Савол:

Назди мо давра (конфронс)-и омӯзишии муҳим ҳар рӯзи ҷумъа баргузор мешавад, ва вақти он ба вақти намози ҷумъа баробар аст.
Ин давраи омӯзишӣ бисёр муфид (фоидабахш) аст. Аммо ҳузур дар он иҷборӣ (ҳатмӣ) нест ва се сол тул мекашад (давом меёбад). Оё барои ман ин рухсат вуҷуд дорад, ки намози ҷумъаро тарк кунам?
Ҷавоб:
Ҳузур доштан дар намози ҷумъа воҷиб аст.
Чуноне, ки Аллоҳ Таъоло мефармояд: { ﻳَﺎ ﺃَﻳُّﻬَﺎ ﺍﻟَّﺬِﻳﻦَ ﺁﻣَﻨُﻮﺍ ﺇِﺫَﺍ ﻧُﻮﺩِﻱَ ﻟِﻠﺼَّﻠَﺎﺓِ ﻣِﻦ ﻳَﻮْﻡِ ﺍﻟْﺠُﻤُﻌَﺔِ ﻓَﺎﺳْﻌَﻮْﺍ ﺇِﻟَﻰٰ ﺫِﻛْﺮِ ﺍﻟﻠَّﻪ }
Яъне [Эй мӯъминон, чун дар рӯзи ҷумъа азон барои намоз дода шавад, пас, ба сӯи ёд кардани Аллоҳ саъй кунед] (сураи Ҷумъа 9)
Бинобар ин барои марди мусалмоне, ки болиғ ва муқим аст, ҷоиз нест, ки ҳузур дар намози ҷумъаро ҳатто бо узрҳои болотар аз ин узр, тарк намояд, чи расад ба чунин узре?
Ин бародари гиромиро даъват ба тақвои Илоҳи мекунам, ва аз ӯ мехоҳам бар хондани намози ҷумъа ҳарис (талабкор) бошад ва бидонад, ки ҳар кас чизеро ба хотири Аллоҳ тарк намояд, Аллоҳ чизи беҳтар аз онро ба ӯ хоҳад дод.
______________
Шайх Дуктур Абдулазиз Раис ҳафизаҳуллоҳ.
Баргардон: https://m.ok.ru/dk?st.cmd=altGroupMain&st.groupId=52205335871679&_prevCmd=userOwnAltGroups&tkn=727&_aid=groupOwn

Комментарии

Комментариев нет.