*****Қобилаку Мақбулак*****

Ду зебогурбае дорам, азизон,
Ки ҳарду дилфиребу нозанинанд.
Вуҷудамро рабуда меҳри эшон,
Чу ёре бо дилу ҷонам қаринанд.
-----
Якеро Қобилак номаш ниҳодам,
Ба сурат зархату тиллоиранг аст.
Ҳалиму хушадову ҳам накӯфеъл,
Вале дар шакл монанди паланг аст.
-----
Дигар Мақбулаки донову айёр,
Басо хушсурату хубу алояк.
Ба чолокӣ бувад аз ҳарчӣ ҳушёр,
Аз ин рӯ гӯямаш шӯху балояк.
-----
Зи шавқи дидани ин ду ҳунарманд,
Ба ёдам саҳнаҳои сирк ояд.
Якеаш мепарад ин сӯву он сӯ,
Дигар бо лаҳҷаи худ месарояд.
-----
Гаҳе дар авҷи бозӣ масту сархуш,
Гаҳе бо ҳам ба хашму шӯру ҷанганд.
Яке аз дигаре кай паст ояд?!
Ки ҳарду ҳам мисолӣ нарпаланганд.
-----
Азизонам, кунед шояд тааҷҷуб,
Аз ин кору зи гуфторӣ Муродӣ.
Бале, ман ошиқи ин гурбаҳоям,
Ки як воситае бошад ба шодӣ.
-----
Ҳабиби Ҳақ муҳибби хоссаву ом,
Ба қавле дар ҳаримаш гурбае дошт
Навозиш баҳри ӯ мекарду икром.
Ки худ номи варо Муизза* бигзошт.
-----
Ба қавли дигаре, як ёри Акрам,
Ки ӯро буд номаш Абдураҳмон,
Зи баски гурбаҳоро дӯст медошт,
Расули Ҳақ Абуҳир* кардааш ном.
-----
Касе дар хонаи худ гурба дорад,
Бирезад файзи Ҳақ дар ошёнаш.
Раҳо ёбад зи ранҷу ғуссаву ғам,
Ҳамеша шод бошад хонадонаш.
(Муродии Хатлонӣ) 05.2024
-----
Қобил* - ҳалиму ботамкин, хушфеъл...
Мақбул* - писандида, пазируфта...
Муизза*- шакли муаннаси муизз яъне шоёни иззат, гиромидоранда.
Абуҳир*- Абуҳурайра,(рз) номи яке аз асҳоби ҷалилулқадри Расули Акрам (с.а.в) аст, ки асли номаш Абдурраҳмон буд, азбаски гурбаҳоро дуст медошт, паёмбар (с.а.в) ӯро Абуҳурайра яъне падари гурбаҳо мегуфт. Гурба дар забони арабӣ ҳир аст.
-----

Комментарии

  • 6 мая 07:56
    *****Қобилаку Мақбулак*****
    Ду зебогурбае дорам, азизон,
    Ки ҳарду дилфиребу нозанинанд.
    Вуҷудамро рабуда меҳри эшон,
    Чу ёре бо дилу ҷонам қаринанд.
    -----
    Якеро Қобилак номаш ниҳодам,
    Ба сурат зархату тиллоиранг аст.
    Ҳалиму хушадову ҳам накӯфеъл,
    Вале дар шакл монанди паланг аст.
    -----
    Дигар Мақбулаки донову айёр,
    Басо хушсурату хубу алояк.
    Ба чолокӣ бувад аз ҳарчӣ ҳушёр,
    Аз ин рӯ гӯямаш шӯху балояк.
    -----
    Зи шавқи дидани ин ду ҳунарманд,
    Ба ёдам саҳнаҳои сирк ояд.
    Якеаш мепарад ин сӯву он сӯ,
    Дигар бо лаҳҷаи худ месарояд.
    -----
    Гаҳе дар авҷи бозӣ масту сархуш,
    Гаҳе бо ҳам ба хашму шӯру ҷанганд.
    Яке аз дигаре кай паст ояд?!
    Ки ҳарду ҳам мисолӣ нарпаланганд.
    -----
    Азизонам, кунед шояд тааҷҷуб,
    Аз ин кору зи гуфторӣ Муродӣ.
    Бале, ман ошиқи ин гурбаҳоям,
    Ки як воситае бошад ба шодӣ.
    -----
    Ҳабиби Ҳақ муҳибби хоссаву ом,
    Ба қавле дар ҳаримаш гурбае дошт
    Навозиш баҳри ӯ мекарду икром.
    Ки худ номи варо Муизза* бигзошт.
    -----
    Ба қавли дигаре, як ёри Акрам,
    Ки ӯро буд номаш Абдураҳмон,
    Зи баски гурбаҳоро дӯст медошт,
    Расули Ҳақ Абуҳир* кардааш ном.
    -----
    Касе дар хонаи худ гурба дорад,
    Бирезад файзи Ҳақ дар ошёнаш.
    Раҳо ёбад зи ранҷу ғуссаву ғам,
    Ҳамеша шод бошад хонадонаш.
    (Муродии Хатлонӣ) 05.2024
    -----
    Қобил* - ҳалиму ботамкин, хушфеъл...
    Мақбул* - писандида, пазируфта...
    Муизза*- шакли муаннаси муизз яъне шоёни иззат, гиромидоранда.
    Абуҳир*- Абуҳурайра,(рз) номи яке аз асҳоби ҷалилулқадри Расули Акрам (с.а.в) аст, ки асли номаш Абдурраҳмон буд, азбаски гурбаҳоро дуст медошт, паёмбар (с.а.в) ӯро Абуҳурайра яъне падари гурбаҳо мегуфт. Гурба дар забони арабӣ ҳир аст.
    -----
  • 7 мая 01:36
    Ман ҳам гурбае дорам дусташ медорам ҳозир ки дар Ғариби астам ёдаш мекунам
    Фотография
  • 7 мая 03:04
    Офарин. Дар мо ҳам Муизза ном гурбачае буд соли гузашта вақти сафар ба хешамон дода будем.
  • 7 мая 08:10
    Гурба чонвари дуструй ва хеле халим аст ва ба одам зуд унс мегираду бо халимиву самимияташ дили касро шефтаи худ мегардонад.
    Хуб васф кардаи гурбахоятро Муродали.
  • 7 мая 09:48
    Хамин гурбаи манхам сазовори байтхо кучои узвхо дард кунад у дар хамончо.медбрат..
  • 7 мая 14:09
    Гурбачаатон низ шуморо ёд мекунад, бовар кунед.
    Ман агар ду руз набинам гурбачаҳоямро ёд карда дилам танг мешавад.
    Бисёр дусти хубест гурба.
  • 7 мая 14:22
    Саломат бошед устод!
    Гурбаатон номи хубе доштааст.
    Ҳабиби Худо с.а.в номи гурбаашро аз ин хотир Муиза номгузорӣ карда аст, ки гурба махлуқи хубест ва шоёни иззат.
    Агарчи Расули Акрам (с.а.в) ба ҳама махлуқони Худо бо чашми меҳр медид, хосатан нисбати гурба ривоятҳои зиёде дар нек будани он омада аст аз он Ҳазрат ва ёронаш.
  • 7 мая 14:26
    Ташаккур аз назари некатон!
    Бале, дуруст қайд кардед, гурба ҳалиму дилҷӯст ва одамро зуд шефтаи худ мегардонад.
  • 7 мая 14:30
    Мегуянд, ки будани гурба ба саломатӣ низ хубӣ меоварад. Аз ҷиҳати тиббӣ.
    Гурбаи шумо низ албатта шоистаи ин мисраҳост.
    Саломат бошед!