Достони " Тасаввур кардани ҳал" Дар яке аз рӯзҳои хунук ва туман ду писарбачае дар болои ҳавзи обаш яхкарда яхмолакбозӣ мекарданд.

Ғавсии ях дар ҳама ҷо якхел набуд, аммо кӯдакон ба ин аҳамият намедоданд. Нохост дар як ҷой ях мешиканад ва яке аз писарбачаҳо ба даруни об меғӯтад ва ба зери ях фурӯ меравад. Дигараш саросема нашуда, зуд як сангеро гирифту бо тамоми қувват ба рӯи ях задан гирифт ва яхро шикаста дӯсташро баровард. Вақте, ки наҷотдиҳтдагон омаданд ва диданд, ки чӣ ҳодиса шудааст, онҳо аз писарбачаи наҷотдиҳанда пурсиданд: – Ту инро чӣ хел кардӣ? Охир ях дар ин ҷо хеле ғафс аст, бо ин санг ва ин дастани хурдакак шикастан имконпазир буд... – Дар ҳамин вақт мӯйсафеде ба назди онҳо меояд ва хандида мегӯяд: – Ман медонам, ки ӯ чӣ хел кард. – Чӣ хел?- пурсиданд онҳо. – Дар пахлӯи ӯ касе набуд, ки ба ӯ гӯяд, ки ин имконнопазир аст. Эйнштейн мегӯяд ки: АГАР ТАСаВВУРКАРДА ТАВОНӢ, КАРДА ҲАМ МЕТАВОНӢ.

Комментарии

Комментариев нет.