Произошла проблема с интернетом
Войти
|
Регистрация
ОЛАМИ ШЕЪР ҒАЗАЛ РУБОӢ ҚИССА ВА ҒАЙРА
15 окт 2023
модар
МОДАР
Модар боре зодрӯзи худро таҷлил накарда буд ва таҷлил кардан намехост. Ҳангоме ки бо ҷавонмарди ҳамдеҳааш хонадор шуда буд, гумон надошт, ки рӯзе ӯ калимаи «талоқ»-ро ба забон меорад, чунки ҳусни расо дошту «Қуръон»-ро бо ҳама нозукиҳояш қироат мекард. Ҳамаи ҷавонмардони деҳа мехостанд, ки ба ӯ хонадор шаванд.
Солҳо гузаштанд. Соҳиби панҷ фарзанд шуд. Аз рӯзи нахустини тавлиди фарзандонаш ба тарбияи фарзандон камар баст. Ҳамаи фарзандонаш соҳиби одоб ва дониши хуб буданд.
Шумораи сипоснома ва ифтихорномаҳояшон ҳисоб надошт. Бо вуҷуди камбағалии шавҳараш тоқат мекард, вале ӯ бесабаб калимаи «талоқ»-ро ба забон овард. Писари калонии хонадон ҳамон сол бе кӯмаки касе ба гуруҳи буҷавии пурнуфуфузтарин Донишгоҳи Тоҷикистон қабул шуд.
Баъди ин калимаро шунидан осмон ба сараш часпид. Ба идораҳои маъмурӣ шикоят набурд ва дигар ба таваллоҳои шавҳар аҳамият надод.
Баъди як рӯз ба муҳоҷират рафт. Бо пули коркардааш ду писарашро хононд ва духтаронашро ба шавҳар дод. Соли равон духтари хурдиаш ба Донишгоҳ қабул шуд. Ба хотири ӯ аз мусофират баргашт ва дар шаҳри Душанбе хонаеро ба иҷора гирифт, то ки фарзандаш беназорат намонад.
Фарзанди калониаш, ки ба дараҷаи номзадии илм расидааст, дигар нагузошт, ки модар кор кунад.
Ҳафтаи гузашта модар зодрӯз дошт, вале онро фаромӯш карда буд. Субҳ ҳангоми гуселондани духтараш ба Донишгоҳ аз хоб бархост, ки ҳамаи фарзандонаш бо туҳфаҳои назаррас дар болои сараш истодаанд ва «зодрӯз муборак бод»-гӯён ӯро ба оғӯш гирифтанд ва бори аввал модар сахт гирист, вале ин ашки шодӣ буд. Ӯ гумон надошт, ки писаронаш аз Россия ва духтаронаш аз роҳи дур ба табрики ӯ меоянд ва он рӯз бори аввал дар чанд соли охир онҳо сари як хон нишастанд.
0
•
2
Комментарии
Комментариев нет.
Обновить
Для того чтобы оставить комментарий,
войдите
или
зарегистрируйтесь
ОЛАМИ ШЕЪР ҒАЗАЛ РУБОӢ ҚИССА ВА ҒАЙРА
модар
МОДАРМодар боре зодрӯзи худро таҷлил накарда буд ва таҷлил кардан намехост. Ҳангоме ки бо ҷавонмарди ҳамдеҳааш хонадор шуда буд, гумон надошт, ки рӯзе ӯ калимаи «талоқ»-ро ба забон меорад, чунки ҳусни расо дошту «Қуръон»-ро бо ҳама нозукиҳояш қироат мекард. Ҳамаи ҷавонмардони деҳа мехостанд, ки ба ӯ хонадор шаванд.