💐💐Ба номи ХудоХудоё, бар Муҳаммад ва Оли Муҳаммад дуруд фирист!Салом, қуръономӯзони азиз!Ба хости Худо дар ин барнома бо мафоҳими сураи Фил ошно хоҳем шуд.🌺🌺Матн ва тарҷумаи сураи Филبِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَنِ الرَّحِيمِ🌿 Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон🔴 Худоё, чӣ паёме ба паёмбарат дорӣ?أَلَمْ تَرَ كَيْفَ فَعَلَ رَبُّكَ بِأَصْحَابِ الْفِيلِ (1)🌿 Оё надидӣ (эй Паёмбар), ки Парвардигори ту бо филсаворон чӣ кор кард?🔴 Чӣ кор кард?أَلَمْ يَجْعَلْ كَيْدَهُمْ فِي تَضْلِيلٍ (2)🌿 Оё ӯ нақшаи бад ва шуми онҳоро аз байн набурд (ва онҳоро шикаст надод)?🔴 Чӣ тавр?وَ أَرْسَلَ عَلَيْهِمْ طَيْرًا أَبَابِيلَ (3)🌿 Ва ӯ парандагони кучакро даста-даста болои сари онҳо фиристод🔴 Парандагон чӣ кор карданд?تَرْمِيهِمْ بِحِجَارَةٍ مِنْ سِجِّيلٍ (4)🌿 Парандагон сангрезаи гилолудро бар сари онҳо партоб мекарданд🔴 Оқибат чӣ шуд?فَجَعَلَهُمْ كَعَصْفٍ مَأْكُولٍ (5)🌿 Пас ӯ филсаворонро мисли коҳи хурдшуда гардонд (ва онҳоро беасар ва нобуд кард)
Суфраи меҳрубонӣ
Ошноӣ бо сураи Фил
💐💐
Ба номи Худо
Худоё, бар Муҳаммад ва Оли Муҳаммад дуруд фирист!
Салом, қуръономӯзони азиз!
Ба хости Худо дар ин барнома бо мафоҳими сураи Фил ошно хоҳем шуд.
🌺🌺
Матн ва тарҷумаи сураи Фил
بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَنِ الرَّحِيمِ
🌿 Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
🔴 Худоё, чӣ паёме ба паёмбарат дорӣ?
أَلَمْ تَرَ كَيْفَ فَعَلَ رَبُّكَ بِأَصْحَابِ الْفِيلِ (1)
🌿 Оё надидӣ (эй Паёмбар), ки Парвардигори ту бо филсаворон чӣ кор кард?
🔴 Чӣ кор кард?
أَلَمْ يَجْعَلْ كَيْدَهُمْ فِي تَضْلِيلٍ (2)
🌿 Оё ӯ нақшаи бад ва шуми онҳоро аз байн набурд (ва онҳоро шикаст надод)?
🔴 Чӣ тавр?
وَ أَرْسَلَ عَلَيْهِمْ طَيْرًا أَبَابِيلَ (3)
🌿 Ва ӯ парандагони кучакро даста-даста болои сари онҳо фиристод
🔴 Парандагон чӣ кор карданд?
تَرْمِيهِمْ بِحِجَارَةٍ مِنْ سِجِّيلٍ (4)
🌿 Парандагон сангрезаи гилолудро бар сари онҳо партоб мекарданд
🔴 Оқибат чӣ шуд?
فَجَعَلَهُمْ كَعَصْفٍ مَأْكُولٍ (5)
🌿 Пас ӯ филсаворонро мисли коҳи хурдшуда гардонд (ва онҳоро беасар ва нобуд кард)
✅🌺🌿 Бачаҳои азиз, пас бидонем, ки Худо мехоҳад ба мо бифаҳмонад, ки ҳеҷ кас ва ҳеҷ қудрате тавони муқобила бо Парвардигори Паёмбарро надорад ва ӯ лашкари пурсару садои филсаворонро бо сангрезаи минқори парандагони кучак ҳалок ва нобуд мекунад ва ӯ ҳамеша пуштибони Паёмбар ва муъминон аст. Пас аз абарқудратнамоҳо натарсед ва ба Парвардигори доно ва тавоно такя кунед.
🔴🔴 Ҳоло дар ин сура ба панҷ калимаи асосӣ диққат кунед:
1) Парвардигор
2) Паёмбари Худо
3) филҳо
4) филсаворон
5) парандаҳои кучак
Офарин, инак бо ин панҷ калима достони сураи Филро барои падару модар ва дӯстони худ бигӯед.
🌺🌺
Офарин, ҳоло биёед шеъри зебои сураи Филро бо ҳам бихонем:
Ба номи Парвардигор
Дӯсташ медорам бисёр
Роҳнамои инсон аст
Ҳамеша дар ҳама кор
Сураи Фил бихонем
Эй бачаҳои ҳушёр
Худо гуфта: Паямбар
Ҳарфи маро гӯш дор
Надидӣ Парвардигор
Бо лашкари филсавор
Нақшаи шуме доштанд
Оё намуда чӣ кор? (1)
Намонад як нишона
Зи Каъба дар рӯзгор
Нақшаи шумашонро
Намуд нобуду бекор (2)
Бар сари онҳо борид
Парандаҳои бисёр (3)
Бо сангу гил намуданд
Лашкарашон тору мор (4)
Чун коҳи хурдашон кард
Ҳам филу ҳам филсавор (5)
Ин сура дорад ба мо
Нишонаи бешумор
Танҳо умеди мо ҳаст
Қудрати Парвардигор
✅ Сурудаи Саломиддин Муҳаммадамин
🌸🌸🌸
Офарин, бачаҳои азиз!
Худоро шукр бо сураи Фил ва тарҷума ва шеъри зебои он ошно шудем.
🌹🌹☘️
То барномаи баъдӣ ва ошноӣ бо сураи дигар Худо нигаҳдоратон бод!