Боз шаб то субҳдам бедор месӯзад дилам,

Боз аз ғамҳои он ғамхор месӯзад дилам.
Бахти ноҳамвори ман кай ҳамвор гардад дигар.
Баъд аз ин ҳамвора ноҳамвор месӯзад дилам.
Дар назар орам,беморе ба мурдан рӯбарӯст,
Мисли шамъи бистари бемор месӯзад дилам.
Чун бубинам ғунчае аз кокули ёре фитод,
Бо ҳазор афсӯси нотакрор месӯзад дилам.
Чун бубинам ахтаре афтод аз сақфи баланд,
Чун паи ӯ дар шабони тор месӯзад дилам.
Чун биандешам,ки ҳоло бе ҷавони мондаам
Сахт месӯзад дилам, бисьёр месӯзад дилам.
ЛОИҚ ШЕРАЛӢ .

Комментарии

Комментариев нет.