ПАНДНОМА...📖

_______🌴📖🌴_______

Дил бар ин дунё мабанд, дунёи фонӣ бигзарад,
Навбати пирӣ, чу ояд, навҷавонӣ бигзарад!

Китфу бозуе ту дорӣ, эй ҷавони паҳлавон,
Китфу бозуят бимонад, паҳлавонӣ бигзарад.

Эй, ки дорӣ зӯру бозу, дар ҷаҳони номдор,
Зӯри ту ҳам охир ояд, паҳлавонӣ бигзарад.

Асптозиҳо, ки дорӣ, эй ҷавони шаҳсавор,
Асптозиҳо бимонад, шаҳсаворӣ бигзарад.

Боғу майдоне ту дорӣ, эй ҷавони боғбон,
Боғу майдонат бимонад, боғбонӣ бигзарад.

Гар равӣ шаҳри ғарибӣ, ҳарчӣ ояд бар сарат,
Ҳарчӣ ояд бар сари фарзанди одам, бигзарад!

Ин сарою мулку манзилро, аҷал вайрон кунад,
Меҳнати садсолаат, дар як тамошо бигзарад.

Ин аҷал ҳамчун пулесту ҷонҳо чун корвон,
Ногаҳон бинӣ з-он пул корвоне бигзарад.

Шамси Табрезӣ, чӣ донӣ ҳолати мастони хеш,
Кори ту ҳам охир ояд, кордонӣ бигзарад!

✍️(Шамси ТАБРЕЗӢ)
---
ПАНДНОМА...📖 - 5364897908064

Комментарии