Худованд мефармояд: Бо ҳамдигар ба некўкори ва тақво Ҳамкори кунед (Моида: 2) Дар ҳадиси саҳеҳ омада, ки Расули Худо (с) фармуд: Худованд бандаро ёриву мадад мекунад, то лаҳзае, ки ў дар садади ёриву кўмаки бародараш бошад. Инчунин фармудааст: ҳар касе ба кори хайре роҳнамои кунад, барои вай мисли савоби амале дода мешавад, ки барои анҷомдиҳандаи он арзони мегардад. Низ он ҳазрат (салаллоҳу алайҳи ва саллам) фармудааст: Ба он ки ба роҳи хайре даъват кунад, ҳамон подоши касоне, ки аз ў пайрави мекунанд, дода мешавад, бидуни ин ки ин кор чизе аз муздашон кам кунад