Саҳар бархезу тоат кун, ки тоат беҳ зи ҳар кор аст,

Саодат он касе дорад, ки пеш аз субҳ бедор аст.
Дилам гўяд, ки бархезам, ҳаво гўяд, ки дам дигар,
Ҳаворо зери по орам, ки он чо амри Чаббор аст.
Чу мурғон ҳар саҳар гўянд: "Қум ё айюҳалғофил",
Ки ту дар хобию надони, касе донад, ки бедор аст.
Аз ин беҳтар, ки бархези, зи дида хуни дил рези,
Зи дасти чаҳл бигрези, ки шайтон сахт маккор аст.
Аё эй Шамси Табрези, гаҳе шаҳду шакар рези,
Агар сад сол бигрези, ки охир марг даркор аст.

Комментарии

  • 31 окт 2014 14:59
    Худо илмтона зиед  гардонад устод !!!