Паёмбар (с): Бартарии ҷавони ибодатпеша, ки дар наврасӣ ба ибодат рўй овардааст, бар пироне, ки дар бузургӣ ба ибодат рўй овардаанд, монанди бартарии паёмбарон бар дигар мардум аст.

Паёмбар (с): Худованди азза ва ҷалла мефармояд: «Ҷавони мўътақид ба қазо ва қадари ман, хушнуд аз китоби ман, қаноаткунанда ба рўзии ман ва раҳокунандаи хостаҳои нафс ба хотири ман, монанди яке аз фариштагони ман аст».
Паёмбар (с): Худованди Бузург ҷавонеро, ки ҷавонияшро дар роҳи бандагии Худо сипарӣ кунад, дўст медорад.
Имом Боқир (а): Иброҳим (а) мўи сафеде дар риши худ дид. Фармуд: «Сипос Худовандеро, ки Парвардигори ҷаҳониён аст. Он ки маро ба ин син расонид ва як лаҳза нофармонияшро накардам».
https://www.khonavoda.com/?p=2594

Комментарии

Комментариев нет.