🥀 Дар фироқи ҷонсӯзи сиддиқаи шаҳида сарвари бонувони олам ва аҳли биҳишт ва дурдонаи маҳбуби Расули Худо ҳазрати Муҳаммади Мустафо ва ҳамсари мавлоно Алии Муртазо ва модари арҷманди мавлоно имом Ҳасани Муҷтабо ва имом Ҳусейн шаҳиди дашти Карбало ҳазрати Фотимаи Заҳро (Салому дуруди Худо бар онон бод)

🥀 Баски дил бе моҳи рӯят дар дили шабҳо гирист
🥀 Осмони дидаам з-ин ғусса як дарё гирист
Боғбони ишқ, дар сугат на танҳо нола кард
🥀 Эй гули пар-пар, ба ҳолат булбули шайдо гирист
Бор Илоҳо, байни девору даре, он шаб чӣ шуд?
🥀 К-осмон бар ҳоли зори зуҳраи Заҳро гирист
Гашт хунолуда чашми ахтарони осмон
🥀 Баски Заҳро то саҳар бар ғурбати мавло гирист
Шуд кавири ташна сероб, эй фалак, аз бас Алӣ
🥀 Доғ бар дил, лолаосо, дар дили саҳро гирист
То набинанд ашки ӯро, то саҳар ҳар шаб Алӣ
🥀 Ё ҳадиси дил ба чаҳ гуфт аз ғарибӣ, ё гирист
Шери майдони шуҷоат буду як дунёи сабр
🥀 Ман надонам, эй фалак, бо ӯ чӣ кардӣ то гирист
Сухт ҳамчун шамъу аз ӯ ғайри хокистар намонд
🥀 Баски аз доғи ту Хуршеди Ҷаҳоноро гирист
✍️ Ҷаводи Ҷаҳонороӣ
🤲 Худоё, бар Фотима, падараш, ҳамсараш ва фарзандонаш дуруду салом бифирист ва аз баракатҳояшон дар дунё ва охират насибамон гардон!

🥀 Дар фироқи ҷонсӯзи сиддиқаи шаҳида сарвари бонувони олам ва аҳли биҳишт ва дурдонаи маҳбуби Расули Худо ҳазрати Муҳаммади Мустафо ва ҳамсари мавлоно Алии Муртазо ва модари арҷманди мавлоно имом Ҳасани Муҷтабо ва имом Ҳусейн шаҳиди дашти Карбало ҳазрати Фотимаи Заҳро (Салому дуруди Худо бар онон бод) - 964951874378

Комментарии

Комментариев нет.