Панднома

УМРИ ХУД ЗОЕЪ МАКУН
Эй чавон, гофил машав дар арсаи дахри дудар,
Умри худ зоеъ макун дар чахлу нодони дигар.
Фасли навргзи чавониро ганимат дон, ки он,
Меравад зуд аз сари ту, дер меёби хабар.
Корвони умр чун дар кишвари пири расад,
Дигар аз нахли муроди худ намеёби самар.
Дар рахи умри чавоният кадам дониста мон,
Баски дорад зиндаги пасту баландиву хатар.
Зиндаги омузгор аст аз барои одами,
Мекашад моро ба суи мактаби худ хар сахар.
Аз китоби худшиносиву худогоео басе,
Медихад хар лахзаам дарси волои дигар.
То набошам гофилу побастаи хоби гарон,
Мушти огохию маъни мезанад моро ба сар.
То гахе андар сарояш одами одам шавад,
Мешавад омузгори пири мо хуни чигар.
Даргахи маърифату маънист дори зиндаги,
Эй чавон, биштоб суи даргахи у хар сахар.
Некрою некному хайрхохи халк бош,
Чун ниёгон дар ду олам обру хохи агар.
Умри худ гар сарфи кори чахлу нодони куни
Пеши мардум дон, ки хасти дар шумори гову хар.
Эй чавон, панди Баёниро нагири, окибат.
Мезани он лахза худ санги надоматро ба сар.

Комментарии

Комментариев нет.