Дарди моро бахш дармон, эй Худо!

Кори моро соз осон, эй Худо!
Боғи умри халқро сарсабз дор,
Нахли умри мо масӯзон, эй Худо!
Дар азои ёру пайванди азиз,
Дидаи моро магирён, эй Худо!
Дор шамъи базми моро то абад
Рӯзу шаб доим фурӯзон, эй Худо!
Хотири ҷамъи ҳама халқи ҷаҳон,
Ту макун зору парешон, эй Худо!
Дар кафи мо нест чизе ҷуз дуо,
Дасти мо холӣ магардон, эй Худо!
Мулки моро дор эмин аз бало,
Хони моро дор пурнон, эй Худо!....?

Комментарии