(идомаи қисми 1)
ХАТО ОМАДАИ БА ДУНЁ...
...Ногоҳ духтар аз ҷойи худ хеста ҳамма гушаву канори қабристонро назар намуда гуфт:
-Падар Шумо ягон садо мешунавед?
- Бале духтарам. - гуён мард ба бели худ такия кунон аз ҷой хест.
Духтар ба ҳартараф нигоҳ менамуд то мушаххас созад, ки садо аз куҷо аст. Ногоҳ руяшро ба тарфи шимолу ғарбӣ қабристон намуда бо дасташ ишора кунон:
- Падарҷон, ба фикрам овози гиря аз он тараф меояд...
Мард ҳам ба суи ишора намудаи духтари худ нигоҳ намуда гуфт:
- Духтарам биё ба ҳамон сӯ равем, гуён - худ аз банди бел дошта ба роҳ даромад.
Аз қафои падари худ духтар низ равон шуд. Аз байни пайроҳаи хоки, ки қабристонро ба ду қисмат ҷудо менамуд шитобон гузашта аз байни қабрҳо роҳ пеш гирифтанд. Ногоҳ мард дар ҷои худ боз истода ба духтараш нигоҳ намуда гуфт:
- Духтарам фикр мекунам овози кудак аст. Кадоме тифли навзодро дар қабри куҳна ҷой додааст. Биё қабрҳои куҳнаро мекобем, аммо эҳтиёд шав бо ба дохили ягон қабр наафтӣ.
Падару духтар қабрҳои куҳна ва ба дохил хамидаро аз назар гузаронида ба теппае наздик шуданд, ки дар онҷо аз пайраҳае ки қабристонро ба қисматҳо ҷудо менамуд пайраҳаи хурд ба ҷониби шимол рафта аст ва қабрҳои бисёре то ба наздикии теппаи баланд доман паҳн намуда буданд.
Ба пайраҳи хурд баромада ба бели худ такия занон, нафаси чуқуре кашида мард гуфт:
- Қабрро ёфтан даркор, духтарам - гуён миёнбанди худро аз миён кушода руйи худро аз арақи кардаи худ тоза намуд - ҳавво имруз сахт гарм шуд - ба чапу рост нигоҳ кунон - биё духтарам идома медиҳем.
Ҳаминтавр қабрҳоро аз назар гузаронида ба назди қабри нав омадан. Аҷибаш он буд, ки садо як хел меомад.
Мард ба қабри нав, ки дируз дар он духтари ҷавонро сари фарзанд рафта буд гур намуда буданд расид. Ба қабри нав аҳмият надода аз он болотар рафта қабрҳои дар боло бударо хабар гирифт.
Духтар низ аз назди қабри нав гузашт, ӯ ҳам аҳмияте надода аз паси падари худ каме болотар рафт.
Мард гуфт:
- Духтарам. Росташ ту ҳам ҳамон садоеро, ки ман мефаҳмам ҳамонро мефаҳми, яъне овози гиряро.
- Бале. Падарҷон. Овози тифли навзод аст.
- Кадом фарзанд безор ва ё... - мард дасташро афшонда - оварда дар кадом қабри куҳна партофта рафтагист. Ва ё дар куҷое гузошта бошад. Бечора тифли маъсум гурусна мондагист...
Мард ба поён ҳаракат намуда гуфт:
- Биё духтарам қисмати поёни қабристонро хабар мегирем - гуён раҳсипор шуд.
Мард аз назди қабри нав шитобон гузашта рафт. Духтар, ки аз паси падар ҳаракат дошт ногоҳ ба қабри нав чашмаш афтида беихтиёр гуфт:
- Падарҷон. - мард боз истода ба қафояш нигоҳ намуд - падарҷон, ин қабри нав аст. Яъне қабри дугонаам, ки дируз сари фарзанд рафт ҳамон аст.
- Бале, духтарам. Ин ҳамон қабр аст. - гуён бо миёнбанди худ, ки дар дасташ буд рухсораашро пок кунон аз арақ идома дод - аз худ ягона фарзанд нишона гузошт.
Духтар ба назди қабр нишаста:
- Дилам месузад. Дугонаам буд, ҳамсинф будем бо Умеда. Ҳоло фарзандаш чӣ ҳол дошта бошад.
Падари духтар оҳиста - оҳиста қадам занон ба назди духтараш омада ба қабр нигоҳ намуда гуфт:
- Зиндагӣ ҳамин аст духтарам. Худо ба модари ин духтар сабр диҳад. Доғи фарзандро дид. Он ҳам ягона духтараш буд - ба қабр нигоҳ намуда, ногоҳ - исто, исто духтарам - ба қабр наздик шуда - дируз инро пас аз хок кардан болои қабрашро ва даврашро тоза намуда будем. То аз пайи белу кедман (каланд) осоре намонад. Аммо аҷиб аст, иззи белу кедман дида мешавад - ба гирду атрофи қабр нигоҳ намуд, ки хоки болои қабр ҳар ҷо, ҳар ҷо пош хурда иззи пой низ дида мешуд.
Ногоҳ мард бели худро ба замин куфта. Бари ҷомаи тобистонаи худро боло намуд. Ба болои сари мурда, ки дар зери хок аст, истода ба замин хам шуд ва гушашро дар замин гузошт. Аз зери замин овози ларзаи кудак борин меомад. Мард сари зону нишаста гуфт:
- Духтарам магар духтари ин дар назди додараш нест.
- Бале, падарҷон.
- Пас, аз зери замин овози кист...
Мард аз ҷояш хеста дасти худро ба бел бурда. Бо садои каме шунаво:
- Нохалафо, бераҳмо. Чигуна дилатон шуд, ки тифлро зинда ба гур кунед - а. - гуён бели худро ба руи қабр зада ба духтараш гуфт:
- Духтарам телефонад дар пешад аст.
- Не падарҷон.
- Зуд рафта ба шавҳарад занг зан. Ҳодисаро бигу. Бигу, ки зуд ба ҷамоат занг занад ва ҳамчунин ба милитсияи деҳарам хабар диҳад. Худаш аз кор ҷавоб гирад бо кормандони органи райён (ноҳия) ба инҷо ояд. Фақат тез духтарам.
- Падарҷон Шумо наметарсед.
- Э не ҷони падар. Бисмиллоҳирраҳмониррраҳим - Гуён белро ба хоки қабр зада ба кунҷе ҳавво дода гуфт - то онҳо омадана ман қабрро кандан мегирам.
Духтар аз бари қабр гузашта ба роҳ баромадани буд, ки падараш ҷомаи тобистонаи худро аз тан берун карда аз қафо гуфт:
- Духтарам худад зуд ягон кедман гирифта ҳамроҳад биёр...
Мард то омадани духтар гоҳ бо бел ва гоҳ бо даст хоки қабрро ба назди қабри барангӣ ҷой менамуд ва ба кандани қабр идома медод...
Пас 45 дақиқа духтараш дар даст кедман ва термосе намудор шуд.
То омадани духтар мард қабрро баробари замин канда ва аз теппаи қабр ному нишоне намонда буд.
Мард шарфаи пойро шунида сари худро боло намуд ва духтарашро дар баробари худ дида гуфт:
- Ҳа духтарам омадӣ.
- Бале падарҷон. Ягон овоз нест ку падарҷон...
...
Мард гапи фарзанди худро нашунид магар, ки суханашро идома дод:
- Э духтари гулам чой ҳам овардӣ, духтарам. - гуён сари худро бардошта аз қабр баромада - як чой рез духтарам, ки ҳавво гарми сахт шуд.
Мард бо ду дасти худ пиёлаи чойро хурда пас аз шукр гузори гуфт:
- Ба шавҳарад хабар додӣ.
- Бале падарҷон.
- Мумкин ҳозир аз ҷамоат одам ояд.
- Ха. Духтарам. - Мард кедмани овардаи духтарашро аз бари термос гирифта ба қабр рафт ва ба баровардани хоки қабр идома дод.
- Падарҷон. Мегуям овози тифл нест?
- Ҳа, духтарам. Кудак ҳам монда шудагист. Нохалафо аз нон додан тарсида оварда гурониданд. Худо медонад чанд саот дар зери хоки сард аст. Эҳҳ духтарам. Баъзеҳо дар нохунаш зор баъзеҳо безор, гуфтаанд духтарам - гуён мард ба кандани қабр идома дод.
Аз байн ним соат гузашт аз касе дараке набуд. Мард қабрро ба пурраги канд. Духтараш, ки аз боло назора дошт ба падари худ гуфт:
- Падарҷон, биё то омадани дигарон, сабр кунем. Даҳани қабрро накушоем.
Мард ҳам магар дилаш зер намекардаги борин аз кандани дари лаҳад худдорӣ намуд ва ба духтараш гуфт:
- Рост мегуию лекин, охир дар дохил кудак аст. Хок хунук аст. Боз ишкамаш гурусна. Ин хел намешавад.
Бо ҳамин ният хост ба суи дари даромади лаҳад рафта кандани буд, ки ногоҳ садои телефон баланд гардид. Мард ба духтари худ нигоҳ намуд.
Духтар руи телефонро ба худ гардонида, бардошт:
- Ало...
Шавҳари духтар:
- Шумо дар куҷо ҳастен.
- Дар қабристон ҳастем.
- Амакам кудакро бароварданд.
- Не ҳолӣ.
- Аз шаҳр бо ду нафар омадем. Ҳозир бо ҳамроҳи кормандони ҷамоат меравем.
- Хуб шудааст. Мо чикор кунем.
- То рафтани мо Сабр кунен...
Дар ҳамин ҳолад аз дохил садои тифл баланд шуд...
- Майлаш хайр мо интизор - гуён духтар телефонро хомуш кард.
Мард аз дохил ба духтараш нигоҳ карда гуфт:
- Чи мегуянд?
- Мегуянд дохили қабрро накушода истен. Дар роҳ омада истодаанд.
Гиряи тифл боз оғоз шуд... Падари духтар сабрашро аз даст дода гуфт:
- Духтарам намешавад. Дигарон зулм карданд набояд мо зулм кунем. - ба ҷомаи тобистонааш ишора намуда гуфт - ҷомаамро деҳ духтарам кудакро дар ҳамон печонда гирам.
Духтар ҷомаро дод ва худ каме қафо рафта истод:
- Мард ба кандани чимҳо оғоз намуд:
- Бисмиллоҳирраҳмонирраҳим. Ё Худо кумак - ба кандани даҳани даромадгоҳи дохил оғоз намуд.
Овози тифл боз ҳам баландтар шуд.
Мард гуфт:
- Духтарам. Ман ҳозир ба дохил медароям тифлро мегирам.
Мард ба дохил даромад, ки кудаки навзод дар бари модари худ аз гиря ва дастак задана дар матоъе, ки печонида шуда буд онро аз рӯи худ дур кардааст.
Падари духтар ба таври оромона кудакро ба руи дастонаш гирифт ва ба қафо майл намуда худро аз дохили қабр берун баровард. Пораи матоъро низ аз дохил берун кашид. Кудак аз гиряи зиёд ва аз сардии зери хок кам буд ҷонаш барояд.
Мард баробари дидани ҳоли тифли навзод ашк дар чашмонаш ҳалқа зад ва беихтиёр банди гиряро сар дод. Зуд тифлро ба ҷомаи худ печонид.
Кудак ҳамоно гиря менамуд...
Падари духтар каме кудакро дар руи дастонаш ором намуд. Дар ҳамин асно шарфаи пой зиёд гардид. Духтараш ба дохил нигоҳ намуда гуфт:
- Омаданд... (идома дорад)

Комментарии

Комментариев нет.