🥀Нафасҳои модар ба сахтӣ барояд🥀Ду чашмаш ба дар то аҷал аз дар оядБиҳишти падар мекашад интизораш🥀Ба дидори Аҳмад, кунун, духтар оядЧӣ оҳиста шабҳо зи дил мекашад оҳ🥀Ки хуни дил аз синаи модар оядАз он оташи фитна дуде баланд аст🥀Ки дил шуълавар гашта хокистар оядҲар он кас, ки бинад дари хонаи мо🥀Дилаш сӯзаду бо ду чашми тар оядБимирам барои ғарибии мавло🥀Ки хун ҷои ашк аз ду чашмаш бароядХудоё, қарор аст аз сӯи уммат🥀Чӣ ранҷе ба дил баъди Пайғамбар ояд?!Ҳанӯз аз ғаме дил нагардида фориғ🥀Суроғи дилам ғуссаи дигар оядНа мондаст ашке ба дида, ки гирям🥀На оҳе, ки аз чоҳи сина бароядМадина ба суги Набӣ гар нагиряд🥀Чаро сабраш аз гиряи мо сар ояд?Рамақ меравад аз нигоҳам чу ёдам🥀Аз он охирин лаҳзаи модар оядКӣ дида зи ҷаври хазон як гули сурх🥀Гаҳе арғувон, гоҳ нилуфар ояд?Бигӯ: Маънии хандаи модарам чист?🥀Аз ин хандаҳояш дилам музтар оядНадида касе ранги лабханди модар🥀Чунин нақш бар он лабон камтар оядШифо ёфта модари ман, Худоё!🥀Тавоне бидеҳ то дар он пайкар оядКунад ҳар ки ӯро иёдат бигӯяд:🥀Ки бӯи аҷал аз он бистар ояд!✍️ Муҳсин Ҷаъфарӣ🤲 Худоё, бар Фотима, падараш, ҳамсараш ва фарзандонаш дуруду салом бифирист ва аз баракатҳояшон дар дунё ва охират насибамон гардон!
Суфраи меҳрубонӣ
🥀 Дар фироқи ҷонсӯзи сиддиқаи шаҳида сарвари бонувони олам ва аҳли биҳишт ва дурдонаи маҳбуби Расули Худо ҳазрати Муҳаммади Мустафо ва ҳамсари мавлоно Алии Муртазо ва модари арҷманди мавлоно имом Ҳасани Муҷтабо ва имом Ҳусейн шаҳиди дашти Карбало ҳазрати Фотимаи Заҳро (Салому дуруди Худо бар онон бод)
🥀Нафасҳои модар ба сахтӣ барояд
🥀Ду чашмаш ба дар то аҷал аз дар ояд
Биҳишти падар мекашад интизораш
🥀Ба дидори Аҳмад, кунун, духтар ояд
Чӣ оҳиста шабҳо зи дил мекашад оҳ
🥀Ки хуни дил аз синаи модар ояд
Аз он оташи фитна дуде баланд аст
🥀Ки дил шуълавар гашта хокистар ояд
Ҳар он кас, ки бинад дари хонаи мо
🥀Дилаш сӯзаду бо ду чашми тар ояд
Бимирам барои ғарибии мавло
🥀Ки хун ҷои ашк аз ду чашмаш барояд
Худоё, қарор аст аз сӯи уммат
🥀Чӣ ранҷе ба дил баъди Пайғамбар ояд?!
Ҳанӯз аз ғаме дил нагардида фориғ
🥀Суроғи дилам ғуссаи дигар ояд
На мондаст ашке ба дида, ки гирям
🥀На оҳе, ки аз чоҳи сина барояд
Мадина ба суги Набӣ гар нагиряд
🥀Чаро сабраш аз гиряи мо сар ояд?
Рамақ меравад аз нигоҳам чу ёдам
🥀Аз он охирин лаҳзаи модар ояд
Кӣ дида зи ҷаври хазон як гули сурх
🥀Гаҳе арғувон, гоҳ нилуфар ояд?
Бигӯ: Маънии хандаи модарам чист?
🥀Аз ин хандаҳояш дилам музтар ояд
Надида касе ранги лабханди модар
🥀Чунин нақш бар он лабон камтар ояд
Шифо ёфта модари ман, Худоё!
🥀Тавоне бидеҳ то дар он пайкар ояд
Кунад ҳар ки ӯро иёдат бигӯяд:
🥀Ки бӯи аҷал аз он бистар ояд!
✍️ Муҳсин Ҷаъфарӣ
🤲 Худоё, бар Фотима, падараш, ҳамсараш ва фарзандонаш дуруду салом бифирист ва аз баракатҳояшон дар дунё ва охират насибамон гардон!