____________🔅⚜️🔅____________

Ҳар марди шутурдор Увайси Қарани нест,
Ҳар шишаи гулранг ақиқи Ямани нест.
Ҳар сангу гиле гавҳари ноёб нагардад,
Ҳар Аҳмаду Маҳмуд Расули мадани нест.
Бар мурдадилон панд мадеҳ хеш маёзор,
Зеро ки Абуҷаҳл мусалмон шудани нест.
Хушнуд машав душман агар кард муҳаббат,
Хандидани чаллод зи ширинсухани нест.
Чое ки бародар ба бародар накунад раҳм,
Бегона барои ту бародар шудани нест.
Сад бор агар доя ба тифли ту диҳад шир,
Ғофил машав эй дуст ки модар шудани нест.

____________🔅⚜️🔅____________ - 5365474620512
🌹🌿

Комментарии

  • 1 окт 22:24
    Бомурдадилонбаҳсмакунхешмаёзор
    ЗерокиАбуҷаҳлмусалмоншуданинест
  • Комментарий удалён.
  • 2 окт 08:04
    Фитна шояд рузгоре аҳлиимон будабошад
    Войиниблис шояд рӯзеинсон буда бошад
    Фитна тарухушк намедонад худоё
    Вомусибат фитнашояд азрафиқон будабошад
    Зарае бар домани ислом наншинад ғуборе
    Номусалмоне агар ҳамноми салмонбуда бошад