Ҷоно, агарчи ёри дигар мекунӣ, макун,Асбоби ишқ зеру забар мекунӣ, макун.Гӯйӣ, дигар кунам, магарам кор беҳ шавад,Ҳаққо, ки кори хеш батар мекунӣ, макун.Манмой рӯйи хеш ба ҳар носазо, аз он-кХудро ба гирди шаҳр самар мекунӣ, макун.Бар гул зи мушки ноб рақам мекашӣ, макаш,Ҳар мушкро ниқоби қамар мекунӣ, макун.Эй симтан, зи ишқи лаби чун ақиқи худРухсораи маро ту чу зар мекунӣ, макун.Аз ошиқони хеш назар баргирифтаӣ,Дар ҳар хасистабъ назар мекунӣ, макун!
♥ ТАРОНАХОИ ♥ ИШК ♥
:ЗЕБОНИСО (Махфи) МУРОДАЛИЕВА (АБДУЛЛОЕВА)
Ғазали Ҳаким Саноии Ғазнавӣ
Ҷоно, агарчи ёри дигар мекунӣ, макун,
Асбоби ишқ зеру забар мекунӣ, макун.
Гӯйӣ, дигар кунам, магарам кор беҳ шавад,
Ҳаққо, ки кори хеш батар мекунӣ, макун.
Манмой рӯйи хеш ба ҳар носазо, аз он-к
Худро ба гирди шаҳр самар мекунӣ, макун.
Бар гул зи мушки ноб рақам мекашӣ, макаш,
Ҳар мушкро ниқоби қамар мекунӣ, макун.
Эй симтан, зи ишқи лаби чун ақиқи худ
Рухсораи маро ту чу зар мекунӣ, макун.
Аз ошиқони хеш назар баргирифтаӣ,
Дар ҳар хасистабъ назар мекунӣ, макун!