Мулоқоти ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии ду кишвар дар шаҳри Бодканд баргузор гардид.Мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев дар шаҳри Бодканди Қирғизистон баргузор гардид.Бино ба иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, зимни мулоқот роҳбарони ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба мувофиқа расида, тавсифи қитъаҳои боқимондаи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро пурра ба анҷом расониданд.Ҳамзамон ба гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии ду кишвар оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон супориш дода шуд, ки ба раванди таҳияи ҳуҷҷатҳои ниҳоии делимитатсия шуруъ намоянд.Бар асоси гузориши Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, “мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид”. https://tajikpress.com/2024/12/05/хатти-марзи-тоҷикистону-қирғизистон/
Мавлоно-Чалолиддини Румми (ШЕЪРХОИ ИСЛОМИ)
:Сумая Сайидова
Хатти марзи Тоҷикистону Қирғизистон маълум шуд
Мулоқоти ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии ду кишвар дар шаҳри Бодканд баргузор гардид.
Мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев дар шаҳри Бодканди Қирғизистон баргузор гардид.
Бино ба иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, зимни мулоқот роҳбарони ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба мувофиқа расида, тавсифи қитъаҳои боқимондаи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро пурра ба анҷом расониданд.
Ҳамзамон ба гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии ду кишвар оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон супориш дода шуд, ки ба раванди таҳияи ҳуҷҷатҳои ниҳоии делимитатсия шуруъ намоянд.
Бар асоси гузориши Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, “мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид”. https://tajikpress.com/2024/12/05/хатти-марзи-тоҷикистону-қирғизистон/