Абдул хамрохи дигар хамсабаконаш туйи хамсабакаш ба дехаи дурдасти кишвар рафт. Арусу домодро ба гуфти мардуми деха «сари столи» гуён бегохи ба берун бароварданд. Хофизон аз шахр омаданду базм сар шуд. Хини базм ба сахна як духтари кокулдарози атласпуш даромаду хеле зебо ба мисли парии афсонави раксидан гирифт. Хуши бачахои шахри аз дидани ин духтари кадду коматаш расо, чашмони кабуд, рухсорахои ба сурхи моил, кокулони дарозаш рафту аз у дигар чашм намеканданд. Абдул бо як дидан ошики шайдо гардид. Ногахон ба сахна як зани синну солаш рафта даромаду аз дасти ин пари кашида мачбури уро аз сахна баровард. Абдул то охири туй ин духтарро кофт. Аммо дигар надид уро. Аз домод баъди базм тамом шудан ин духтаро пурсон шуд. Домод гуфт, ки панч сол боз дар шахр донишчу асту аввалин бор дар дехаашон чунин духтари хушруйро мебинад, шояд ин духтарак аз дехаи поин бошад. Абдул сахт илтимос кард, ки сурогаи ин духтаро ёбад.-Чи, чурачон, ошик шуди?-Бале, бо як нигох.Нишониашро гир, хостгор мефиристам.-Охир дустдоштаи шахриат чи мешавад?-Э биё мон, ман бо духтари нозпараварди шахри харгиз издивоч намекунам.-Майлаш, ман аз модарам ки буданашро пурсон мешавам.Субхи вакти ба шахр баргаштан Абдул боз хамон хохишашро ёдрас шуд. Модари домод хандида гуфт:-Бовар кун, бачачон. Ман хам аввалин бор ин паридухтаро дидам, вагарна худам келинаш мекардам. Зик нашав, меёбам нишониша.Баъди як хафта Абдул боз ба хонаи хамсабакаш омад.Ин даъфа нишонии ин духтаро гирифт. Дилаш ошики бекарор ба дехаи поин омад. Ба назди хавлии духтар расиду якбора худро гум кард. Охир ба хонаводаи духтар чи мегуяд. Бехтараш бо мошин падару модарашро ба хостгори меорад. Худи хамон бегохи аз шахр рафта падару модаро ба хонаи ин духтар овард. Хостгорони бехабарро падари духтар, ки хеле марди ботакво ва хоксор буд, пешвоз гирифт. Хонаводаи духтар хеле кашоккона мезистанд.Падару модари босавлати Абдул ба ду хоначаи бе чихозу кайхо таъмир надидаи онхо нигариста ба якдигар маънидорона назар афканданд. Аммо ба хотири мухаббати писари ягона хомуш буданд. Падари Шахноза матлаби онхоро фахмидан пас якбора гамгин шуду гуфт:-Хуш омадед, бори дигар. Аммо ман духтарамро ба писари шумо дода наметавонам. Чунки духтари ман аллакай фотиха аст.-Майлаш, чизе ки шумо гуед-хурсанди карданд падару модари Абдул. Охир онхо харгиз намехостанд, ки аз ин деха ба хонаи худ духтар баранд.Абдул фотиха будани духтаро фахмида бовар накард. Худаш рузе ба назди падари Шахноза омад.-Тагочон, ман ошики шайдои якумраи духтари шумо хастам. Илтимос, маро ноумед накунед, ки худкуши мекунам.-Ох, писарам…чи гуям, ки нагуфтанам бехтар аст. Ин чо шин..-Духтари ман аз хурдиаш паривара аст. Мефахми?-Э тагочон, ба ин гапхо бовар накунед.-Бовар кун, магар ману модараш намехостем, ки у хушбахт бошад. Модараш холо дар беморхонаи равони табобат дорад. У хам паривар аст. Ман муддати 37 сол аст, к ибо хамсарам ва писару духтари паривараам азоби гур дорам. Такдири бад аст. Ту хам мехохи, ки оянда фарзандонат хамин хел касал дошта бошанд. Рав, бехтараш, моро гам нате.-Не, тагочон, ба ман фарке надорад. Худам табобаташ мекунам.Хамин тавр туйи арусиву домодии Абдул бо Шахноза барпо гардид.Рузи туй Шахноза дар тарабхона сари миз кикир-кикир механдиду ба ракс баромадани мешуд. Абдул аз дастони у сахт капиду ба гушаш гуфт:-Ту зани мани, кани хомуш шин.Шахноза бо кахр ба у нигаристу гуфт:-Ман зани пари хастам.Шаби висол арус рост меистоду гап намезад. Абдул бо мехрубони гуфт, ки биё шин, хурок хурем, гушна шудам. Модарам гуштбирёни махсус пухтааст барои шаху арус.-Барои Сурхпари чи?-Тавба, шин инча, кадом париву мари. Шин-дод зад уАчибаш ин буд, ки Шахноза аз гапи баланд сахт метарсид. Абдул ин хислати уро зуд омухт. Акнун бо аруси зебояш дод зада гап мезад. Ба падару модараш аз касалии равониаш дам назад. Ба хусураш гуфт, ки то туйро гузаронидан модари арусро наорад. Баъди туй арусро барои ташхис бурд. Баъди магзи сарашро томография кардан духтури асаб гуфт, ки магзи сари ин духтар тамоман хаста аст, уро сахт табобат кардан даркор аст.Муддати шаш мох аруси зебояшро табобат кард. Аммо рафтори арус руз ба руз дигар мешуд. Нисфирузи аз хобаш мехест. Лаб инч карда меистод.Бо либоси чип-чиркин руйи хавли мегашт. Агар мехмон ояд, кикир-кикир механдид. Абдул акнун хис кард, ки хатои сахте содир кардааст дар интихоби хамсар. Аммо сирашро бой надода зиндаги мекард ба умеди ояндаи нек. Модару падар аллакай фахмиданд, ки аруси интихобкардаи писарашон камакл аст. Ба писар гуфтанд, ки холо хам сари вакт аст, уро талок деху ба хонаи падараш бурда мон.-Не, очачон, ман дидаву дониста уро зан кардаам. Ин ноодами мешавад. Токат мекунам, шояд сихат шавад.-Бачачонам, охир ин бемории онхо ирси аст. Мефахми?Агар раваду аз ту хомиладор шавад, пас чи кор мекуни он вакт?-Очачон… ин зиндагии ман аст.Шахноза шабхо ба берун мебаромадаги шуд. Абдул аз пасаш ба берун баромаду нигох кард, ки у чи кор мекунад. Шахноза ба даруни чуйбори обаш сард медаромаду оббози мекард.Зери лаб гап мезад. Дар олами дигар буд. Асаби Абдул хароб шуду дигар сабраш аз даст рафт. Уро ба беморхона бурд. Аммо шаби дуввуми дар беморхонаи равони буданаш телефон карданд, ки зуд биё, занат хафакон шудааст. Вакте, ки часади Шахнозаро мешустанд, паси гарданаш иззи сиёх буд. Духтури навбатдор гуфт, ки руймолашро ба гарданаш банд карда ба гармкунаки барки бастааст ва факат Сурхпари гуфта дод задааст. Баъди уро аз банд гирифтан сузундоруи оромкунанда мегузаронанд. Аммо баъди як соати хушёр шуданаш нафасгир мешаваду дилаш якбора сакта мегирад ва ба халокат мерасад.»Абдул ин зиндагиномаашро ба ман кисса карду гуфт, ки апачон, ин хаёти маро нависед, то тамоми чавонон бидонанд, ки пеш аз издивоч хатман хаматарафа хамсари худро аз ташхиси тибби гузаронед, вагарна пушаймони суде надорад. http://m.ok.ru/olamiruboi
ОЛАМИ ШЕЪР ҒАЗАЛ РУБОӢ ҚИССА ВА ҒАЙРА
Аруси «пари»(муаллиф Шахлои Начмиддин)
Абдул хамрохи дигар хамсабаконаш туйи хамсабакаш ба дехаи дурдасти кишвар рафт. Арусу домодро ба гуфти мардуми деха «сари столи» гуён бегохи ба берун бароварданд. Хофизон аз шахр омаданду базм сар шуд. Хини базм ба сахна як духтари кокулдарози атласпуш даромаду хеле зебо ба мисли парии афсонави раксидан гирифт. Хуши бачахои шахри аз дидани ин духтари кадду коматаш расо, чашмони кабуд, рухсорахои ба сурхи моил, кокулони дарозаш рафту аз у дигар чашм намеканданд. Абдул бо як дидан ошики шайдо гардид. Ногахон ба сахна як зани синну солаш рафта даромаду аз дасти ин пари кашида мачбури уро аз сахна баровард. Абдул то охири туй ин духтарро кофт. Аммо дигар надид уро. Аз домод баъди базм тамом шудан ин духтаро пурсон шуд. Домод гуфт, ки панч сол боз дар шахр донишчу асту аввалин бор дар дехаашон чунин духтари хушруйро мебинад, шояд ин духтарак аз дехаи поин бошад. Абдул сахт илтимос кард, ки сурогаи ин духтаро ёбад.
-Чи, чурачон, ошик шуди?
-Бале, бо як нигох.Нишониашро гир, хостгор мефиристам.
-Охир дустдоштаи шахриат чи мешавад?
-Э биё мон, ман бо духтари нозпараварди шахри харгиз издивоч намекунам.
-Майлаш, ман аз модарам ки буданашро пурсон мешавам.
Субхи вакти ба шахр баргаштан Абдул боз хамон хохишашро ёдрас шуд. Модари домод хандида гуфт:
-Бовар кун, бачачон. Ман хам аввалин бор ин паридухтаро дидам, вагарна худам келинаш мекардам. Зик нашав, меёбам нишониша.
Баъди як хафта Абдул боз ба хонаи хамсабакаш омад.Ин даъфа нишонии ин духтаро гирифт. Дилаш ошики бекарор ба дехаи поин омад. Ба назди хавлии духтар расиду якбора худро гум кард. Охир ба хонаводаи духтар чи мегуяд. Бехтараш бо мошин падару модарашро ба хостгори меорад. Худи хамон бегохи аз шахр рафта падару модаро ба хонаи ин духтар овард. Хостгорони бехабарро падари духтар, ки хеле марди ботакво ва хоксор буд, пешвоз гирифт. Хонаводаи духтар хеле кашоккона мезистанд.Падару модари босавлати Абдул ба ду хоначаи бе чихозу кайхо таъмир надидаи онхо нигариста ба якдигар маънидорона назар афканданд. Аммо ба хотири мухаббати писари ягона хомуш буданд. Падари Шахноза матлаби онхоро фахмидан пас якбора гамгин шуду гуфт:
-Хуш омадед, бори дигар. Аммо ман духтарамро ба писари шумо дода наметавонам. Чунки духтари ман аллакай фотиха аст.
-Майлаш, чизе ки шумо гуед-хурсанди карданд падару модари Абдул. Охир онхо харгиз намехостанд, ки аз ин деха ба хонаи худ духтар баранд.
Абдул фотиха будани духтаро фахмида бовар накард. Худаш рузе ба назди падари Шахноза омад.
-Тагочон, ман ошики шайдои якумраи духтари шумо хастам. Илтимос, маро ноумед накунед, ки худкуши мекунам.
-Ох, писарам…чи гуям, ки нагуфтанам бехтар аст. Ин чо шин..
-Духтари ман аз хурдиаш паривара аст. Мефахми?
-Э тагочон, ба ин гапхо бовар накунед.
-Бовар кун, магар ману модараш намехостем, ки у хушбахт бошад. Модараш холо дар беморхонаи равони табобат дорад. У хам паривар аст. Ман муддати 37 сол аст, к ибо хамсарам ва писару духтари паривараам азоби гур дорам. Такдири бад аст. Ту хам мехохи, ки оянда фарзандонат хамин хел касал дошта бошанд. Рав, бехтараш, моро гам нате.
-Не, тагочон, ба ман фарке надорад. Худам табобаташ мекунам.
Хамин тавр туйи арусиву домодии Абдул бо Шахноза барпо гардид.Рузи туй Шахноза дар тарабхона сари миз кикир-кикир механдиду ба ракс баромадани мешуд. Абдул аз дастони у сахт капиду ба гушаш гуфт:
-Ту зани мани, кани хомуш шин.
Шахноза бо кахр ба у нигаристу гуфт:
-Ман зани пари хастам.
Шаби висол арус рост меистоду гап намезад. Абдул бо мехрубони гуфт, ки биё шин, хурок хурем, гушна шудам. Модарам гуштбирёни махсус пухтааст барои шаху арус.
-Барои Сурхпари чи?
-Тавба, шин инча, кадом париву мари. Шин-дод зад у
Ачибаш ин буд, ки Шахноза аз гапи баланд сахт метарсид. Абдул ин хислати уро зуд омухт. Акнун бо аруси зебояш дод зада гап мезад. Ба падару модараш аз касалии равониаш дам назад. Ба хусураш гуфт, ки то туйро гузаронидан модари арусро наорад. Баъди туй арусро барои ташхис бурд. Баъди магзи сарашро томография кардан духтури асаб гуфт, ки магзи сари ин духтар тамоман хаста аст, уро сахт табобат кардан даркор аст.
Муддати шаш мох аруси зебояшро табобат кард. Аммо рафтори арус руз ба руз дигар мешуд. Нисфирузи аз хобаш мехест. Лаб инч карда меистод.Бо либоси чип-чиркин руйи хавли мегашт. Агар мехмон ояд, кикир-кикир механдид. Абдул акнун хис кард, ки хатои сахте содир кардааст дар интихоби хамсар. Аммо сирашро бой надода зиндаги мекард ба умеди ояндаи нек. Модару падар аллакай фахмиданд, ки аруси интихобкардаи писарашон камакл аст. Ба писар гуфтанд, ки холо хам сари вакт аст, уро талок деху ба хонаи падараш бурда мон.
-Не, очачон, ман дидаву дониста уро зан кардаам. Ин ноодами мешавад. Токат мекунам, шояд сихат шавад.
-Бачачонам, охир ин бемории онхо ирси аст. Мефахми?Агар раваду аз ту хомиладор шавад, пас чи кор мекуни он вакт?
-Очачон… ин зиндагии ман аст.
Шахноза шабхо ба берун мебаромадаги шуд. Абдул аз пасаш ба берун баромаду нигох кард, ки у чи кор мекунад. Шахноза ба даруни чуйбори обаш сард медаромаду оббози мекард.Зери лаб гап мезад. Дар олами дигар буд. Асаби Абдул хароб шуду дигар сабраш аз даст рафт. Уро ба беморхона бурд. Аммо шаби дуввуми дар беморхонаи равони буданаш телефон карданд, ки зуд биё, занат хафакон шудааст. Вакте, ки часади Шахнозаро мешустанд, паси гарданаш иззи сиёх буд. Духтури навбатдор гуфт, ки руймолашро ба гарданаш банд карда ба гармкунаки барки бастааст ва факат Сурхпари гуфта дод задааст. Баъди уро аз банд гирифтан сузундоруи оромкунанда мегузаронанд. Аммо баъди як соати хушёр шуданаш нафасгир мешаваду дилаш якбора сакта мегирад ва ба халокат мерасад.»
Абдул ин зиндагиномаашро ба ман кисса карду гуфт, ки апачон, ин хаёти маро нависед, то тамоми чавонон бидонанд, ки пеш аз издивоч хатман хаматарафа хамсари худро аз ташхиси тибби гузаронед, вагарна пушаймони суде надорад. http://m.ok.ru/olamiruboi