Хабиб Саид
17 янв 2023

...

Аҳмад Зоҳир: -Не, не. Ба номи Худо ба ман кӯмак кунед, гуфт ӯ. Ту пули Худоро ҳамроҳи Худо читу ҳисоб мекунӣ? Ту пули сиёҳта меполидӣ? Ҳар вақт ба гадо ё каси дигар кӯмак мекунӣ, аввал дасти чап нафаҳмад, ки дасти рост чӣ кард ва дуввум ҳеҷ вақт пайсата ҳисоб накун, вақте ба номи Худо хайр мекунӣ...
Хабарнигор: Шумо хоҳари Аҳмад Зоҳир ҳастед, хонандаи бисёр маъруфи кишвари мо. Ҳар гоҳе ки ба Афғонистон сафар мекунед, сари кӯчаву бозор байдои ӯра ҳатман мешунавед. Шумо ба ҳайси хоҳари Аҳмад Зоҳир чӣ хотираҳое аз ӯ ёд доред?
Зоҳира: Мисли ҳар як хоҳаре ки бародари худашро хеле зиёд дӯст дошт, аз Аҳмад Зоҳир хотираҳои зиёде дорам, ки вақт намерасад барои ҳамаи онҳоро гуфтан. Танҳо як хотираро ба шумо қисса мекунам. Аҳмад Зоҳир як инсони хуб буд, як мусулмони хуб буд. Аҳмад Зоҳир ба синни бисёр хурд мара як дарс ёд дод. Аҳмад Зоҳир 17 сола буд , ма ҳаждаҳсола. Якҷо мерафтем, ки аз хушкашӯӣ колои худро бигирем. Мутарбон (ронанда) истод кард, ки биравад колора биёрад. Як гадо ба пеши дари Аҳмад Зоҳир омад ва гуфт:
- Ба номи Худо ба ман кӯмак кунед.
Ман бакс (ҳамён)-и худро воз кардам, ки пули сиёҳи худро пайдо кунам ва ба гадо бидиҳам. Аҳмад Зоҳир ҳамроҳи худ ҳеҷ вақт баксаки ҷайбӣ намегардонд. Пулҳои худро ҳамеша чумулуқ дар мобайни ҷебуш буд. Ҳардуи мо дар он вақт муҳассил будем. На ӯ пайсадор буд, на ман пайсадор будам. Нав маоша бобии мо дода буд. Як миқдор нут дар ҷейбуш буд. И ҳами дасти худа дар ҷейби худ кард ва дидум, ки як мушт нута дар дасти аз и сарсафед дод. Гуфт:
- Бирав падар, Худо нигоҳ дорат.
Баруш гуфтам:
-Чаро аҷала кардӣ ма медодумуш пайса.
Гуфт:
Хоҳарак, ту нашнидӣ ки ӯ гадо чӣ хост?
Гуфтам:
-Пайса хост.
Гуфт:
-Не, не. Ба номи Худо ба ман кӯмак кунед, гуфт ӯ. Ту пули Худоро ҳамроҳи Худо читу ҳисоб мекунӣ? Ту пули сиёҳта меполидӣ? Ҳар вақт ба гадо ё каси дигар кӯмак мекунӣ, аввал дасти чап нафаҳмад, ки дасти рост чӣ кард ва дуввум ҳеҷ вақт пайсата ҳисоб накун, вақте ба номи Худо хайр мекунӣ.
Порае аз мусоҳибаи хабарнигори телевизиони «Тулӯъ»-и Афғонистон бо Зоҳира Зоҳир
Аз сомонаи «ruzgor.tj»
Ахмад Зохир – яркая и неугасающая звезда персидского небосвода – ПДФ https://drive.google.com/file/d/1SNftH0vS4DsgkwdPuDrT_acWnB7iIhRP/view

...Аҳмад Зоҳир: -Не, не. - 939640259731

Комментарии

Комментариев нет.