🥀 Дер омадам ... дер омадам ... дар дошт месухт🥀 Ҳайъат миёни "вой модар" дошт месухтДевор дам медод, дар бар сина мезад🥀 Меҳроб менолид, минбар дошт месухтҶонкоҳ Қуръоне, ки зери дасту по буд🥀Ҷонкоҳтар оёти Кавсар, дошт месухтОташ қиёмат кард, ҳайъат Карбало шуд🥀Боғи Худо як бори дигар дошт месухтЁди Ҳусайн афтодам он шаб об мехост🥀Носир, ки об овард, сангар дошт месухтОмад садои тир, об аз дасташ афтод🥀Аббос захмӣ буд, Асғар дошт месухтСарбанди "Ё Заҳро"-и Муҳсин ғарқи хун буд🥀 Саҷҷод аз саҷда, ки сар бардошт, месухтБояд ба ёрони шаҳидам мерасидам🥀Хат зери оташ буд, маъбар дошт месухтБаргаштаму дидам миёни равза ғавғост🥀Дар ишқ сар то пойи Акбар дошт месухтДидам, ки захму ташнагӣ ин ҷо ҳақиранд🥀Гудол гул медоду ханҷар дошт месухтШаб буд ... баъд аз шом баргаштам ба хона🥀Дидам, ки баъд аз қарнҳо дар дошт месухт::Мо ишқро пушти дари ин хона дидем🥀 Заҳро дар оташ буд, Ҳайдар дошт месӯхт✍️ Ҳасани Биёбонӣ🤲 Худоё, бар Фотима, падараш, ҳамсараш ва фарзандонаш дуруду салом бифирист ва аз баракатҳояшон дар дунё ва охират насибамон гардон!
Суфраи меҳрубонӣ
🥀 Дар фироқи ҷонсӯзи сиддиқаи шаҳида сарвари бонувони олам ва аҳли биҳишт ва дурдонаи маҳбуби Расули Худо ҳазрати Муҳаммади Мустафо ва ҳамсари мавлоно Алии Муртазо ва модари арҷманди мавлоно имом Ҳасани Муҷтабо ва имом Ҳусейн шаҳиди дашти Карбало ҳазрати Фотимаи Заҳро (Салому дуруди Худо бар онон бод)
🥀 Дер омадам ... дер омадам ... дар дошт месухт
🥀 Ҳайъат миёни "вой модар" дошт месухт
Девор дам медод, дар бар сина мезад
🥀 Меҳроб менолид, минбар дошт месухт
Ҷонкоҳ Қуръоне, ки зери дасту по буд
🥀Ҷонкоҳтар оёти Кавсар, дошт месухт
Оташ қиёмат кард, ҳайъат Карбало шуд
🥀Боғи Худо як бори дигар дошт месухт
Ёди Ҳусайн афтодам он шаб об мехост
🥀Носир, ки об овард, сангар дошт месухт
Омад садои тир, об аз дасташ афтод
🥀Аббос захмӣ буд, Асғар дошт месухт
Сарбанди "Ё Заҳро"-и Муҳсин ғарқи хун буд
🥀 Саҷҷод аз саҷда, ки сар бардошт, месухт
Бояд ба ёрони шаҳидам мерасидам
🥀Хат зери оташ буд, маъбар дошт месухт
Баргаштаму дидам миёни равза ғавғост
🥀Дар ишқ сар то пойи Акбар дошт месухт
Дидам, ки захму ташнагӣ ин ҷо ҳақиранд
🥀Гудол гул медоду ханҷар дошт месухт
Шаб буд ... баъд аз шом баргаштам ба хона
🥀Дидам, ки баъд аз қарнҳо дар дошт месухт
::
Мо ишқро пушти дари ин хона дидем
🥀 Заҳро дар оташ буд, Ҳайдар дошт месӯхт
✍️ Ҳасани Биёбонӣ
🤲 Худоё, бар Фотима, падараш, ҳамсараш ва фарзандонаш дуруду салом бифирист ва аз баракатҳояшон дар дунё ва охират насибамон гардон!