Дуздҳо ҷавоҳиротибаробар ба 4,5миллионро ба яғмобурдандЯнвар 11, 2018Фаронса - ҷавоҳироти GaydamakПахшДуздҳои мусаллаҳ аз бутики Ritz -меҳмонхонаи машҳури Порисҷавоҳиротеро баробар 4,5 миллионевро ғорат карданд. Дар ин борапулис рӯзи 10 январ хабар дод. Дуздҳошишаи бутикро шикастанд ваҷавоҳироти пурарзишро бо худбурданд.Пулис мегӯяд, ки се гумонбари дуздӣдафъатан дар майдони Вендомимаркази Порис боздошт шуд. Дунафари дигар дар ҳоли фирор қарордорад. Дар ин ҳодиса касе захмӣнашуд, вале ҷавоҳироти ба яғморафтаро низ пайдо накарданд.Дуздҳо зоҳиран ба дӯкон аз дари кӯчаворид шуда, барои гирифтаниҷавоҳирот шишаи ветринарошикастанд. Дар ин вақт ду нафар дардӯкон буд ва онҳо пулисро аз ҳодисаогоҳ карданд.Дар чанд соли ахир якчандфурӯшгоҳи ҷавоҳирот дар Порис, бошумули Cartier, Harry Winston ваChopard мавриди ҳамлаи дуздонқарор гирифтанд. Моҳи октябри соли2016 ғоратгарон бо таҳдиди силоҳ баКим Кардшиан, ситораи намоишҳоитафреҳии ИМА, ки дар яке азапартментҳои Порис қарор дошт,ҷавоҳироти ӯро бо арзиши 9 миллионевро ба яғмо бурданд.Ritz барои дуздҳо ҳадафи боарзиш аст.Ин меҳмонхона, ки аз қарни 19фаъолият дорад ва соли 2016 баъдибозсозии чорсола дубора боз шуд,дӯкони брендҳои машҳури мислиErnest Hemingway, Coco Chanel, MarcelProust ва Princes Diana-ро дар худ ҷойдодааст.андешаи шумо
Новости Таджикистана и мира
Фаронса
Дуздҳо ҷавоҳироти
баробар ба 4,5
миллионро ба яғмо
бурданд
Январ 11, 2018
Фаронса - ҷавоҳироти Gaydamak
Пахш
Дуздҳои мусаллаҳ аз бутики Ritz -
меҳмонхонаи машҳури Порис
ҷавоҳиротеро баробар 4,5 миллион
евро ғорат карданд. Дар ин бора
пулис рӯзи 10 январ хабар дод. Дуздҳо
шишаи бутикро шикастанд ва
ҷавоҳироти пурарзишро бо худ
бурданд.
Пулис мегӯяд, ки се гумонбари дуздӣ
дафъатан дар майдони Вендоми
маркази Порис боздошт шуд. Ду
нафари дигар дар ҳоли фирор қарор
дорад. Дар ин ҳодиса касе захмӣ
нашуд, вале ҷавоҳироти ба яғмо
рафтаро низ пайдо накарданд.
Дуздҳо зоҳиран ба дӯкон аз дари кӯча
ворид шуда, барои гирифтани
ҷавоҳирот шишаи ветринаро
шикастанд. Дар ин вақт ду нафар дар
дӯкон буд ва онҳо пулисро аз ҳодиса
огоҳ карданд.
Дар чанд соли ахир якчанд
фурӯшгоҳи ҷавоҳирот дар Порис, бо
шумули Cartier, Harry Winston ва
Chopard мавриди ҳамлаи дуздон
қарор гирифтанд. Моҳи октябри соли
2016 ғоратгарон бо таҳдиди силоҳ ба
Ким Кардшиан, ситораи намоишҳои
тафреҳии ИМА, ки дар яке аз
апартментҳои Порис қарор дошт,
ҷавоҳироти ӯро бо арзиши 9 миллион
евро ба яғмо бурданд.
Ritz барои дуздҳо ҳадафи боарзиш аст.
Ин меҳмонхона, ки аз қарни 19
фаъолият дорад ва соли 2016 баъди
бозсозии чорсола дубора боз шуд,
дӯкони брендҳои машҳури мисли
Ernest Hemingway, Coco Chanel, Marcel
Proust ва Princes Diana-ро дар худ ҷой
додааст.
андешаи шумо