Эй Худои меҳрубон, бахшо гуноҳони маро,

Вақти ҷон додан бигир осон Худо ҷони маро.
Ман, ки меҳмони туам, фардо даруни хоки тар,
Хушпазироӣ намо дасти гиребони маро.
Дар ҷавонӣ шарбати талхи ятимӣ хурдаам,
З- ин сабаб шав бохабар ҳоли парешони маро.
Сахт месӯзад дилам, бисëр месӯзад дилам,
Пур кун аз нури имон ин қалби сӯзони маро.
Дар миëни чор дарë тахтабанд истодаам,
Худ нигаҳдор, тар макун, зинҳор домони маро.
Сарф шуд умри азизам дар даву този замон,
Бас накардам бандагӣ, бахш ҷурму исëни маро.
Нестам аз раҳматад ман ноумед гӯяд, Анис,
Менишинам дар дарат то бар дарат хони маро.
Аниси Ëқубиëн.

Комментарии

  • 30 мар 2020 23:53
    Калби ман мегиряду аммо панох медорад у Чехраи аслии хешро       бегуох медорад у Гарчи дорад хам гуоху хам хатохои зиёд Пеши дусту душмани хеш чун панох ме/д у Дар чавони мисли кудак ман хатохо к/м Калби Модарчони хешро борхо ран/аам Лек калби Модарам як бор наранчид аз писар Баътар фахмидаам хашми Худо овар/аам Лазати ишкро надидам гар чунон ошик шудам Хурмати ошик нади/м гар чунон машук шу/м Бахри у хар чи набуд кардам барои мехри у Лек мехри у надидам гар чунон содик шудам Гар хумори хар ду чашмонаш гирад бехуд мегардам зи худ      Гар хумори харфу гуфтораш гирад бехуд мегардам зи худ         У чунон чой кардааст ишкаш андар хуни ман Гар хумори хар нигохаш мегирад бехуд мег/дам зи худ Ба даргохи Худо менолам имшаб         Зи ёри бевафо   меолам имшаб       Чаро ишку мухабат дод бар ман           Чаро мехру садокат дод бар ман       Накард ошик калаи нозукашро          Накард содик калаи нозукашро      Бисухтам ман факат аз дасти ишкаш Бигуфтам ман факат аз дасти ишкаш   Худоё рахм кун бар холи зорам           Худоё рахм кун бар холи зорам