Маёзор касро, ки озодмард

Сар андар наёрад ба озори мард.
Абулқосим Фирдавсӣ
Бипарҳез аз ҳар чӣ нокарданист,
Наёзор онро, ки н-озурданист.
Абулқосим Фирдавсӣ
Гар бихоҳӣ, ки к-ат наёзорад касе,
Бар сариганҷи камозорӣ нишин!
Носири Хисрав
Макун коре, ки на кори ту бошад,
К-аз он бар ҳар дил озори ту бошад.
Носири Хисрав.
Фузун хоҳи бақо, дилҳо маёзор!
Ки доим дерзӣ бошад камозор
Носири Хисрав.
Имрӯз озори кас маҷӯй, ки фардо
Ҳам зи ту, бешак, ба ҷони ту расад озор.
Носири Хисрав.

Комментарии

Комментариев нет.