╭─┅─═ঊঈ Ишқи Беназир ঊঈ═─┅─╮ .

Ишқи зебои туро байтулхазон,
Мебарам дар риштаи ҷонам ниҳон.
Нақши он абрӯву миҷгони туро,
Мекунам тасвир дар байти равон .
.
Бебаҳорам ҳар гаҳе ман бе туам,
Беқарорам ҳар гаҳе ман бе туам.
Хаста аз дарду зи дуриву фироқ,
Беканорам ҳар гаҳе ман бе туам.
.
Ту куҷо рафтӣ зи ман эй Беназир,
Гаштаам бар дарду доғи ту асир.
Мемирам бо ёди ту рӯзе зи ғам,
Монда шеърам ёдгори беназир.
.
Кароматулло Зиндагӣ якранг нест

Комментарии

Комментариев нет.