Оқибати итоати зан ва аз хона ронда шудани модар

Як чавоне буд, ки падараш вафот карда, сарпарасти оилаи онхо ба души модараш гардид. Модари бечора дар хонахои хамсоягонаш кор карда музди ночизе, ки пайдо мекард онро дар фарзандонаш сарф мекард. Солхо сипари шуданд ва фарзанди калонии у, ки бисёр чавони бо одаб ва хушахлок буд, мактабро тамом карда, ба хоричи кишвар хондани рафт. Баъди гузаштани солхо сохиби диплом гардид ва ба кишвараш пас омад. Аммо одобу ахлок ва муъомилаи некеро, ки собик уро зинат медоданд, аз даст додаву ба тарзи чахонбинии дигар баргашта буд. Биноан чун модараш хост уро ба духтари шоистае хонадор кунад кабул накард ва гуфт: Ман аз хонадони сарватдорон ва зани пешрафтаеро хохам гирифт. Саранчом чунин хам кард ва чунин зан хам гирифт ва у хамрохи модараш дар як хона зиндаги мекарданд. Баъди гузаштани шашмох аз рузи туяш, рузе занашро дид, ки гиря мекард. Чун пурсидаш, ки чи вокеъ шудааст? Чунин шикоят кард: Ман аз ин бештар токати онро надорам, ки бо модари ту дар як хона зиндаги кунам. Он чавон аз модараш дар газаб шуда уро аз хонааш ронд. Модари бечора ба фарзандаш нигох мекарду мегуфт: Ай фарзандам, Худо туро некбахт кунад! Ин дуъояшро такрор карда аз хона рафт. Баъди чанде чун газаби чавон дур шуд ва хидматхои модараш ба ёдаш омад ба сурогаш баромад, вале хайхот уро дигар наёфт. Аммо занаш аз ин амали шавхараш бисёр хуш шуда фикру зикри чавонро бештар ба худ мафтун сохт ва ба хусну чамолаш мухабати модарро аз калби вай дур сохт, дигар боре хам ба ёдаш намеомад. Бо гузашти замон он чавон бемор ва дар шифохона бистари мешавад. Модараш аз бемори писараш хабардор шуда, ба шифохона омад. Хангоме мехост ба назди писараш дарояд келинаш уро истикбол гирифту гуфт: Пас рав! Писарат инчо нес! Ту аз мо чи мехохи! Аз пеши мо дур шав! Мо туро дидан намехохем! Модар ноумеду гурён пас рафт. Он чавон баъди чанде шифо ёфта ба хонааш меояд, вале аз нав боз бемор мегардад ва ба шифохона меафтад. Дар муддати бемори тулони вазифаашро аз даст медихад ва карзидор мешавад. Он дусту ошное, ки дошт хама аз вай дур мегарданд ва у ба касе дигар дар кор намешавад. Он чавон мегуяд:Дар чунин холати душвору ногувор занам рузе гуфт: Дигар дар ту на вазифа мондаву на обу ру байни мардум, ман бо ту зиндаги карданро намехохам, талокам кун! Ин бароям бисёр зарбаи шадиде буд, вале он маро ба худ овард ва ман донистам, ки ба сабаби рондани модарам инро сазовор гардидаам. Баъди ин ба чустучуи модарам баромадам ва бо кушишхои зиёд уро дар яке аз хонахои бепарасторон, ки бо хайру эхсони мардум зиндаги мекард ёфтам. Аз гиряи бисёр рангу руяш тагир хурда коматаш чанг зада буд. Вакто, ки модарамро дидам худамро ба пеши пояш партофтам ва бо овози баланд гиря кардам, ки у низ ба гиря даромада ба хам чанде гиря кадем. Сипас уро ба хона овардаму касам хурдам, ки харгиз нофармониаш накунам. Акнун якчоя бо модарам бехтарин ва некбахтарин рузхои хаётамро ба сар мебарам.

Оқибати итоати зан ва аз хона ронда шудани модар
 - 838857187317

Комментарии

  • 11 янв 2017 12:59
    Салом модар аз хама азизу муьтабар мебошад
  • 25 янв 2017 11:17
    кисаи зур
  • 25 янв 2017 13:07
    он каски дуои модар нагириф хайвонсифатанд
  • 11 фев 2017 09:30
    Не зевару не нукраву гавхар хохам, Не давлату не сар вату минбар хохам. Болои сари чахор фарзанди падар, Пояндаву човидон модар хохам.
  • 11 фев 2017 09:45
    Modar olihai buzurgu qashangtarin ofaridai Ofaridgor ast...
  • 12 фев 2017 19:20
    сад чону дил фидои як мудаои модар . Фадху кушоиш орад дасти дуои модар
  • 28 дек 2017 14:04
    Бихишт зери кадами модарон аст
  • 28 дек 2017 14:06
    Бихишт зери кадрами модарон аст
  • 2 мар 2018 06:04
    як гапаст байни мардум шабтияк бех аз ширтияк
  • 15 мар 2018 16:07
    Кори хуб накардед бародари азиз
  • 15 мар 2018 16:10
    gif
  • 14 июл 2018 13:22
    модар дар таги гур фикри фарзанд мекунад
  • 20 июл 2018 11:43
    Ба кадри модарон расед дустон
  • 9 авг 2018 05:55
    Кадри модарро бе модарон мефахмад. Агар ман хам Модар медоштам. Чон модар модаричонам рухат шод бод хонаи охиратат бихишту аз хавзи Кавсар сер боши иллохо Омин Аллоху Акбар...
  • 30 мар 2020 20:16
    Худо занад ту барин фарзанда , манам духтар ҳастам оиладор нашудаам , вале агар аз ту барин ҷавони аҳмак одам ояд ҳагиз намегирифтам , зеро туки модаратро аз занат поин гузошти , фардо фарзандонат модари хешро ба чунин ҳол меовард , агар занат чунин туро партофта намерафт , ту ҳаргиз ба аёдати модарат намерафтӣ . Худовандо чи қадар бузургӣ , ки фариштаи заминиатро чунон хор мекунанд ҷонашонро намегирӣ . Ва сабр мекунӣ ки ислоҳ шаванд ...