_________❤🧡❤_________

❤Мадеҳ бар ман шумори мобилатро,🧡
❤Магӯ адресу кӯву манзилатро. 🧡
❤Фақат,дар дафтари сурхам бикун, сабт,🧡
❤Рақамҳои телефони дилатро. 🧡
---

_________❤🧡❤_________ - 960318173024

Комментарии

  • 14 окт 2024 07:09
    Бехтарин бехтарин бехтарин мисрахо танхо хамингуна дустоштаи асил вучуд дошда бошад .....?!
  • Комментарий удалён.
  • 14 окт 2024 07:19
    Фотография
  • 14 окт 2024 07:26
    То ғами талхе нахурдӣ, аз ғами ширин магў,
    То ғами фардо нахурдӣ, аз ғами дерин магў.
    Гар туро завқи тапиш дар сина гардидаст кўр,
    Аз сукути бихрадону тоқату тамкин магў.
    Гоҳ қадҳи ин бигўӣ, гоҳ мадҳи дигаре,
    Эй ки на онӣ, на ин, бисёр ону ин магў.
    Лўбиёясту қаду мастию ҳушёрии ту,
    Завқи мастӣ гар надорӣ, аз маи рангин магў.
    Хамбаи буғзасту кина дил даруни синаат,
    Бехабар з-одамгарӣ ҳарфе аз ин оин магў.
    Худ чу урёнӣ, ба чашми ақл бар худ дарнигар,
    Ҷомаҳои дигаронро ҷандаи чиркин магў...
  • 14 окт 2024 07:27
    Фотография
  • 14 окт 2024 07:30
    Плох наш мир в нём толко лож царица внём истины верност не вчести ,очен просто в девушку влюбится но очен трудно счастя обрести ,умаляю вас не торопитес в плен попаст прекрасных лжывых глаз, а в прежди убедитес что избраница достоин вас
  • 14 окт 2024 07:30
    Фотография
  • 14 окт 2024 07:38
    Баҳор мерасад¸аммо
    баҳорро чӣ кунам?
    Чу нест гулрухи
    ман¸олоазорро чӣ кунам?
    Ба ихтиёр тавонам¸ки роз
    накашоям¸
    Фиғону нолаи беихтиёрро
    чӣ кунам?
    Агарчи рӯйи ту хуршедвор
    ҷилванамост¸
    Сиёҳрӯйи шабҳои торро чӣ
    кунам?
    Қарори ошиқи бедил ба
    сабр бошаду бас¸
    Чу сабр нест¸дили
    беқарорро чӣ кунам?
    Ҳилолӣ¸ин ҳама ғамро
    тавон кашид¸вале¸
    Ғами ғарибию ҳиҷрони
    ёрро чӣ кунам?
  • 14 окт 2024 08:02
    Саломат бошен апаҷон , Албатта вуҷуд дорад. Гарчанде ангушт шумор бошад ҳам вуҷуд дорад.
  • 14 окт 2024 08:12
    Акси наку́ят доимо, дар пеши чашмам ҷилвагар.
    Дар шоми торам моҳрухо, бошӣ ба монанди Қамар.
    Ҷӯям наёбам ҳамчун ту ёри азизу муътабар.
    Ҳаргиз наояд дар назар шамъе, зи рӯят хубтар.
  • 14 окт 2024 08:20
    Чу бишнавӣ сухани аҳли дил, магӯ, ки хатост,
    Суханшинос наӣ, ҷони ман, хато ин ҷост,
    Сарам ба дуниву уқбӣ фурӯ намеояд,
    Таборакаллаҳ аз ин фитнаҳо, ки дар сари мост.
    Дар андаруни мани хастадил надонам кист,
    Ки ман хамӯшаму ӯ дар фиғону дар ғавғост?
    Дилам зи парда бурун шуд, куҷоӣ, эй мутриб?
    Бинол, ҳон, ки аз ин парда корҳо ба навост.
    Маро ба кори ҷаҳон ҳаргиз илтифот набуд.
    Рухи ту дар назари ман чунин хушаш орост.
    Нахуфтаам зи хаёле, ки мепазад дили ман,
    Хумори садшаба дорам, шаробхона куҷост?
    Чунин, ки савмаа олуда шуд зи хуни дилам,
    Гарам ба бода бишӯед, ҳақ ба дасти шумост.
    Аз он ба дайри мӯғонам азиз медоранд,
    Ки оташе, ки намирад, ҳамеша дар дили мост.
    Чӣ соз буд, ки дар парда мезад ин мутриб,
    Ки рафт умру ҳанӯзам димоғ пур зи ҳавост.
    Нидои ишқи ту дишаб дар андарун доданд,
    Фазои синаи Ҳофиз ҳанӯз пур зи садост.
  • 14 окт 2024 08:21
    Аҳсан беҳтарин шеърҳо.
  • 14 окт 2024 09:53
    Ман намегирам шумори мобилатро,
    Ҷустуҷӯ намекунам кӯҳу манзилатро.
    Баром кофист аз дури бигӯи,
    Бигу, дармон кунам дарди дилатро.
  • 14 окт 2024 09:59
    Он на ишқ аст, ки аз дил ба даҳон меояд,
    В-он на ошиқ, ки зи маъшуқа ба ҷон меояд.
    Гӯ, бирав, дар паси зонуи саломат биншин,
    Он ки аз дасти маломат ба фиғон меояд.
    Киштии ҳар кӣ дар ин вартаи хунхор афтод,
    Нашунидем, ки дигар ба карон меояд.
    Ё мусофир, ки дар ин бодия сарагардон шуд,
    Дигар аз вай хабару ному нишон меояд.
    Чашми рағбат, ки ба дидори касе кардӣ боз,
    Боз бар ҳам манеҳ, ар тиру синон меояд.
    Ошиқ он аст, ки бе хештан аз завқи самоъ,
    Пеши шамшери бало раrскунон меояд.
    Ҳошиалиллаҳ, ки ман аз тир бигардонам рӯй,
    Гар бидонам, ки аз он дастукамон меояд.
    Кушта бинанду мақотил нашиносанд, ки кист,
    К-ин хаданг аз назари халқ ниҳон меояд.
    Андарун бо ту чунон унс гирифаст маро,
    Ки малолам зи ҳама халқи ҷаҳон меояд.
    Шарти ишқ аст, ки аз дӯст шикоят накунанд,
    Лекин аз шавқ ҳикоят ба забон меояд.
    Саъдиё, ин ҳама фарёди ту бе дарде нест,
    Оташе ҳаст, ки дуд аз сари он меояд.
  • 14 окт 2024 11:02
    Ассалому алайкум ️ тавакали Тётятт ба Худованд ами Гитамох наметова соку саломат хаст ???
  • 14 окт 2024 11:12
    Асалому алейкум Бонуи азиз бонуи сухандону ширингуфтор ташакур мегуям ба хамаи харфхои шумо доимо саломат ва сарбуланду хуррам бошед .
    Хамон дустдоштахоеки хастанд ангушт шумор бошанд хам бисйор хубаст илохо сафи дустоштахои асил зийод бошанду духтаракои зебои мо хамавакт хушбахт бошанд !
  • Комментарий удалён.
  • 14 окт 2024 11:16
    Дунё бахудо,ки ҳама дам айшу сурур нест,
    Болоравию зӯриву фармону ҳузур нест.
    Нодидағамон беғаму хурсанди намоянд,
    Мотамзадагонро ҳаваси шодиву сур нест.
    Баҳси пулу мол дар ҳама маҳфил сухани рӯз,
    Дар маҳфили дунёталабон баҳси шуъур нест.
    Аз рӯи адолат нигари дар ҳама ҳолат,
    Озурдани қалби нафаре кори зарур нест.
    Вақте,ки ту медонӣ ба хок мешави яксон,
    Дунёӣ дурӯза бахудо ҷойи ғурур нест.
    Дар роҳи Худо чеҳраӣ нурони биёбӣ,
    Дар чеҳраи шайтонсифатон ламъаи нур нест.
    Бар сина занад мушт ҳама мард,ки мардем,
    Охир ҳама марданду ҳама марди ғаюр нест.
    Гардида фирори зи дили халқ муҳаббат,
    Ҷуз фитнаву иғвогариву фисқу фуҷур нест.
    Маҳкампурӣ шукронаи қисмат бинамоӣ,
    Монанди ту дар зиндагӣ инсони сабур нест.
  • 14 окт 2024 11:43
    Иллоҳо омин Раҳмат Апаҷони хушбинам ташаккури зиёд барои қадрдониятон. 🤗🤗
  • 14 окт 2024 11:45
    Хубай раҳмат ҳозир коройи хона навбати Гитаҷонай корора буд кунад меояд.
    Тётятт кира дар назар дорен нафаҳмидам.
  • 14 окт 2024 11:46
    Зитаву Гитамох Тетяа доран ку 🤔
  • 14 окт 2024 12:14
  • Комментарий удалён.
  • 14 окт 2024 19:16
    gif